ДАСТОВАРДҲОИ КОЛЛЕҶ НАЗАРРАСАНД

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳ ба соҳаи таҳсилоти касбӣ афзун гардидааст. Ҳадафи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ низ ривоҷ додани касбҳои коргарист.
Зимни суҳбат бо директори муассисаи  давлатии  таълимиии  коллеҷи  муҳандисию омӯзгории  шаҳри  Душанбе,  номзади  илми  техникӣ Наҷибулло  Рабизода  маълум гардид, ки имрӯз дар коллеҷ 168 нафар омӯзгору корманд фаъолият  менамоянд,  ки  бештар  аз панҷоҳ фисадашон ҷавонони то синни  35–ро  ташкил  медиҳад. Аз байни эшон ҳафт нафар бону дар  вазифаҳои  роҳбарикунанда кор  мекунанд.  Омӯзгорони асосӣ 64 нафар буда, дар байни онҳо ду нафар соҳиби унвонҳои номзади илм ва дотсентонанд.
Яке  аз  шаклҳои  асосии  баланд  бардоштани  донишҳои тахассусӣ,  бозомӯзии  касбӣ  ва аз  курси  такмили  ихтисос  гузаштани  омӯзгорону  кормандони  муассисаҳои  таълимӣ ба  шумор  меравад.  Аз  ин  рӯ, нақшаи  дурнамои  такмили  ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандону  омӯзгорони  коллеҷ таҳия  гардидааст,  ки  дар  давоми  солҳои  2021  –  2025  онҳо  аз курси  такмили  ихтисос  ба  таври  пурра  мегузаранд.  Аллакай тибқи  ин  нақша,  соли  гузашта 15  нафар  омӯзгор  аз  ин  курсҳо бомуваффақият гузаштанд.
Имрӯз  дар  коллеҷ  аз  рӯйи 15  ихтисос  (тариқи  шуъбаҳои рӯзона  ва  ғоибона)  мутахассис тайёр карда мешавад. Барои бо донишҳои замонавӣ таъмин гардондани шогирдон чилу як синфхона,  чор  устохонаи  таълимӣ, як  китобхонаи  электронӣ  ва як  синфхонаи  компютерӣ,  ду маркази  тестиву  як  маркази ҳунарҳои  миллӣ  ва  муосир  ва як  синфхонаи  лингофонӣ  ба ихтиёри  онҳо  гузошта  шудааст.  Дар  маҷмуъ,  ҳамаи  синфхонаю  устохонаҳои  таълими истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо бо 119 компютер, 16 тахтаи электронӣ, 32  принтер,  21  видеопроектор ва  дигар  воситаҳои  техникию таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд.
—  Воқеан,  агар  фаъолияти кор  дар  ҳар  кадом  муассисаи таълимӣ  ба  таври  даркорӣ  ба роҳ  монда  шавад,  он  гоҳ  маъмурият ба мақсади худ мерасад, — иброз медорад директор. – Ин аст,  ки  назорат  дар  ду  факултет  –  факултетҳои  технология ва  иқтисодиёт  ва  муҳандисӣ –  омӯзгорӣ,  ҳамчунин,  дар кафедраҳои  филология,  методикаи  таълими  истеҳсолӣ  ва фанҳои  гуманитарӣ,  табиию риёзӣ,  энергетика  ва  нақлиёти автомобилӣ  ва  технологияи иттилоотӣ ва дизайн зери назари  бевоситаи  маъмурият  қарор дошта, ҳар замон деканҳо ва мудирони кафедраҳо аз фаъолияти худ иттилоъ медиҳанд.
Танҳо дар соли таҳсили 2022 –  2023  теъдоди  донишҷӯёни коллеҷ  944  нафарро  ташкил додааст,  ки  аз  инҳо  696  нафар дар шуъбаи рӯзна ва 248 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил намуданд.  Дар  баробари  ин,  дар шуъбаҳои  рӯзона  ва  ғоибона 105  нафар  барқарор  гардида, 135 нафар донишҷӯ бо сабабҳои қарздории  академӣ,  интиқол ба  дигар  муассисаи  таълимии касбӣ ва бо хоҳиши худ аз коллеҷ хориҷ шуданд.
