ЗИ НУРИ МАЪРИФАТ САРШОР ИН ҶОСТ!

Бузургони мо аҳамият ва арзишмандии китобро аз қадимулайём таъкид ва сутудану гиромӣ доштани онро пайваста ба мо талқин бинмудаанд. Зеро маҳз китоб аст, ки қалбҳои торику бефурӯғро бо нури илму маърифат, саводу дониш рӯшан мегардонад. Фарде, ки бо ин ганҷи бебаҳо сарукор дорад, бешак, барои худ бо варақ задани ҳар як сафҳа олами наверо кашф намуда, ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ мебардорад.
Дар китобхон шудани аҳли ҷомеа китобхона ва китобдорон саҳми беандоза доранд ва кори пурвусъату кӯшишҳои ҳамешагии онҳо теъдоди бешумори дӯстдорони гавҳари ноёбро ба сӯи китобхонаҳо раҳнамун месозад. Яке аз ин гуна ниҳодҳое, ки чунин масъулияти пуршарафро бар дӯши худ доранд, китобхонаҳои донишгоҳӣ мебошанд, ки донишҷӯёнро ба дунёи китобу китобхонӣ ҷалб мекунанд, то аз олами пурғановати ин ганҷи қимат баҳраманд шаванду кӯлбори илму донишашонро пурбортар созанд…
Вақте ба китобхонаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои гирифтани китобе ворид гардидам, ду бонуи кушодачеҳра бо лаҳни зебову гуворо ба донишҷӯён хидмат мерасониданд. Донишҷӯён бо навбат китобҳои зарурии худро ба китобдорон фармоиш медоданду пас аз барасмиятдарорӣ онро гирифта, шоду масрур мебаромаданд. Теъдоде дигаре аз донишҷӯён китобҳои мутолиакардаи худро супорида, ба ҷояш китобҳои ҷолиби дигареро дархост мекарданд.
Ба иҷрокунандаи вазифаи мудири китобхонаи ДБССТ Соҷида Қурбонова муроҷиат карда, дар бораи фаъолияти ганҷхона пурсон шудам. Номбурда изҳор дошт, ки тайи чанд соли охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби аҳли ҷомеа ба китобхонӣ ва беҳдошти фаъолияти китобхонаҳои мамлакат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Пешвои муаззами миллат ҳамеша дар суханрониҳояшон қайд мекунанд, ки маҳз китоб таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад… Китоб як рукни муҳим ва ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунад, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи асосии донишгоҳ дар баланд бардоштани савияи дониши магистрон, докторон, олимону муҳаққиқон ва донишҷӯён нақши арзишманд мебозад. Он қаблан дар яке аз биноҳои куҳнаи донишгоҳ ҷойгир буду китобхонаи электронӣ ва толорҳои барҳавову мутобиқ ба стандартҳои нав надошт. Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода, ки аз дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари кишварамон сарчашма мегиранд, дар ҳудуди донишгоҳ чанд бинои хуштарҳу бузург ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин росто, барои китобхонаи донишгоҳ низ бинои барҳавою замонавӣ бунёд гардид, ки ҳамакнун ҳаводорони китобу китобхонон бо мароқу шавқмандии зиёд ба ин ҷо меоянд.
Тавре аз гуфтаҳои С. Қурбонова маълум гашт, айни замон китобхона 180 ҷои нишаст дошта, аз ин теъдод 120 ҷой ба толори хониш ва 60 ҷой ба толори электронӣ рост меояд. Китобхонаи илмӣ-электронии донишгоҳ дорои 1 қироатхона, 2 толори электронӣ бо 24 компютери муосир, ҳуҷраи хидматрасонӣ ва толори нигоҳдории китобҳо мебошад. Фаъолияти китобхонаи илмӣ-электронӣ тибқи низомнома ва нақшаи корӣ ба роҳ монда шудааст.
