ОЧЕРК ОИНАИ ЗАМОН АСТ

ТаҲқиқи осори бадеи корест басо заҳматталаб ва аз муҳаққиқ таваҷҷуҳу андешаи амиқ, диди бавусъату таҳлилу баррасии дақиқ ва албатта, омӯзиши фарогир тақозо дорад.
Саҳлангорӣ дар таҳқиқ, ки мутаассифона, имрӯз ривоҷ дорад, боиси фаҳми нодурусти моли адабиёт мешавад. Таҳқиқоти воқеъбинонаву холисона ва бунёдиву бавусъати асари бадеӣ аз ҷониби адабиётшиносони варзидаву ҳалолкор ва дорои вусъати назар адабиёти бадеиро ба таври шоиста муарриф мешаванд, ба осори адибон баҳои ҳақиқӣ медиҳанд ва ҳамзамон, ба моли асили адабиёт табдил меёбанд. Чунин таҳқиқот раҳнамои хонанда мегарданд ва ба ӯ барои дарки дурусти асари бадей ёвар мешаванд, ҳадафу хостаҳои нависанда ва маҳорату тавонмандиҳои ӯро шарҳ медиҳанд, моҳияту аҳамияти образҳои асарро тафсир мебахшанд. Худ ҳамин як таъкиди фишурда баёнгари он аст, ки таҳқиқи асари бадеӣ чӣ қадар муҳим аст дар фаҳму дарк, таблиғу тафсир ва муаррифии адабиёт. Аз ин рӯ, олимони адабиётшиноси мо ҳар қадар ба таҳқиқи асосманду воқеъбинонаи осори бадеӣ шуғл варзанд, ҳамон қадар адабиёту адибу хонанда ва аҳли илм бурд хоҳанд кард.
Солҳои охир як силсила таҳқиқоти арзишманду воқеъбинонае аз ҷониби адабиётшиносу муҳаққиқони хушқаламу ҷӯё ва фарохназар таълиф шуданд, ки то ҷое заъфи адабиётшиносии моро (эҷоду нашри рисолаҳои саҳлонгоронаву каммоя) ҷуброн карданд. Вобаста ба ин, метавон дар радифи таълифоти тозаи адабиётшиносони номвари мо аз нигоштаҳои арзишманди муҳаққиқони ҷавон ёдовар шуд.
Муҳаққиқ ва адабиётшиноси тозаназар Сангимурод Шарифов дар силки чунин олимон ҷой дорад. Ӯ чанд сол боз дар идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ва дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хатлон ба номи Носири Хисрав кор мекунад ва низ ба эҷодкорию тахқиқоти илмй машғул аст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва барандаи Ҷоизаи вилоятии «Неруи сухан» аст. Дар як қатор ҳамоишҳои илмию амалии вилоятӣ, чумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар мавзуъҳои мубрам суханронӣ кардааст.
Китобҳои «Дар шинохти Бахтиёри Муртазо», «Хӯшаҳо аз киштаҳо» ва силсилаи мақолаҳои илмию методй ба қалами ин муҳақкиқи пуркор мутааллиқанд.
Сангимурод Шарифов зери роҳбарии олими маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродй дар мавзуи «Мавқеи очерк дар публитсистикаи Бахтиёр Муртазо» рисолаи илмӣ ҳимоя карда, ба дарёфти унвони номзади илмҳои филологӣ мушарраф гардида аст.
Соли 2021 ин адабиётшиноси ҷавон (сиву сесола) рисолаи илмияшро бо такомулу таҳрири тоза дар шакли китоби алоҳида пешкаши аҳли илм ва доираи васеи хонандагон намуд. Он («Мавқеи очерк дар публитсистикаи тоҷик», Бохтар — 2021, 180 саҳ.) аз се боб иборат аст: 1. Ҳаёт ва эҷодиёти Бахтиёри Муртазо дар фазои ҳаёти ичтимоию сиёсии замон, 2. Аҳамияти очеркҳои Бахтиёри Муртазо дар инъикоси масоили ичтимой, 3. Ҳамбастагии воқеият ва бадеият дар очеркҳои Бахтиёри Муртазо.
