БЕШ АЗ САДУ ҲАШТОД ҲАЗОР АЗ ДУРРУ ДЕВОН

Шумораи навбатии маҷаллаи «Адаб» (№4, 2022) аз чоп баромад. Маҷалла бо мақолаи Ҷаъфар Холмуъминов, дотсенти Донишгоҳи давлатии ховаршиносии Тошканд, узви Иттиҳодияи нависандагони Узбекистон, таҳти унвони «Рӯдакӣ ҳаққи падарӣ бар адабиёти ҷаҳон дорад» оғоз меёбад.
Муҳаққиқ дар заминаи омӯзиши фарогир нақши эҷодиёти устод Рӯдакиро дар рушди адабиёти ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуда, андешаҳояшро бо абёти шоирони номвари форсу тоҷик ва иқтибосот аз осори илмии адабиётшиносони маъруф асоснок кардааст. Мавсуф, аз ҷумла, менигорад: «Одамушшуарои адабиёти ғановатманди форсӣ- тоҷикӣ, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо падари шеъри форсӣ, на танҳо поягузори адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, балки, ҳамчунон, аз асосгузорони адабиёти ҷаҳон аст».
Воқеан, устод Рӯдакӣ бо сабки хос дар баррасии масоили ичтимоии замон дар ашъораш аз тавонотарин суханварони тоҷик аст, ки ҳанӯз дар замони худаш аз ҷониби дигар шоирон баҳои баланд гирифтааст ва шоирони минбаъда худро шогирд ва пайрави ӯ донистаанд. Муҳаққиқ зикр намудааст: «Шоири дигари асри XI Асадии Тӯсӣ (тав. 1005-ваф. 1073), ки аз донишмандони забардасти эҷодиёти ӯ буд, дар қасидаи мунозиравии худ «Арабу Аҷам» яксаду ҳаштод ҳазор байт доштани Рӯдакиро таъкид мекунад. Ин хабар беш аз ҳама ба ҳақикдт наздик аст:
Шоир чу гузин он, к-аш бувад абёт
Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дурру девон.
Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки меро- си бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин, бо ҳачму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XI- XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст».
Ҳамин тариқ, донишманди тавоно зина ба зина моҳият ва муҳтавои осори устод Рӯдакиро бо диди амиқу ҳаматарафа таҳлилу таҳқиқ кардааст, ки барои пажуҳишгарон судманду омӯзанда мебошад. Xулосаи муҳаққиқ низ ҷолиб аст:
«Бо камтарин муболиға, метавон гуфт, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳаққи падарӣ бар адабиёти ҷаҳон дорад… Баҳс дар хусуси теъдоди абёти Рӯдакӣ то имрӯз ба таври қотеъ баста нашудааст. Вале аз ҳамин 1100 ё 1200 байт шеъру ғазале, ки дар дастраси мо- ворисон қарор дорад, кофист, ки ба нубуғ ва мақоми устодии Рӯдакӣ дар шеър пай бубарем».
Суҳбати рӯзноманигор Одили Нозир бо адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Абдухолиқ Набавӣ бо номи «Таҳқиқи адабиёти тоҷик диди нав мехоҳад!» низ ҷолиб мебошад. Суҳбат дар арафаи 76-солагии адабиётшинос сурат гирифтааст, ки аз як тараф, фаъолияти эҷодиву шахсияти адабиётшиносро барои хонанда ошно намояд, аз ҷониби дигар, вазъи адабиёти муосири тоҷикро бармало месозад. Ин суҳбат доманадору густарда буда, 100 соли адабиёти тоҷик дар он баррасӣ ва андешаҳои тоза баён гардидааст.
