Озодамо ҚОДИРЗОДА- «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2022»

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 23-юми январи соли ҷорӣ даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2022» баргузор шуд. Дар расми ифтитоҳи он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва довталабони озмун иштирок намуданд.
Зимни  суханронии  хеш вазири  маориф  ва  илм Раҳим  Саидзода  зикр  намуд, ки  мақсади  асосии  сабқати мазкур  баланд   бардоштани мақоми   таҳсилоти   томактабӣ ва  нишон  додани  афзалияти  таҳсилоти  томактабӣ  дар пешрафти   ҷомеа,  таъмин  ва такмили  мазмуни  таҳсилоти томактабӣ  тибқи  талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  таълиму  тарбияи томактабӣ»,  Стандарти  давлатии  таҳсилоти  томактабӣ, Низомномаи  намунавии  муассисаи  таълимии  томактабӣ  ва барномаҳои  таълиму  тарбияи кӯдакони  синни  томактабӣ,  дарёфт  ва  ошкор  сохтани  мураббиёни  боистеъдод,  навовар  ва эҷодкор мебошад.
Дар  даври  ҷумҳуриявии  озмун  шаш  довталаб  —  мураббии муассисаи  таҳсилоти  томактабии №2-и шаҳри Хоруғ Маҳина Мамадоиева,  мураббии   муассисаи  таҳсилоти   томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ Озодамо  Қодирзода,  мураббии муассисаи  таҳсилоти  томактабии  №5-и  шаҳри  Гулистон Муҳаррам Набизода, мураббии муассисаи   таҳсилоти  томактабии  №72-и  ноҳияи  Фирдавсии шаҳри  Душанбе  Малика  Саидова   ва  мураббии  муассисаи таҳсилоти  томактабии  №1-и шаҳри Ваҳдат Ҳамида Шарифова  аз  рӯйи  6  шарт:  муаррифии фаъолияти  педагогӣ,  дониш ва  маҳорати  касбии  мураббӣ, мизи  мудаввар,  машғулияти таълимӣ,  тасвир  намудан  ва сохтани  манзара  бо  дархости доварон  ва  таҳлили  ҳолатҳои равонӣ  ҳунару  маҳорати  худро нишон доданд.
Иҷрои  шартҳои  озмун  дар муассисаи  таҳсилоти  томактабии  №30-и  шаҳри  Душанбе ҷараён гирифт.
Дар шарти аввал – «Муаррифии фаъолияти педагогӣ» ҳар як довталаб оид ба муҳтавои кори хеш,  истифодаи  роҳу  усулҳои навтарин  дар  машғулиятҳои таълимӣ  ва  дастовардҳои соҳавӣ ба ҳайати  ҳакамон  иттилоъ доданд. Ҳамчунин, онҳо роҳҳо  ва  шаклҳои  ҳамкории мутақобила бо волидони тарбиягирандагонро тавзеҳ  бахшида,  гуфтанд,  ки  дар  ин  самт корҳоро  дар  сатҳи  зарурӣ  ба роҳ  мондаанд.  Дар  баробари ин, довталабон амалҳои эҷодии хешро дар шакли нақшаи корӣ, намунаи  машғулияти  кушод, маводи методӣ, мақолаҳои чопшуда дар нашрияҳои илмию методии  соҳавӣ,  воситаҳои  аёнии ҷавобгӯи раванди муосири таълим… пешниҳод намуданд. Дар  шарти  дуюми  озмун  довталабон  дар  бораи  дониш ва  маҳорати   касбии  хеш,  ки масъалаҳои  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии  соҳаи  маориф, зинаи  таҳсилоти  томактабӣ  ва барномаҳои  таълимию  тарбиявиро  фарогир  буд,  ба  ҳайати ҳакамон  маълумот  доданд.  Албатта,  ҷавобҳо  дар  сатҳи  гуногун буданд ва аз тарафи ҳайати ҳакамон  бо  шарҳу  таҳлил натиҷагирӣ гардиданд. Шарти сеюми озмун – «Мизи мудаввар»  вобаста  ба  масоили таҳсилоти  томактабӣ,  мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои  таълимӣ  тариқи қуръапартоӣ  гузаронида  шуд. Аз  ҷониби  ҳар  як  довталаб маҳорати  баҳсу  мунозираи мавқеи  касбӣ  ва  шахсӣ  дошта оид  ба  масъалаҳои  таҳсилоти томактабӣ ва афзалияти ин бахши муҳим нишон дода шуд. Қисмати  чаҳорум  ба  гузаронидани  машғулиятҳои таълимӣ вобаста буд. Довталабон ин гуна машғулиятҳоро дар гурӯҳҳои  синнусолӣ  мувофиқи талаботи  барнома  ва  ҷадвали махсус гузаронида тавонистанд. Шарти панҷуми озмун тасвир  намудан  ва  сохтани  манзара  бо  дархости  ҳайати  доварон  буд.  Дар  он   довталабон бо истифода аз маводи гуногун қобилияти  эҷодкории  худро санҷиданд. Дар  қисмати  охирин  – таҳлили  ҳолатҳои  равонӣ- педагогӣ  довталабон  дар асоси  ба  ҳисоб  гирифтани хусусиятҳои  синнусолӣ  ва  талаботи кӯдак дар мувофиқа бо вазифаҳои таҳсилоти томактабӣ ба ҳолатҳои равонӣ — педагогӣ ҷавобҳои  асоснок  дода,  роҳҳои бартараф  кардани  мушкилоти мавҷударо пешниҳод намуданд.
Чунонки  раиси  ҳайати ҳакамони  «Мураббии  соли Тоҷикистон-2022» Қутбиддин Муҳиддинзода қайд намуд, иштирокдорон —  довталабони озмун  ҳама  таҷрибаи  хуб  дошта, дар кори худ фаъолу пешсафанд.  Вале,  ба  ҳар  сурат,  озмун озмун аст ва он хусусиятҳои худро  дорад.  Ҳайати  ҳакамон аз  шахсиятҳои  шинохтаи  соҳаи таҳсилоти  томактабӣ  иборат буда,  ҳар  яке  ҷавоби  довталабонро  мунсифона  баҳогузорӣ намуданд. Узви  ҳайати  ҳакамон  Ҷ.  Набиева  изҳор  дошт,  ки  зимни баргузории  «Мизи  мудаввар» довталабон  аз  уҳдаи  ҷалби мусоҳибон ва баррасии масъала ба хубӣ баромаданд.
Лутфия  Имматзода  зимни таҳлили  фаъолияти  довталабон дар  самти  ҳалли  муаммоҳои педагогӣ  зикр  намуд,  ки  онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳолатҳои  психологиро  ба  хубӣ ба риштаи тасвир кашиданд.
Ҷамъбасти  озмун  25-уми  январи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати  маориф  ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,  ки  дар  он  вазири  маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазир Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони  муассисаҳои  тобеи вазорат,  намояндагони  раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони сабқати мазкур иштирок намуданд.
Ҳамин  тариқ,  мураббии  муассисаи  таҳсилоти  томактабии хусусии “Оиша”-и ноҳияи Восеъ Озодамо Қодирзода дар озмун маҳорату  малакаи  хуби  касбӣ нишон  дода,  сазовори  ҷойи  аввал  ва  соҳиби  мукофотпулӣ  ба маблағи 5 000 сомонӣ гардид. Вазири  маориф  ва  илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Раҳим Саидзода  ба  ғолиби  озмун ва  дигар  довталабон нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”,  сертификат барои  иштирок дар  озмуни ҷумҳуриявӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва  мукофотпулии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро тақдим намуд.

Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА,
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»