ТАРЗИ НАВИ БАҲОГУЗОРӢ ЗАРУР АСТ

Баҳогузории 5-холаи ҳозира мҳдудият дошта, сатҳи омодагии пурраи хонандагонро дар 45 дақиқаи дарсӣ дар бар намегирад. Вақте ки хонанда дар лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ соҳиби баҳои «5» мегардад, талаб менамояд, ки баҳои 5″-и гирифтаашро дар рӯзномааш гузорем, то ба падару модараш нишон диҳад. У бо ин баҳои гирифтааш дар 40 дақиқаи боқимондаи дарс худро озод ҳис намуда, дар саволу супоришҳои лаҳзаҳои дигари дарс аҳамият намедиҳад, зеро ӯ соҳиби баҳо гардид.
Шоҳиди он ҳастем, ки боре падари хонандаи фаъол дар дарс иштирок намуда буд, писараш аз вазифаи хонагӣ баҳои “5” ва боз дар давоми дарс масъулияти зиёдеро нишон дода, ба 10 саволи иловагии дигар чавоб дод. Ба чунин хонанда чӣ гуна баҳогузорӣ бояд намуд?
Xонандагон бо фаҳмиши худ, қисме ба 2, 3 ё 4 ва қисме 5, 10, 15 савол ҷавоб медиҳанд, ки дар ин ҳол ба онҳо баҳогузорӣ дар усули “5”-холаи имрӯза тахминӣ аст. З-ин сабаб зарурати баҳогузории бисёрбала ба миён меояд.
Xубии ин усул дар он аст, ки тамоми фаъолияти чавоби хонандагон зери назорат буда, ҳар хонанда мувофиқи қобилияти худ хол мегирад. Қобилияти баланди хонандаи аз ҳама фаъол ва закӣ аниқ карда мешавад ва аз чунин баҳои баланд гирифтанаш ӯ меболад ва доим барои дар ин сатҳ буданаш мубориза мебарад. Xонанда дар зинаи дарачаи салоҳиятнокӣ устувор мегардад.
Ин усул муҳити баҳс ва талошу рақобатро дар бар гирифта, барои ба даст овардани холҳои зиёд аз тарафи хонандагон ба мушоҳида мерасад.
Xонандаи сустхон дар ин усул ва ҳамсинфон ҷудо шуда меистад. Ӯ дарк менамояд, ки омӯзгор ӯро нигоҳ дошта, кори иловагӣ ташкил менамояд ва ба падару модараш хабар мерасонад.
Xонанда мачбур мешавад, дар хона аз калонсолон ёрӣ пурсад ва худомӯзӣ намояд.
Ин чо зарур донистем, дарсеро аз фанни забони модарӣ бо усули 10-хола ба қобилияти хонандагон баҳогузорӣ намоем.
Дар дафтаре рӯйи мизи омӯзгор ному насаби хонандагон ва таърихи рӯзи навишташуда вучуд дорад. Вақте ки хонандагон ба саволҳо чавоб дода, фаъолият нишон медиҳанд, омӯзгор дар охири дарс мувофиқи меъёри холгузории муайян ба хонандагон холгузорӣ ва онро ба баҳоҳо табдил медиҳад ва эълон менамояд.
Xонандагон низ баъди навиштани таърихи рӯз, номи мавзуъ, кори синфӣ, дар паси ибораи “кори синфӣ” холҳо навишта, холҳои гирифтаашонро дар паси калимаи холҳо бо чунин хатчаҳо (//////) ишора намуда, дар охири дарс ҷамъи холҳояшонро ба ҳисоб гирифта, баробар гузошта ҳисоб менамоянд. Чунончӣ: (//////////-10 хол) ё 12, 13 холи гирифтаашонро ба қайд мегирад.
Омӯзгор назорати чиддӣ мебарад, то ки хонандагони ба саволҳо ҷавоб надодаро холгузорӣ нанамояд. Xонандаи фаъол метавонад, ин фаъолияти холгузориро ба ҳисоб гирад. Акнун ба кадом лаҳзаҳои дарс чӣ гуна холгузорӣ намуданро дида мебароем.
-Ба лаҳзаи ҳисоботи навбатдори синф оид ба тозагии синф, давомоти хонандагон холгузорӣ наменамоем, чунки ин лаҳзаи дарс муқаррарӣ буда, вазифаи ҳар як навбатдор аст.
-Ба лаҳзаи “Навигариҳои рӯз” 1 хол ва агар ҷавоби пурра дода тавонад, 2 хол дода мешавад.
-Ба лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ, агар хонанда баҳои “5” гирад, 2 хол, баҳои 4-гирад, 1 хол, “ба хониши мавзуъ” 2 ё 3 — ҷумлагӣ хонад, 1 хол ва агар як сархатӣ бехато ва ифоданок хонад 2 хол, ба “кор бо луғат”, агар хонанда ба ҳамаи луғатҳои ҳамон мавзуъ пурра чавоб гӯяд, 2 хол, агар ба нисфаш чавоб гӯяд, 1 хол, ба “навишти зебову бехато” дар тахтаи синф 2 хол, дар ҳолати якто хато доштан 1 хол, ба “кори гурӯҳӣ” ва “ҷавоб ба саволҳо” 2 хол, ба “нақли пурраи мавзуъ” 2 хол, ба “ҷавоб ба саволҳои проблемавӣ” 2 хол, ба азёд намудани аз 10 мисраъ зиёди шеър 3 хол, аз 10 мисраъ кам 2 хол, ба чавоб ба бозии “курсии сеҳрнок” 2 хол, ба “нақли пурра” аз рӯйи расм 2 хол… баҳогузорӣ карда мешавад.
Ба омӯзгор маълум аст, ки дарс аз лаҳзаҳои гуногун иборат аст. Ӯ бояд ба ҳамаи он лаҳзаҳо аҳамият дода, чавоби хонандагонро баҳогузорӣ намояд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки хонандагон дар давоми 2-соатӣ дарси якрӯзаи забони модарӣ ва супоришҳои он ба саволҳо чавоб дода, соҳиби 5, 10, 15 хол ва баҳоҳои 5, 5+, 4, 4+ мегарданд.
А. ХОЛОВ, А. ЯҚУБОВ,
омӯзгорони МТМУ №58, шаҳри Ҳисор