Бояд гуфт, ки ин китоб ба бахши мубрами адабиётшиносӣ бахшида шудааст, зеро очерк, аз ҷумла, очерки публитсистӣ аз жанрҳои муҳими адабиёт буда, дар инъикоси воқеъбинонаи ҳаёт, ба вижа, корномаи халқҳо ва ашхоси алоҳида мавқеъ ва имконоти чашмгиру камназир дорад. Дар муқаддимаи китоб аз адибон устод С. Айнӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, Ҷ.Икромӣ, Ф.Муҳаммадиев, А. Сидқӣ, М.Начмиддинов, И. Файзуллоев, Б.Муртазо, А. Самад, Ш. Ҳаниф, К. Мирзо, Р.Мардон, И. Насриддин, Х.Шарифов, Ӯ. Кӯҳзод, Н. Табаров, А. Ҳамдам, Ш. Мӯсо, О. Латифӣ… ёд мешавад, ки дар ташаккулу такомули очерку публитсистика дар адабиёти тоҷик хидмати арзишманду мондагор кардаанд.
Зикр мешавад, ки ин адибон бо очеркҳои муҳтавоманду чолиб дар инъикоси воқеияти замон, вусъати шуури ҷамъиятӣ, таҳрикбахшӣ ба ҳисси миллию ватандӯстии мардум ва ҳидояти ҳамагон ба созандагию бунёдкорӣ хидмати пурарзишу нақшгузореро ба сомон расондаанд.
Зумрае аз онҳо, ки хушбахтона, дар қайди ҳаётанд, барои такомули жанри очерк дар адабиёт садоқатмандона ва бо диду фаҳми тоза кӯшиш ба харч медиҳанд. Дар ин миён Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёри Муртазо ҳамбастагиву таваччуҳи бештаре ба жанри очерк дорад ва барҳақ, ҳамчун яке аз очеркнигорони мумтози кишвар шинохта мешавад. Чунонки дар китоби мазкур омадааст, ин адиби маъруф беш аз шаст сол боз дар арсаи адабиёт заҳмат мекашад ва аз оғози эҷодкориаш ба навиштани очерк таваҷҷуҳманд асту то имрӯз теъдоди зиёди очеркҳояш ба нашр расидаву мақбули хонандагон гардидаанд ва диққати адабиётшиносонро ҷалб бинмудаанд. Муҳаққиқ С. Шарифов зикр мекунад, ки жанри очерк барои ҳамчун қаламкаши варзида ба камол расидану дар паҳнои адабиёт мавқеи шоиста пайдо кардани Бахтиёри Муртазо нақши муҳим бозидааст. Бисёр ҷустуҷӯву бозёфтҳои адиб ва маъруфият пайдо карданаш байни хонандагон, пеш аз ҳама, иртиботманд бо силсилаи очеркҳои ӯст. Очеркҳои адибро аз нигоҳи замони эҷод метавон ба ду давра ҷудо кард: то истиқлоли кишвар ва пас аз истиқлол. Дар аҳди Шуравй очеркҳои нависандаи маъруф дар бораи корномаи коргарони БАМ (шоҳроҳи Байкал-Амур) ва чанде аз бунёдкориҳои дигар (коркарди заминҳои нав, обёрии даштҳои ташналаб, ривочи пахтакорӣ, бунёди тозабоғҳо, рушди саноат…) аз ҷониби хонандагон ва аҳли адаб гарм пазируфта шуданду сазовори баҳои баланд гардиданд. Дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ эҷодиёти Бахтиёри Муртазо равнақи дигар пайдо кард ва аз чумла, таваҷҷуҳи адиб ба жанри очерк бештар гашт. Навгониҳои рӯзафзуни ҳаёт, пайомадҳои нишотбахши истиқлол ва нигоҳу тафаккури тоза ба воқеият адиби соҳибистеъдодро ба навиштани очеркҳои нав ҳидоятсозу илҳомбахш гардиданд. Акнун домани мавзуъҳои очеркҳои нависанда, аз чумла, очеркҳои публитсистияш васеътар шуд ва диққати адибро умдатарин масоили рӯз бештар ба худ кашиданд, паҳлуҳои тозаи қобилияту маҳорати ӯ падид омаданд. Нависандаи соҳибтаҷриба ба камоли ифтихори ватандорй ба инъикоси бадеии воқеияти сурурафзои айём камар баст ва силсилаи тозаи очеркҳоеро рӯи сафҳа овард, ки онҳо, пеш аз ҳама, пайванд бо ҳувияту ифтихори миллӣ доранд ва тараннумгари дастовардҳои истиқлоли давлатианд. Силсилаи очеркҳои Б.