Бону Соҷида маро ба сайри китобхона бурда, рафҳои лағжандаи китобро ба ҳаракат дароварда, теъдоди зиёди китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таълимиро нишонам дод, ки воқеан, гувоҳ аз фаровонии ин дурдонаи маърифат дар махзани ганҷ мебошанд. Фонди китобхона айни замон аз 41 021 адад китоб иборат буда, адабиёти таълимӣ аз рӯйи ихтисос, васоити таълимӣ, адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавиро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки аз шумораи умумии фонди китобхона 41 021 – 3448 нусхааш китобҳои илмӣ буда, аз инҳо 2485 нусха бо забони тоҷикӣ, 937 нусха бо забони русӣ ва 26 нусха бо забони англисӣ мебошад. Шумораи китобҳои таълимӣ 26 303 нусха буда, бо забони тоҷикӣ 17 082 нусха, бо забони русӣ 7786 нусха ва бо забони англисӣ 1435 нусхаро ташкил медиҳад. Китобҳои методӣ 2427 нусхаро ташкил дода, 2044-тои онҳоро китобҳо бо забони тоҷикӣ, 351 нусха ба забони русӣ ва бо забони англисӣ 32 нусхаро ташкил медиҳад. Шумораи китобҳои бадеӣ дар китобхонаи илмӣ-электронӣ 8843 нусхаро ташкил дода, 3102 нусхаи онҳо ба забони тоҷикӣ, 5546 нусха бо забони русӣ ва 195 нусха ба забони англисӣ мебошад.
Роҳбарияти донишгоҳ барои ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи муассисаи олии таълимӣ пайваста чораҳои муфид меандешад ва ҷиҳати харидории китобҳои гуногунмазмун маблағҳои муайян ҷудо мекунад. Масалан, соли 2022 барои мукаммал ва пурра гардонидани фонди захиравии китобхонаи илмӣ-электронии донишгоҳ бо маблағи 55 958 сомонӣ 1859 нусха китоб харидорӣ гардид.
Таваҷҷуҳ ба китобхонаи электронӣ низ пайваста меафзояд. Алҳол дар он беш аз 400 000 нусха китоби электронӣ мавҷуд аст ва роҳбарияти донишгоҳ барои боз ҳам бештар гардидани миқдори китобҳои электронӣ чораандешӣ мекунад.
Ҳамсуҳбати ман афзуд, ки то имрӯз 2360 нафар узви китобхонаи донишгоҳ гардидаанд ва хушбахтона, ин раванд бомаром идома дорад.
-Омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи олии таълимӣ дар озмунҳои мухталиф, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат»… фаъолона ширкат меварзанд ва табиист, ки ҷиҳати омодагӣ ба ин сабқатҳо аз адабиёти гуногун истифода мебаранд. Китобхона дар ин маврид ёрирасони беминнати донишҷӯёну устодони илмҷӯст.
Барои ҳавасмандии бештари донишҷӯён «Ҳафтаи кафедраҳо» баргузор мешавад, ки мақсад аз он шиносоӣ бо қоидаҳои китобдории китобхона, тартиби истифодабарии китобҳо ва дигар шароиту имконоти китобхонаи илмии донишгоҳ мебошад. Китобхонаи ДБССТ бо китобхонаҳои дигар, аз қабили Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ ва ғайра робитаву ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар ин раванд оид ба пешбурди фаъолият ва ҷорӣ намудани навгониҳо дар самти хидматрасониҳо ба якдигар ёрии амалӣ расонида мешавад.
Барои ҷалби бештари китобдӯстон кормандони китобхона як амали сутуданиро роҳандозӣ кардаанд: ҳангоми овардани китобҳои нав намоиши ин дурдонаҳоро ташкил карда, адабиёти тозаворидро ба ҳамагон муаррифӣ мекунанд, ки лоиқи таҳсин аст. Ногуфта намонад, ки китобҳои олимону муҳаққиқони номвари худи донишгоҳ мунтазам муаррифӣ ва ба ихлосмандон барои мутолиа пешниҳод мегарданд. Муддати зиёдест, ки кормандони китобхона дар чорабиниҳои донишгоҳӣ ва берун аз он фаъолона ширкат варзида, дар маърифатнокии аҳли ҷомеа саҳмгузор мегарданд. Ҳайати кормандони китобхонаро 3 нафар ташкил медиҳад, ки барои иҷрои рисолати худ сарбаландона шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд…
Пас аз шиносоӣ бо муҳити рӯшан ва оканда аз илму маърифати китобхонаи ДБССТ, муоширату хидматрасонии сатҳи баланди кормандони он, китоби дилхоҳам дар даст бо як ҷаҳон таассуроти нек аз ин даргоҳи нуру маърифат қадам берун ниҳодам.
Д. АВАЗ,
«Омӯзгор»