САЙРЕ ДАР CАРМАДДЕҲ

Адабиёт,  асосан,  бар  ду  навъ  аст:  аввалан,  адабиёти  омада,  ки он эҷоди ҳақиқӣ буда, маҷмуаи ҷустуҷӯву бозёфтҳои амиқу навини эҷодкор мебошад. Дувумӣ, адабиёти овардашуда аст, ки онро иҷборан  ба  маҷрои  адабӣ  ворид  сохтаанд  ва  он  танҳо  василаи рӯзгузарониву маош буду ҳаст. Ба назари ман, нигоштаҳои Баҳманёру Фарзона мутааллиқ ба адабиёти омадаанд ва эшон танҳо он чиро ба риштаи тасвир мекашанд, ки дар хусуси он огоҳии комил дошта, аз уҳдаи навиштанаш ҳам ба хубӣ мебароянд.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ

Яке аз нависандагони муосири тоҷик, равоншод  Баҳманёр,  ки  бо  сабку услуби хоси худ ба майдони адабиёт ворид гаштааст,  бо  қиссапардозии  хеш  машҳуру маъруф  мебошад.  Навои  ҳикоятҳои Баҳманёр бо навои ҷаҳони муосир ҷӯр аст. Баҳманёр  дар  деҳаи  хаёлии  худ  Сармаддеҳ одамони  аҷоибро  бо  орзую  омол,  хаёл, ҳиссиёт, фалсафаи ҳаёт, муҳаббату разолат ва афкори пуршигифт офаридааст.
Ҳамаи  ҳикоятҳои  Баҳманёр  ба  ҳам алоқаманд мебошанд. Нависанда саргузашти  қаҳрамононро,  ки  дар  деҳаи  тахайюлии Сармаддеҳ мегузарад, аз забони ровии бебадали Сармаддеҳ шунида, бо тасвирпардозӣ ба  хонанда  нақл  мекунад.  Нависанда  дар ҳикоятҳояш  олами  ботинии  занону  духтарон, пиразанон ва одамони синну солашон гуногунро бо тамоми ҷузъиёташ тасвир намудааст.
Гуфтан  ҷоиз  аст,  ки  Баҳманёр  ба  этнографияи  миллӣ  ва  эҷодиёти  даҳонии  халқ таваҷҷуҳи  зиёд  дорад  ва  дар  навиштаҳояш ҳамвора  аз  онҳо  истифода  мебарад.  Масалан, дар ҳикояи “Туфанги думила” удсӯзро гирифта,  ба  гирди  деҳа  гаштани  кампири Осуда тасвир шудааст.
Баҳманёр ҳангоми зикри ҳодисаю ҳолот усулҳои  гуногунро  ба  кор  бурдааст:  усули қиссапардозӣ,  усули  халқӣ,  усули  шоирона ва  ғайраҳо.  Ҳикояи  “Гавазни  чанбаршохи  ман”  чун  тамоми   офаридаҳои  адиб  бо усули  шоирона  навишта  шудааст.  Дар  ин хусус  адабиётшинос  Абдухолиқи  Набавӣ чунин  қайд  мекунад:  “Ҳикояҳои  “Гавазни чанбаршохи ман”, “Чашмаи ният”, “Вақти гули бобуна” бо забони шеър навишта шудааст.  Тазоду  вазн,  қофияву  саҷъ  ҳама  ба руҳияи  қаҳрамонон  ва  дили  орзупарвари онҳо мувофиқ омадааст. Насри Баҳманёрро метавон насри шоирона номзад кард”.
Баҳманёр  ҳамчун  муаллифи  ҳикоятҳои “Зукахӯр”,  “Чилдурӯғ  дар  танӯр”,  “Раднома”, “Чашми мӯр” хислату маниши одамони хаёлиашро  мавриди  тасвир  қарор  додааст. Ровӣ дар ҳикояи “Зукахӯр” дар бораи амаки Салмон ва одати ӯ, ки ҳамеша ду ҳамёни камарашро  бо  набот  пораҳои  баробари чормағз ва талқони гӯшти гунҷишк пур мекард, нақл мекунад. Мувофиқи нақли ровӣ, амаки Салмон ҳар куҷое, ки мерафт, нахуст ба  ҳамёнаш  даст  мекард.  Аввал  талқони гӯштро мечашид, сипас як пораи наботро ба чой омехта карда менӯшид.
Кори  дигаре,  ки  амаки  Салмон  мекард, майкашии  ӯ  буд.  Ровӣ  аз  тарафи  амаки Салмон тарзи омода кардани майро чунон тасвир кардааст, ки хонанда аз эҳтиёткории ӯ  ба  ваҷд  меояд.  Ҳангоме  ки  Наврӯз  фаро мерасид,  амаки  Салмон  даҳони  хуми  майи омоданамудаашро боз карда, ҳафтае як маротиба худ бо худ ид мекард.
Ҳамин тавр, дар ин қисса хислату омоли амаки  Салмон  бо  тамоми  тобишҳояш  тасвир шудааст. Аз баёни ровӣ маълум мегардад, ки амаки Салмон танҳо барои маишати худ меҳнат мекардааст.
Китоби  дигаре,  ки  дар  он  ҳикоятҳои беҳтарини  нависанда  ҷамъ  оварда  шудааст,  “Ишқи  сайёд”  ном  дорад.  Устод Муҳаммадҷон  Шакурӣ, муаллифи  пешгуфтори  ин  китоб,  қайд  кардааст: “Аз аввалин ҳикоятҳои  Баҳманёр  тасаввуре ҳосил  мешавад,  ки дар  адабиёти тоҷик боз як нависандаи ҷиддиназар ба воя расида  истодааст…”.  Баҳманёр  кӯтоҳбаён ва  муъҷазгуфтор  буда,  тавонистааст,  ки воқеаҳои  мураккабро  бо  ҷумлаҳои  кӯтоҳ баён  намояд.  Бояд  гуфт,  ки  муъҷазбаёнӣ вижагиҳои  худро  дошта,  аз  нависанда қобилияти  баланд  талаб  мекунад.  Ба  фикри ман, Баҳманёр аз уҳдаи ин амал баромадааст.
Баҳманёр  ба  иншои  роман  рӯй  оварда,  муваффақ  ҳам  гаштааст.  Дар  романи “Шоҳаншоҳ” саргузашт, эҳсосу ғурур, нафс, разолат тасвир шудааст. Ровии роман “сеовоза”  аст,  чунки  Баҳманёр  ҳам  нависанда ҳам ровӣ ва ҳам яке аз қаҳрамонҳои роман мебошад.
Усули баёни ривоятии ӯ вижагии худро дорад. Нависанда бештар ба зиндагии мардум назар андӯхта, феълу атвор, муносибату табиати одамони гуногунпеша ва ҷавонону сокинони  қадимии  деҳоти  Тоҷикистонро мавриди тасвир қарор додааст. Баҳманёр ба зисту  зиндагонӣ,  шуғл,  тафаккур  ва  тасаввуроти мардуми деҳа бо чашмандози фарох дорад ва онҳоро бо рамузҷӯӣ, бодиққат, бе шитобкорӣ  таҳлил  намуда,  олами  ботинии инсонҳоро  тасвир  намудааст.  Адиб  бештар  на  ба  вусъати  воқеа  ё  силсилабандии ҳодисаҳо,  балки  асосан  ба  тасвири  хислату  характер,  ҳолату  ҳиссиёт,  орзую  омол, хаёлот  ва  олами  маънавии  персонажҳо диққат  додааст.  Гуфтаҳои  адабиётшинос Абдухолиқ  Набавӣ  тасдиқгари  ин  нуқтаи назар  аст:  “Бо  гузашти  вақт  дар  адабиёти тоҷик “тасвири амалиёт”-ро “тасвири руҳ” иваз кард”.
Баҳманёр  ҳангоми  навиштани  ҳикоятҳо аз  санъатҳои  гуногуни  бадеӣ  моҳирона  истифода бурдааст. Аз ҷумла:
Санъати тавсиф
Ҳеҷ  медонед,  ки  чашмкабуди  зарринмӯ, сарвқадду ширбадан, ки бодпеч хӯрдану зар бофтанро хуш дорад, аз кадом мулк, аз кадом шаҳр, аз кадом деҳ аст?

