«ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

20 январи соли 2023 ҷаласаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» бо иштироки раиси комиссияи озмуни мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он ҳама аъзои комиссияи мазкур иштирок доштанд.
Дар ҷаласа се масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Дар аввал оид ба корҳои анҷомдода дар самти омодагӣ ба гузаронидани озмуни мазкур котиби комиссия оид ба баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат», муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ кард ва иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм ба баргузории озмун омодааст.
Сипас, атрофи масъалаи омодагиҳо ба даври аввали озмун, ки моҳи феврали соли ҷорӣ доир мегардад, аъзои комиссияи озмун ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки ба рӯйхати адабиёт китобҳои бадеии дар мавзуи ба таърих нигоштаи адибони тоҷик ҳам ворид карда шавад.
Комиссияи озмун муваззаф гардид, ки ҷиҳати таъмини китобхонаҳои мактабӣ, донишгоҳу коллеҷҳо бо китоби “Тоҷикон” бо мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намоянд.