Баргардони «Китоби хирад», ки ба қалами барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 1989 Далай Лама тааллуқ дорад, саҳифаҳои маҷалларо рангин кардааст. «Китоби хирад» моҳи майи соли 1993 дар Лондон ба чоп расидааст, ки перомуни мавзуоти ишқ, шафқат ва авфу гузашт дар он сухан рафта, дар зимн, донишманд — пайрави таълимоти Буддо тачрибаву омӯзиш ва андешаҳои омӯзандаро баён кардааст. Далай Лама (мутаваллиди соли 1935) аз роҳбарони маънавии мардуми Тибет аст, ки барои муборизаи мусолиматомезаш дар арсаи озодӣ соли 1989 бузургтарин чоизаи ҷаҳонро ба даст овардааст. Андешаҳои Далай Лама сабақомӯз буда, дар такомулу таҳаввули маънавии шахс нақшу саҳми бузург мегузоранд. Китоб фарогири чор фасл буда, дар фасли аввал перомуни хушнудӣ, сурур ва тандурустӣ, фасли дуюм доир ба ҳаёту мамот (марг, фано), фасли сеюм дар хусуси муқобала бо хашму ҳаячон ва фасли чорум доир ба доду ситад сухан меравад. Масалан, дар «Китоби хирад» оварда шудааст:
«Воқеияти бунёдин ин аст, ки тамоми ҳастиҳои огоҳ, бавежа, абнои башар ба дунболи хушбахтӣ ҳастанд ва тамоиле ба дарду ранч надоранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукот ҳамагии мо ҳақ дорем, ки шод бошем ва аз равишҳо ва абзори мухталиф истифода кунем, то ба ранҷ ғолиб шавем ва ба зиндагии шодмонтаре даст ёбем».
Сардабири мачаллаи «Адаб», номзади илми филология Шодӣ Шокирзода дар тақризи пурмуҳтавои хеш бо номи «Эъчози килки сеҳрофар» китоби «Ранҷиш»-и нависандаи шинохта Шодӣ Рачабзодро ба таври муфассал таҳлилу баррасӣ кардааст. Дар ин навишта муҳаққиқ ҳикояву мақолот ва андарзҳои нависандаро ҳамчониба мавриди пажуҳиш қарор дода, эҷодиёи ӯро сазовори баҳои баланд донистааст. Муаллиф хеле хуб дарёфтааст, ки мавзуоти меҳварии нависанда ба мушкилоти ичтимоии чомеа рабт дошта, қаҳрамонҳои ҳикояҳои ӯ адолатхоҳу адолатпарвар ва ватандӯст мебошанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки хеш ҳамвора талош менамоянд. Забону услуб ва сабку нигориши адиб низ чолиб буда, вай аз воситаҳои тасвири бадеӣ моҳирона истифода кардааст:
«Дар ҳамаи ҳикояҳои адиб мушкилоти ичтимоии мардум ва нигоҳи некбинонаи қаҳрамонон дар мадди аввал қарор дорад. Қудрату тавонмандии сухани нависанда низ дар гиреҳкушоии бандҳои чигилу мураккаби мушкилоти мавҷуда, бозгӯии бетафовутии иддае аз масъулону мақомдорон нисбат ба ичрои рисолати хеш, ки ҳароина аз таъсироти чанги шаҳрвандӣ маншаъ мегирад, равшан мегардад».
Дар саҳифаҳои мачалла тарчумаи осори бадеии нависандагони ҷаҳон низ ҷой дода шудааст. Омӯзгори физикаи МТМУ №45-и ноҳияи Рӯдакӣ Азимхон Малахов баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба тарҷумаи осори адибони шинохтаи ҷаҳон шуғл меварзад. Дар ин шумора ҳикояи нависандаи маъруфи рус Константин Паустовский — «Ошпази пир» дар тарчумаи А. Малахов чоп гардидааст, ки аз маҳорату малакаи суханшиносии омӯзгор дарак медиҳад.
Ҳамчунин, дар ин шумора мақолаҳои пажуҳишии «Инъикоси муносибати Анварӣ бо Муиззӣ дар «Ҳабибуссияр»-и Xондамир», «Баррасии татбиқи ду тазкира бо рӯйкардҳои навин», вобаста ба фаъолият ва эҷодиёти доктори илми филология Точиддин Мардонӣ бо номи «Пажуҳишгари муваффақи пайвандҳои адабӣ», аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон бошад, ҳикояи ҷолиби адиби маъруфи америкоӣ Стивен Крейн бо номи «Қаиқи бебодбон» ва ҳикояи нависандаи шинохтаи афғон Аъзам Раҳнаварди Зарёб бо номи «Акс» ҷой дода шудаанд.
Дарвоқеъ, шумораи нави мачалла бо фарогирии матолибу навиштаҳои ҷолиб ва таҳлиливу пажуҳишӣ ҷаззобу хонданӣ буда, туҳфаи арзандаест ба аҳли илму адаб.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»