АЗ ТУ АФЗУН ГАШТА МИЛЛАТРО МАҚОМ!

Ба ифтихори 90-солагии ҳафтаномаи «Омӯзгор» аз ҷониби аҳли қалами нашрия силсилаи асарҳои пурмуҳтавою ҷолиб ба чоп расидаанд, ки онҳо, аз як тараф, таърихи рангину пурфитихори нашрияро бозгӯ намоянд, аз ҷониби дигар, ба рушду такомули маънавии хонандагон такони ҷиддӣ мебахшанд.
Дар  ин  миён  «Ҳамосаи  китоб»-и адиби  номвари  тоҷик  Абдурауф Муродӣ ба чоп расид, ки нуктаҳои ҳикматбору  абёти  омӯзандаи  адибро дар  бар  гирифтааст.  Китоб  ҳаҷман хурд  бошад  ҳам,  дар  асл  олам-олам маъниро  дар  худ  ҷой  додааст  ва  дастовези  арзишманд  барои  аҳли  илму маориф ва фарҳанг мебошад. Шоистаи таъкид  аст,  ки  дар  кишвар  ба  омӯзиш ва  ҷалби  наврасон  ба  китобхонӣ таваҷҷуҳи  зиёд  зоҳир  гардида,  дар  ин замина, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб  аст»  баргузор мешавад. Дарвоқеъ, дар дарозои таърих  китобу  китобхонӣ  барои  мардуми  мо  мақоми  баланд  доштааст ва инро метавонем дар  эҷодиёти  суханварону сухангустарони бузурги гузаштаамон  хеле  равшан  мушоҳида  кунем. Абармардони  назми  форсӣ-тоҷикӣ, устод  Рӯдакиву  Фирдавсӣ,  Мавлонои Балхиву  Абдураҳмони  Ҷомӣ…  китобро манбаи донишу хирад ва рушдбахши тафаккуру ҷаҳонбинии инсон донистаанд. Дар  замони  имрӯз  низ  адибони  тоҷик  ба  нақши  китоб  ва  омӯзишу мутолиа  таваҷҷуҳ  намуда,  онро  неруи тавонои пешбарандаи ҷомеа шумурдаанд.  Бешубҳа,  дар  ин  миён  адиби  шинохта Абдурауф Муродӣ аз пешгомон мебошад.  «Ҳамосаи  китоб»-и  мавсуф далели ин гуфтаҳост, ки бо сабку шеваи махсус эҷод шудааст.
Як қисмати китобро абёти адиб фаро гирифтааст, ки дар он хусусиятҳои маърифатбахшии  китоб  ба  таври  ҷолиб тавсиф  гардидааст.  Қисмати  дигари китоб нуктаҳои адибро дар мегирад, ки рангину  пурмуҳтаво  ва  омӯзандаанд. Китоб  бо  «Ҳамосаи  китоб»  оғоз  меёбад,  ки  нақши  безаволи  китоб  дар  он ифода ёфтааст:

Эй китоб, эй раҳнамои одамон,
Эй фурӯзонтар зи хуршеди ҷаҳон!
Эй кафолатбахши пирӯзии мо,
Эй фароҳамовари рӯзии мо!..
Эй, ки миллатро санад ҳастӣ мудом,
Аз ту афзун гашта миллатро мақом!..

«Ҳамосаи китоб» 72 мисраъро фаро гирифтааст  ва  ҷанбаи  муассири  тарбиявию ахлоқии ин ганҷинаи хирадро ифода намудааст.
Маълум аст, ки китоб бо дониш иртиботи  ногусастанӣ  дорад  ва  дониш бархоста  аз  китоб  аст.  Хушо,  ки  адиб дар  масъалаи  бозтоби  нақши  дониш дар  ҳаёти  инсон  низ  муваффақ  гардидааст:

Дониш оламро мунаввар мекунад,
Раҳнавардонро музаффар мекунад…
Дониш афзояд тавони мамлакат,
Эътибору шаъну шони мамлакат.
Ҳастӣ аз дониш бошад бегазанд,
Одам аз дониш бошад сарбаланд…

Силсилаи   нуктаҳои  ибратбахш дар  китоб  қисмати  махсусро  ташкил медиҳанд ва бо сабки махсуси ҳадафрас таълиф  гадидаанд.   Ҳар  як  нукта  аз диди  тоза  ва  нигоҳи  бавусъати  шоир гувоҳӣ  медиҳад.  Эҳсос  мешавад,  ки  ӯ қисме аз ин нуктаҳои маънирез дар заминаи  омӯзиши  комилу  бардавом  ба вуҷуд  омадаанд  ва   қисмати  дигар  аз таҷрибаи ҳаёт рӯидаанд. Шоир китобро  волосарват  ва  муъҷизаи  инсоният арзёбӣ номида, таъкид мекунад, оне, ки ба  китоб  рӯй  меорад,  ҳамеша  комёбу муваффақ ва пирӯз хоҳад буд. Чанде аз нуктаҳои  ҳикматбори  адибро  дар  зер ҳамчун «муште аз хирвор» меорем:
Иқтидори  неруи  миллат  дар китобҳои ӯст. Беҳуда набуда, ки адувон чун ба мулке дасти ғорат дароз мекарданд,  нахуст  китобҳову  китобхонаҳои онро тороҷ менамуданд, месӯхтанд.

***
Ҳар кас ки бо китоб муносибати бад дорад, бо ҳеҷ кас муносибати хуб наметавонад дошт.

***
Ба кайҳон аслан на киштии кайҳонӣ, балки китоб роҳ кушодааст.

***
Китоб душмани ҷаҳолат, сарманшаи хирад аст.

***
Ҳар қадр фарзандони миллат китобхон  бошанд,  ҳамон  қадр  миллат  неруманд аст.

***
Дунёро  хуршед  равшан  мекунад, дилҳоро китоб.

***
Китоб  нурбахш  аст  ва  инсон  ҳар қадар китобхон бошад, ҳамон қадар нуронист.

***
Китоб  тайёраест,  ки  бо  он  мо  аз ҷаҳони ҷаҳолат ба ҷаҳони хирад парвоз мекунем.

***

Оне, ки бо китоб ҳамдам аст, хуррам аст.  Оне,  ки  аз  китоб  дур  аст,  ранҷур аст.

***
Агар  зиндагиро  ба  дарахти  азиме мушобеҳ бидонем, пас, решаҳои ин дарахт китобҳоянд.

***
Ақл машъал аст, машъале, ки тавассути китоб фурӯзон шудааст.
Устодону  омӯзгорони  муассисаҳои таълимӣ  метавонанд  китобро  дар  раванди  дарсҳо  истифода  карда,  хонандагонро ба омӯзишу мутолиаи ҷалб намоянд ва меҳри хониши осори бадеиро дар замири онҳо бедор намоянд.

Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»