ЭҲЁГАРИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Солҳои тӯлонӣ ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон, созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла, шарқшиносӣ буда, барҳақ,яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.
«Тоҷикон» ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр шуда, ҳамчунин, дар Афғонистон ва Эрон ба табъ расидааст. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ, эътироф шуд ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид. Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддие гардид.
Бобоҷон Ғафуров то рӯзҳои вопасини зиндагии худ пайваста машғули тавзеҳ ва такмили асари асосиаш – «Тоҷикон» буд. Дар бадали 30 соли кори эҷодии худ дар боби таърихи халқи тоҷик Б. Ғафуров ҳаҷми асарашро се маротиба зиёд намуда, онро аз як китоб ба ду китоб расондааст. Ин асар ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав шаш маротиба ба табъ расидааст. Шоҳасари «Тоҷикон» дар ҳаёти илмиву фарҳангии на танҳо кишварамон, балки дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ ҳодисаи намоёне гардид.
Яке аз бостоншиносони барҷастаи Шуравӣ, академики АИ ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ А.П. Окладников, ки дар таҳқиқи таърихи бостонии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, тоҷикон саҳмгузорӣ намудааст, дар рӯзномаи «Известия» доир ба «Тоҷикон» чунин навишта буд: «Рисолаи муҳташаму бунёдии Бобоҷон Ғафуров дониши моро доир ба таърих ва анъанаҳои яке аз халқҳои қадимтарини мамлакати мо – тоҷикон ғанӣ мегардонад ва ҳиссаи арзанда дар омӯзиши таърихи Ватан аст».
Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа гардид.
Тақдими “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи кишвар боз як иқдоми хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст ва итминон дорем, ки пас аз мутолиаи ин китоб ҳамагон аз фарҳангу таърихи гузаштаи хеш бештар огаҳӣ меёбанд. Мутолиаи ин китоб, махсусан, ба ҷавонони мо таъсири амиқ гузошта, онҳоро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд ва аз зери таъсири гурӯҳу ақидаҳои ифротӣ берун кашида, дар маҷмуъ, ба ватандӯстиву ватанпарастӣ роҳнамоӣ мекунад.
Таърихи худро надониста, ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки тоҷикон аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф будаанд ва ин анъанаи неку бостонии хешро имрӯз низ идома медиҳанд. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи барҷастаи осори таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд.
Моҳрӯ ХАЙРОВА,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи
МТМУ №3, шаҳри Бӯстон