ТАВАҶҶУҲ БА СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

30-юми  январи  соли  ҷорӣ таҳти  раёсати  вазири  маориф ва  илм  Раҳим  Саидзода  ҷаласаи ҳайати  мушовараи  Вазорати  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор  гардид,  ки дар  он  муовини  якум  ва  муовинони вазири маориф ва илм, сардорони  раёсат,  шуъба,  бахши дастгоҳи  марказӣ  ва  роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.

Нахуст,  гузориши Раҳмон Дилшод Сафарбек – ректори  Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб  ба  номи  Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ “Оид ба ҳисоботи ректори  Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб  ба  номи  Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ”  ва  гузоришҳои Н.Зайниддинзода  –  директо-ри  Маркази  таҳия,  нашр  ва муомилоти  китобҳои  дарсӣ, илмию  методӣ  “Дар  бораи “Рӯзнома” барои хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти  умумии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон”, “Дар  бораи  китоби  дарсии “Химияи  биологӣ”  барои муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  касбӣ”,  “Дар  бораи  китоби  дарсии  “Масолеҳшиносӣ” барои  муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ”, “Дар бораи китоби  дарсии  “Ҳуқуқи  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.

Зимни  баррасии  масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба баланд бардоштани сифати  таҳсилот  дар  ҳамаи  зинаҳо ҷалб  намуда,  ба  масъулин ҷиҳати  иҷрои  саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати  маориф  ва  илм, қарорҳои  ҳайати  мушовара  ва  ҷаласаҳои  назоратӣ дар  самти  татбиқи  нақшаю барномаҳои  таълимӣ,  таъмини  муассисаҳо  бо  кадрҳои ихтисосманду  китобҳои дарсӣ,  назорати  ҳозиршавии мутахассисони  ҷавон  ба ҷойи  кор  ва  таъмини  онҳо бо  имтиёзҳои  пешбинишуда,  омода  намудани  хонандагон  барои  дохил  шудан  ба муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбии  дохил  ва  хориҷи  кишвар,  назорати  иҷрои  нақшаи қабул дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар  идома  масъалаҳои иловагӣ:  “Дар  бораи  Низомномаи  факултети муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии  Тоҷикистон”, “Дар бораи Низомномаи кафедраи муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи  Тартиби  гузаронидани  машғулиятҳои  аудитории  лексионӣ-назариявӣ  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот», “Дар бораи Тартиби  додани  рухсатии  академӣ ба  донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  касбии Ҷумҳурии  Тоҷикистон”,  ки  аз ҷониби  муовини  вазири  маориф ва илм Л.Абдулхолиқзода ироа  гардиданд,  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо  назардошти  ироаи  таклифу  пешниҳодҳои  аҳли  толор  вобаста  ба  масъалаҳои баррасишуда  қарорҳои  дахлдор қабул гардид.

Дар  охир,  раиси  ҷаласа, вазири  маориф  ва  илм Р.Саидзода  дар  доираи  дастуру  супоришҳои  додашуда  дар  ҷаласаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 январ  таҳти  раёсати  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ —  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  Ҳукумати  мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон баргузор  шуд,  ба  масъулин доир  ба  тарбияи  идеологии ҷавонон, бознигарии  тартиби  таҳсилоти  фосилавӣ, дар сатҳи зарурӣ  гузаронидани  давраи  зимистони солҳои 2022-2023, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома,  консепсия, қарорҳои  ҳайати  мушовара ва фармоишҳои  вазири маориф  ва  илм,  таваҷҷуҳ намудан  ба  омӯзиши  забони  давлатӣ  ва  забонҳои русию англисӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи  эълон  шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва  пайгирии рафти шаффоф баргузор шудани аттестатсияи ғайринавбатии директорони  муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  умумӣ ва  чанде  дигар  дастуру супоришҳои мушаххас дод.