ОМӮЗИШИ МАТЕМАТИКА НАТИҶАБАХШ МЕШАВАД, АГАР…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам хубтар омӯхтани фанҳои дақиқ, аз ҷумла, математика солҳои 2020 – 2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карданд.
Ба  ҳамин  хотир  мо-омӯзгоронро  мебояд,  ки аз  тамоми  имкониятҳои  илми математика  истифода  бурда,   савияи  дониши  риёзии   хонандагонро  баланд  бардорем. Махсусан,  омӯзгорони  синфҳои ибтидоӣ  вазифадоранд,  ки  математикаро ҳар қадар тавонанд, возеҳу  шавқовар  ба  хонандагон биомӯзанд.
Таълими  фанни  математика дар  синфҳои  ибтидоӣ  дар  ҳаёти ҳаррӯза  нақши  муҳим  дошта, ба  ташаккули  насли  наврас  ва омӯзиши  дигар  фанҳо  мусоидат мекунад.  Таълими  математика дар  зинаи  таҳсилоти  ибтидоӣ ба хонандагон дар ташаккул додани  малакаҳои  маърифатӣ  ва олии  тафаккури  онҳо,  ки  маърифат  ва  сифатҳои  воқеии  шахсиятро  нишон  медиҳанд,  кумак мекунад.
Таълими  фанни  математика  дар  зинаи  аввали  таҳсилот хусусиятҳои  худро  дорад.  Ин ҷо  мисолу  масъалаҳое  ҳал  мекунад,  ки  пайдарпайи  раванди таълим  ва  пешрафти  онро  таъмин  мекунад.  Яке  аз  намудҳои фаъолияти  омӯзиши  таълим ҳалли  масъалаҳост,  ки  дар  раванди  он  хонандагон  соҳиби донишҳои  математикӣ  мегарданд.  Масъалаҳо  донишҳоро  ба тартиб  меоранд,  ба  эҷодкорона фикр  рондан  мутобиқат  мекунанд, ақлро инкишоф медиҳанд. Мувофиқи тадқиқоти психологӣ сабаби  асосии  такмил  наёфтани маҳорат  ва  малака  дар  ҳалли масъалаҳои  матнӣ  дар  он  аст, ки  хонандагон  дониши  асосиро дар бораи мафҳуми масъала надоранд ва масъаларо кӯр-кӯрона ҳал мекунанд.
Намуна:  Ба  мағозаи китобфурӯшӣ  як  миқдор  китоби дарсӣ оварданд. Вақте ки 273 китобро  фурӯхтанд,  567  китоб монд.  Ба  мағоза  чандто  китоб овардаанд?
Барои ҳалли масъала мо бояд аввал чӣ кор кунем?

  1. Матни масъаларо бодиққат мехонем.
  2. Агар дар  матн  калимаҳои душворфаҳм  бошанд,  маънои онҳоро шарҳ медиҳем.
  3. Ададҳои маълумро  муайян мекунем.
  4. Номаълумро муайян  мекунем.
  5. Талаботи саволи масъаларо мехонем.
  6. Шарти мухтасар  тартиб медиҳем.
  1. Ҳалли масъаларо меёбем.
  2. Ба саволи масъала ҷавоб менависем.

Шарти мухтасари масъала:

Оварданд- ? китоб

Фурӯхтанд- 273 китоб

Монд- 567 китоб

Ҳал:

Роҳи якум:

273 + 567= 840

Роҳи дуюм:

Х- 273= 567

Х= 567+273

Х= 840

Санҷиш:

840- 273= 567

567= 567

Ҷавоб:  Ба  мағоза  840- то  китоби дарсӣ оварданд.

Омӯзгорро  зарур  аст, худ доир ба сохти масъалаҳо, типҳо, шаклҳои он маълумот дошта бошад ва донишҳои худро дастраси шогирдони худ гардонад. Дар масъалаи матнӣ тасвири ягон ҳолат бо забони  математикӣ оварда шуда, дар он талаб карда  мешавад,  ки  компонентҳо миқдоран тавсиф карда шаванд, муносибатҳои байни  онҳо  муайян  карда  шаванд,  пайдарпаии  ҳалли  амалҳо  нигоҳ  дошта шавад.  Ин  талабот  ҷиҳатҳои тарбиявӣ низ дорад. Зеро ҳалли масъалаҳо  водор  мекунад,  ки хонанда  ба  нақша  гирифтани фаъолияти  худро  омӯзад,  маълумоти  омӯзиширо  бодиққат қабул  кунад,  ҳар  як  қадами  худро  мақсаднок  гузорад.  Ҳалли масъалаҳои  матнӣ  сифати  таълимро  баланд  мебардорад.  Барои  омӯхтани  ҳалли  масъалаҳо, пеш  аз  ҳама,  бояд  донист,  ки масъала чӣ хел тартиб дода шудааст.

Оламбӣ ҲАЛИМШОЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
МТМУ №8- и ноҳияи Данғара