ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ШУД

Ҳафтаномаи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади нақшгузорӣ  дар  татбиқи  ҳадафҳои  Солҳои рушди саноат, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ —  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат  —  саноатикунонии  босуръат  эълон шудааст,  барои  беҳтарин  мақолаҳо  дар  мавзуи «Нақши  маориф  ва  илм  дар  татбиқи  ҳадафҳои Солҳои рушди саноат» аз оғози соли 2022 озмун эълон  карда  буд.  Озмун  таваҷҷуҳи  хонандагону алоқамандони  зиёди  ҳафтаномаро  ҷалб  кард  ва дар давраи беш аз даҳ моҳ (аз феврал то декабр) дар  ин  мавзуъ  интихобан  беш  аз  бист  мақолаи муаллифон  дар  саҳифаҳои  «Омӯзгор»  ба  нашр расид.  Ҳайати  доварон  навиштаҳои  муаллифон —  иштирокдорони  озмунро  дақиқан  мутолиа ва  таҳлилу  баррасӣ  намуда,  ба  чунин  хулоса расиданд:
Ҷои  I. Наргис  Ҷӯраева,  омӯзгори  синфҳои ибтидоии  гимназияи  №3  барои  хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, барои мақолаи «Неруи тавоно дар татбиқи ҳадафҳои воло»
Ҷои II. Ҳакималӣ Назаралиев, омӯзгори мактаби №17-и шаҳри Ҳисор, барои мақолаи «Шогирдони донишманду кордон»
Ҷои III. Қандил Убайдзода, устоди Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон  ба  номи  М.Осимӣ,  барои мақолаи «Мусоидгар ба рушди соҳаи саноат».
Ғолибон  бо  ифтихорнома  ва  ҷоизаҳои  махсуси ҳафтаномаи “Омӯзгор” мукофотонида шуданд.