ШАРИФТАРИН ПЕША

Омӯзгорӣ  касби душвор,  вале ифтихориву  пуршараф  аст.  Баъзан  дар ҷомеа  на  ҳама  қадри омӯзгорро  медонанд, вале  фақат  ӯст,  ки  новобаста  ба  ҳама  фикру ақидаи  атрофиён,  аз кучактарин  дастоварди шогирдаш,  аз  самараи меҳнати  худ  лаззат  мебараду  хастагии  худро фаромӯш  месозад.  Ин аст,  ки  ӯ  ҳам  равоншинос  ҳасту  ҳам  табиб, ҳам  модару  ҳам  дӯст, ҳам  падару  ҳам  хоҳар. Ӯ ҳамеша дар фикри ин аст,  ки  ояндаи  фарзандон,  ҷомеа  ва  давлат аз  талошу  ҷаҳди  худи омӯзгор вобаста аст.
Кист  дар  дунё,  ки муаллим,  устод  надоштааст?  Дар  ҳаққи устоду муаллим аз аҳди қадим  файласуфон  аз Конфутсию  Афлотуну Суқрот  сар карда,  то Рӯдакии бузургвор, Носири Хусрав, аз Саъдии оқил  то  имрӯз  суханҳо, андешаҳо,  фикрҳо  зиёд гуфта шудаанд, ки ҳама саросар  бузургии  устодро  васф  ва  тағриб  менамудаанд.
Дар Паёми  хеш  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба Маҷлиси  Олии  мамлакат  (23  декабри  соли 2022) оид ба қадру манзалати  барҷастаи  ин қишри  ҷомеа  бо  меҳру муҳаббат  ҳарф  заданд, ки барои мо – омӯзгорон мояи  ифтихори  бузург аст.
Президенти  кишвар супориш доданд, ки  20 дар  сад  музди  меҳнати кормандони  соҳаи  маориф  баланд бардошта шавад.  Ин  нукта  ба беҳтар гардидани зиндагии онҳо равона шудааст, зеро беҳбудии ҳаёти омӯзгор  беҳбудии  ояндаи миллат аст.
Аз ин лиҳоз, омӯзгорӣ ҳавою ҳавас  нест,  балки  ин  касб  фидокорӣ, худсӯзӣ,  ҷустуҷӯю шабҳои  бехобиро  дар бар мегирад.
Шодигул ҒОИБНАЗАРОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии №22-и ноҳияи Шуғнон