Муртазо дар ситоиши диловаронаи сохтмонҳои Неругоҳи барқи обии Роғун ва нақби Истиқлол, бунёдкорони пулу роҳҳои нави аълосифат ва боғистону киштзорҳо… марҳилаҳои тозаи эчодиёти ӯро пурсамару пурчозиба сохтанд. Нависанда борҳо изҳор кардааст, ки дар бораи иншооти бузурги замон, ободкориҳои пайваставу сурурбахши аҳди истиқлол, ашхоси ватанпарвару фидокор навиштанро барояш ҳам қарз медонаду ҳам мучиби ифтихор. Имрӯз бидуни зиёдаравие метавон гуфт, ки ба вижа, оид ба нақби Истиқлол ва НБО-и Роғун, дар бораи воқеияту моҳият ва корномаи кормандони сохтмонҳои бузург бештар аз ҳар сарчашмаи дигар аз очерку публитсистикаи Б.Муртазо метавон маълумоти муассиру ҷолиб ба даст овард.
Ин ҳам таъкидкарданист, ки қаҳрамонони очеркҳои ин адиби хушсалиқа намояндагони тамоми манотиқи ҷумҳурианд ва қисмате аз онҳо кишварҳои дӯсту бародари моро намояндагӣ мекунанд. Муҳаққиқ С.Шарифов тақрибан ҳар як очерки адибро ба риштаи таҳқиқ кашида, перомуни онҳо ибрози назар менамояд, аз замону вазъи эҷодиашон сухан мегӯяд ва ёдовар мешавад, ки очеркҳои нависанда ба гиреҳкушоии бисёр муаммою мушкилоти айём мусоидат кардаанд. Муаллифи китоб, ҳамчунин, зимни таҳқиқ ба мақолаву рисолаҳои адабиётшиносон М. Шукуров, Х. Шарифов, А. Нуралиев, А. Саъдуллоев, И. Усмонов, Ю. Акбаров, М.Муродов, М. Зайниддинов, Ш. Раҳмонов, С. Гулов, Б.Қутбиддин.., ки дар онҳо, аз ҷумла, ба очеркҳои Б.Муртазо таваччуҳ зоҳир шудааст, ишора карда, мулоҳизоти арзишманди онҳоро тавзеҳ бахшидааст.
С.Шарифов ба забони очеркҳои нависанда низ диққат дода, навиштааст, ки ин гуна осори ӯ забони возеҳу пуробуранг ва самимию фаҳмрас доранд, зуд корагари дилҳо мешаванд. Таъкид мешавад, ки очерку нигоришоти публитсистии Б.Муртазо асосан дар китобҳои ӯ «Ман чароғ афрӯхтам», «Нақби Истиқлол», «Ҷавпазак», «Қасидаи бародарй», «Чинор дар Солони», «Лимуи тоҷик», «Эҳёи Бешкант», «Донишомӯзи чаҳонафрӯз»… гирд оварда шудаанд.
Китоби «Мақоми очерк дар публитсистикаи Бахтиёри Муртазо» аз нигоҳи таҳлилу баррасиву хулосабарорй басо вусъатманд ва фарогир аст ва аз ин рӯ, оид ба ин китоб метавон боз ҳам бештар сухан гуфту андешаронй кард, зеро худ сарчашма — осори публитсиситии устод Б.Муртазо ғаниву бапаҳност. Бовар бар он дорем, ки олими чавону ғайратманд Сангимурод Шарифов минбаъд доираи таҳқиқоти худро вобаста ба жанрҳои адабй, аз чумла, очерк дар эҷодиёти Б.Муртазо боз ҳам густариш мебахшад ва ба комёбиҳои навин шарафёб мегардад.
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»