Бино  ба  иттилои  директори коллеҷ  Н.  Рабизода,  маъмурияти  муассиса  барои  дар  оянда соҳиби ҷойи кор гардидани шогирдон  бетараф  нест.  Дар  соли таҳсили  гузашта  коллеҷро  дар ҳар ду зинаи таҳсилот – рӯзона ва  ғоибона  123  нафар  хатм  намуданд,  ки  аз  инҳо  41  нафарашонро  духтарон  ташкил  доданд.  Тақсимоти  мутахассисони  ҷавон  дар  соли  гузашта  бо Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  27  майи  соли 2017, №262 дар доираи талаботи «Тартиби  тақсимот  ва  бо  ҷойи кор  таъмин  намудани  мутахассисони  ҷавон»  ба  роҳ  монда шудааст.  Аз  шумораи  умумии хатмкардагони  коллеҷ,  тибқи пайгирии  кормандони  шуъбаи таълим ҳашт нафар 32 нафар ба кор таъмин гардидаанд.
Чунонки  роҳбари  муассиса  гуфт,  маъмурият  интизоми  меҳнатро  дар  мадди  аввал гузошта  бошад  ҳам,  баъзан ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки касро  ба  ташвиш  меорад.  Яке  аз чунин  амалҳои  ношоиста  дар соли  таҳсили  2022  –  2023  дарсшикании  бархе  аз  омӯзгорон ва  худсарона  иваз  намудани дарсҳо  мебошад.  Ин,  албатта,  аз  бемасъулиятии  як  қисми мудирони  кафедраҳост.  Масалан,  дар  нимсолаи  аввали  соли таҳсили  2022  сиву  ҳашт  ҳолати дарсшиканӣ  ва  дарсивазкунӣ аз  ҷониби  омӯзгорон  ба  қайд гирифта  шудааст,  ки  нисбат  ба ҳашт  нафари  онҳо  мувофиқи хулосаи  қисми  таълим  ва ҳуқуқшиноси  коллеҷ  муҷозоти интизомӣ  дар  шакли  «сарзаниш» эълон гардида, нисбат ба чор  нафари  онҳо  шартномаи меҳнатӣ қатъ карда шуд. Албатта, ин гуна худсариҳо ба низоми таълим халал ворид намуда, ба сифати  таҳсил  таъсири  манфӣ мерасонад.  Бинобар  ин,  маъмурияти  коллеҷ  барои  баланд бардоштани  сифати  таҳсилот минбаъд  ҳамаҷониба  кӯшиш ба харҷ дода, дар соли таҳсили ҷорӣ  «Барномаи  идоракунии сифати таҳсилот»-ро таҳия ва тасдиқ намудааст. Тибқи барномаи  мазкур  дар  ҳар  се  моҳ  дар масъалаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот  мониторинг  гузаронида  мешавад.  Бино  ба  гуфтаи директор, сифати таҳсилот нисбат  ба  солҳои  пеншин  беҳтар гардида  бошад  ҳам,  вале  ин нишондиҳандаҳо маъмурияти коллеҷро  қаноатманд  намекунад.
Вобаста  ба  ҳидоятҳои Роҳбари  кишвар,  ки  дар  Паёми навбатияшон зикр шудаанд, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди маҳал  дар  ёздаҳ  шаҳру  ноҳияи ҷумҳуриамон  аллакай  дар  муассиса  қабули  шунавандагонро  дар  курсҳои  кӯтоҳмуддат аз  рӯйи  касбҳои  туроператор, ошпаз  –  қаннод,  роҳбалад, дӯзанда,  турагент,  кӯҳнавард, асосҳои  омӯзиши  компютер, ронандаи  автомобили  дараҷаи «В»,  монтёри  барқӣ,  механики барқӣ  оид  ба  хизматрасонӣ  ва таъмири  таҷҳизоти  сардкунанда  ва  муътадилгардонии  ҳаво, кафшергари барқӣ, пешхизмати меҳмонхонаро  ба  роҳ  мондем, ки бештар аз сад нафар номнавис  гардидаву  ба  курсҳо  фаро гирифта шуданд.
Дар  доираи  ҳамкориҳо  аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  312  адад  аз  рӯйи се  номгӯйи  китоб  ба  маблағи 6656 сомонӣ ва аз ҷониби ДДТ ба номи академик М. С. Осимӣ 486  адад  китоби  тахассусӣ  ва умумитехникӣ ба фонди китобхонаи  коллеҷ  ба  таври  ройгон ворид карда шуд. Дар баробари ин,  коллеҷ  соли  гузашта  барои таъмин  намудани  донишҷӯён бо  китобои  дарсӣ  аз  Вазорати  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  миқдори 560  адад  китоби  таълимӣ  ва умумитехникӣ  ба  коллеҷ  ворид гардид.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»