КУРСҲОИ БОЗОМӮЗӢ – ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Дар замони муосир такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф ҷузъи таркибии таҳсилоти миллии кишвар маҳсуб ёфта, омили асосии баландбардории сифати таҳсилот ва сатҳи тайёрии касбии омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мебошад.
Такмили  ихтисоси омӯзгорон  дар  Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос  ва  бозомӯзии  кормандони соҳаи  маориф  ва  филиалҳои  он ба  амал  бароварда  мешавад. Ташкили  курсҳои  бозомӯзии касбӣ  яке  аз  вазифаҳои  асосии донишкада  ба  ҳисоб  рафта,  бо мақсади  ихтисосманд  намудани  омӯзгорони  ғайриихтисос пешбинӣ  мешавад.  Айни  ҳол дар  ҷумҳурӣ  зиёда  аз  128  ҳазор омӯзгор  ба  таълиму  тарбияи  насли  наврас  машғуланд, ки  мувофиқи  нишондодҳои оморӣ, миёни онҳо омӯзгорони ғайриихтисос  низ  ба  назар  мерасанд,  ки  ин  омил  ба  сифати таҳсилот бетаъсир буда наметавонад.
Имрӯз  ҷомеа,  пеш  аз  ҳама, ба  омӯзгори  дорои  дониш, қобилият,  малака  ва  маҳорати баланди касбӣ ниёзманд аст, зеро тақдири ояндаи насли наврас ба фаъолияти  самаранок,  масъулиятбор,  босалоҳият,  варзида   ва муносибати дилсӯзонаи омӯзгор вобаста аст. Ба назари мо, аслан омӯзгорони ба бозомӯзии касбӣ ниёздоштаро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:
— гурӯҳи якум — иваз намудани тахассуси  касбӣ  ва  азхуд  кардани касби нав;
— гурӯҳи дуюм — ғанӣ гардонидани  дониши  касбӣ  ва  ҳамвора рушд  додани  маҳорат  ва  малакаи педагогӣ.
Мактабшиноси  маъруф Ҳабибулло  Бобоев  дар  китоби худ  “Мавқеъ  ва  мақоми  такмили  ихтисос  дар  низоми  миллии  таҳсилот”  барои  омӯзгори касбӣ як қатор талаботро муайян  намудааст,  аз  ҷумла:  тайёрӣ ва  малакаи  касбӣ,  донистану истифода  бурда  тавонистани технологияи  информатсионӣ ва  методҳои  муосири  таълим, таҳаммулпазирӣ,  доштани  дониши  психологӣ,  мутобиқ  будан  ба  муносибатҳои  нави иҷтимоию  иқтисодӣ,  эҷодкору навовар  будан,  ҷаҳонбинӣ  ва намунаи  ибрат  будан.  Доираи салоҳиятҳои  омӯзгор  барои омӯзгорон 3 салоҳияти асосӣ — дониши касбӣ, арзиш ва муносибати касбӣ ва маҳорати касбиро муайян намудааст.
Бояд  тазаккур  дод,  ки омӯзгор  дар  раванди  таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии педагогӣ  салоҳиятҳои  муайяншударо азхуд мекунад. Вале барои  ихтисоси  дигарро  таълим додан  омӯзгорро  зарур  аст,  ки нозукиҳои  ихтисосҳои  гуногунро  азбар  намояд.  Яъне,  мазмун ва муҳтавои фанро комилан донад. Барои мисол, омӯзгори фанни таърих аз фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқи инсон дарс мегӯяд. Дуруст  аст,  ки  аз  нигоҳи  равия фанҳои  ҷамъиятӣ  ҳастанд,  вале аз  нигоҳи  мазмун  ва  муҳтаво фарқияти  калон  дида  мешавад. Зарурати  дигар  барои  ташкил намудани  курсҳои  бозомӯзӣ, ҳавасмандии  моддии  омӯзгорон мебошад.  Дар  асоси  моддаи 49-и  “Тартиби  пардохти  музди меҳнати  кормандони  соҳаи  маориф” — «Меъёри музди меҳнати муаллимони  муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ,  ки  таҳсилоти касбӣ  надоранд  (пас  аз  хатми муассисаи  таҳсилоти  умумӣ (синфи 11) фаъолият доранд), ба андозаи  70  фоизи  меъёри  музди меҳнати  муаллимони  таҳсилоти миёнаи  касбидоштаи  бе  дараҷа муқаррар  мешавад.  Агар омӯзгор таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии  ғайрипедагогӣ  дорад, ё  аз  фанни  ғайриихтисос  дарс медиҳад, музди меҳнати ӯ аз рӯи таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ бе дараҷа пардохт карда мешавад».