(Қиссаи “Заринаи Зарнигор”)

Ба саманди худ савор меомад, баландболо, фарохшона, уқобчашм. (Ҳикояи “Фариштамоҳ”)

Дерина  дар  шонздаҳсолагӣ  як  духтари қоматбаланд,  сафедрӯ,  мӯсиёҳ,  чашмкабуд, филҷумла, нозанини маҳҷабин шуда буд.

(Қиссаи “Заринаи Зарнигор”)

Санъати муболиға

Вай бо искана нохуни пояшро мегирифт, бо дос риш метарошид, бо сихмол тахтапушташро  мехорид,  бо  шохасар  шона  мекард, бо ҷуволдӯз обилаҳои дасташро мекафонд. Ду карсон чанголӣ хӯроки як наҳораш буд.

(Ҳикояи “Холи девзӯр”)

Санъати ташбеҳ

Як арӯсе овард, ки туфу-туфу, — чашм нарасад!- фаришта барин.

(Ҳикояи “Замзамаҳои роҳ”)

Санъати саҷъ

Деҳаро  хоб  мебинам.  Бобунаро  хоб  мебинам.  Гоҳе  хоби  кобус  мебинам:  оламеро хароб  мебинам,  хушкиро  ноёб  мебинам, заврақеро  дар  об  мебинам,  дар  такопӯи оҳандартоб мебинам.

(Ҳикояи “Вақти гули Бобуна”)

Дар  анҷом  бояд  тазаккур  дод,  ки  ровии  беҳамтои  Сармаддеҳ  —  бобои  Баҳром ҳикоягӯи  бомаҳорат  ва  донандаи  қиссаҳои зиёди  халқӣ  мебошад.  Баҳманёр  дар  асоси шунидаҳояш ҳикоятҳои ба руҳияи мардуми Сармадшаҳр мувофиқро офаридааст. Ровӣ ҳикоятҳои  тахайюлиро  дар  заминаи  ҳаёти воқеӣ нақл карда, аз ҳар лаҳзаи ҳаёт ибрат гирифтанро талқин мекунад.
Сармаддеҳ  танҳо  бофтаи  Баҳманёр  набуда, инъикоскунандаи ҳаёт, савияи дониш, сатҳи ҷаҳонбинӣ, андешаву мулоҳиза ва хаёлу  эҳсосоти  тоҷикони  қадимии  кӯҳистон мебошад.

Маҳина ҒАФФОРОВА,
омӯзгори коллеҷи омӯзгории
ба номи Мирзо Турсунзода, шаҳри Конибодом