ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУН ОҒОЗ ЁФТ

25-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос  ва  бозомӯзии  кормандони  соҳаи  маориф даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2022” оғоз гардид.  Дар  маросими  ифтитоҳи он  вазири  маориф  ва  илм  Раҳим Саидзода,  муовини  вазир  Зиёдулло  Абдулзода,  сардорони  раёсату шуъба  ва  роҳбарони  муассисаҳои тобеи  вазорат,  намояндагони  раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва довталабони озмун иштирок намуданд.
Вазири  маориф  ва  илм  Раҳим Саидзода зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки мақсад аз гузаронидани  озмун  дарёфт  намудани омӯзгорони боистеъдод, муаррифии таҷрибаи пешқадами онҳо ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад.
Сипас,  муовини  вазири  маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода  иштирокдоронро  бо  шартҳои озмун шинос намуда, зикр  кард,  ки  озмуни  мазкур  дар  асоси Низомномаи  озмуни  “Омӯзгори  соли Тоҷикистон”  баргузор  гардида,  даври ҷумҳуриявии  он  се рӯз  давом  мекунад. Дар  озмун  Фарангез Одиева  —  омӯзгори забони  англисии гимназияи  ба  номи Асадулло  Ғуломови шаҳри  Душанбе, Гулнамо  Мамадгаминова — омӯзгори  забон  ва  адабиёти тоҷики  мактаб-интернати  ҷумҳуриявии ноҳияи  Рӯшон,  Бахтовар  Ҳукумзода  — омӯзгори  фанни  алгебра  ва  геометрияи литсейи  давлатии  №1-и  шаҳри  Бохтар, Ҷӯрабой  Бобоҷонов  —  омӯзгори  физика ва астрономия, роҳбари маҳфили физикаи  МДРИ-и  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров ва Азизамоҳ Идиева — омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №99-и шаҳри Турсунзода аз рӯйи шартҳои зерин: муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос,  таҳлили  дарс,  соати  тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди ҳакамон мегардонанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм