ВОСИТАИ МУФИДИ МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТ

Агар дар солҳои аввали пайдоиш технологияҳои компютерӣ, асосан, барои иҷрои ҳисобкуниҳои мураккаби илмӣ истифода шуда бошанд, ҳоло компютерҳо дар корҳои марбут ба нигоҳдорӣ, коркард ва пешкаш намудани иттилоот фаъоланд. Тайи солҳои охир таваҷҷуҳ ба соҳаи таҳсилоти касбӣ афзун гардидааст. Ҳадафи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ низ ривоҷ додани касбҳои коргарист.
Технологияҳои  иттилоотӣ  барои  донишҷӯён,  муаллимон, муҳосибон  ва  умуман,  кормандону  мутахассисони ташкилоту муассисаҳои гуногун воситаи зарурии корӣ гардидааст.
Ҳоло  ҳиссаи  технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ  дар иқтисодиёти  Тоҷикистон  2,5%  ташкил медиҳад, дар Россия аз 6,5% ва дар аксари кишварҳои пешрафта 10-15% аст. Дар айни замон, саҳми соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ  дар  байни  бештар  аз  500  ширкати  бузургтарини ҷаҳонӣ 19% ва дар якҷоягӣ бо дигар соҳаҳои  технологияи  баланд  29%  -ро ташкил медиҳанд.
Имконияти  технологияҳои  муосир бениҳоят  калон  аст.  Аз  ин  рӯ,  тамоми  мушкилотеро,  ки  мо  бо  он  рӯ  ба  рӯ мешавем,  бо  техникаю  технологияи ҳозиразамон бо суръати зуд бартараф намуданамон мумкин аст. Дар кишвари мо низ солҳои охир донишгоҳҳо, мактабҳои миёнаро  бо  компютерҳо  таъмин  намудаанд.  Маҳз  бо  дастгирии  Сарвари давлат қариб дар тамоми соҳаҳо компютерро  ҳамчун  олоти  асосии  меҳнат  истифода  мебаранд.  Ҳар  шахси  оқиле,  ки дар  ҷамъияти  муосир  зиндагӣ  мекунад, бояд  бо  компютер  кор  карда  тавонад. Тараққиёти  системаҳои  иттилоотӣ  ва технологияҳои  компютерӣ  имкон  додааст, ки дар ҷамъият ихтисосҳои нави ба системаҳои мазкур алоқаманд пайдо шавад.  Ҳоло  талабот  нисбат  ба чунин ихтисосмандон хеле зиёд ба назар мерасанд.
Суръати  баланди  тараққиёти технологияҳои  компютерӣ  моро  водор месозад, ки дастовардҳои навтарини он дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқ татбиқ карда  шаванд.  Маълум  аст,  ки  татбиқи технологияҳои компютерӣ дар фаъолияти ин ё он соҳа бо мақсади сарфаи вақт ва бадастории сифатнокии натиҷа ба роҳ монда мешавад.
Аз гуфтаҳои боло чунин хулосабарорӣ намудан  мумкин  аст,  ки  технологияҳои муосири иттилоотӣ — коммуникатсионӣ, ки дар ҳама соҳаҳо татбиқ шудаанд, воситаи  муфиду  самарабахши  мубодилаи иттилоот ва хидматрасонӣ ба муштариёну мизоҷон мебошанд.

М.МУРТАЗОҚУЛОВ,
дотсенти ДДҲБСТ