Аслан  бозомӯзии  касбӣ  аз таҳсилоти  дуюм  чӣ  фарқ  дорад?  Бозомӯзии  касбӣ  барои  ба даст  овардани  салоҳиятҳо  (дониш  ва  малака)  барои  иҷрои намуди  нави  фаъолият  равона  карда  шудааст.   Дар  шакли таълими  таҳсилоти  дуюм  ва бозомӯзии  касбӣ  фарқиятҳои назаррас  мавҷуданд.  Донишҷӯи таҳсилоти  дуюм  ба  ғайр  аз фанҳои  тахассусӣ,  инчунин, фанҳои  умумиро  дар  муддати чанд сол меомӯзад. Иштирокчиёни курсҳои бозомӯзии касбӣ дар доираи  як  тахассус  (дониш  ва методикаи таълим) дар муддати хеле кӯтоҳ касбро азхуд менамоянд.  Давомнокии  мушаххаси  он аз  ихтисоси  интихобшудаи  шунаванда   вобаста  аст.  Ҳангоми гирифтани  таҳсилоти  дуюм  дар муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбӣ,  одатан  шаклҳои  рӯзона ва  фосилавии  таҳсил  истифода мешаванд. Дар бозомӯзии касбӣ шакли  ғоибона  ва   фосилавии таҳсил имконпазир аст.
Афзалиятҳои  бозомӯзии касбӣ дар муқоиса бо таҳсилоти дуюм ба гунаи зер мебошад:
— камхарҷ;
— таваҷҷуҳ ба амалия;
— кам будани вақти омӯзиш;
—  имконияти  таълими  пурраи ғоибона ва фосилавӣ.
Таҳлил  ва  мушоҳидаҳо  нишон  медиҳанд,  ки  курсҳои бозомӯзии  касбии  омӯзгорон дар  аксар  кишварҳои  ҷаҳон ташкил  карда  шуда,  ба  хатмкунандагони  он  диплом  дода мешавад.  Айни  ҳол  бозомӯзии касбӣ  дар  ҷумҳуриҳои  Беларус,  Қазоқистон,  Ӯзбекистон, Федератсияи  Русия  ва  соири давлатҳои  муваффақи  ҷаҳон роҳандозӣ гардидааст.
Раёсати  донишкада  бо мақсади  омӯзиши масъала  ва таҷрибаомӯзӣ   мутахассисони донишкада ва филиалҳоро ба Донишкадаи миллии тадқиқотии рушди  касбӣ  ва  методикаи  муосири  таълим  барои  омӯзгорон ба  номи  А.  Авлонии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  Донишкадаи бозомӯзии касбӣ ва  такмили ихтисоси  Донишгоҳи  давлатии Ленинград ба  номи  А.С.  Пушкин,  Академияи  байналмилалии муосири таҳсилоти  касбӣ, Академияи баъдипломии таҳсилоти педагогӣ, Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Санкт-Петербурги Федератсияи  Русия  ва  Донишкадаи  ҷумҳуриявии  таҳсилоти касбӣ,  Донишгоҳи  давлатии информатика  ва  радиоэлектроника,  Донишкадаи давлатии педагогии  ба  номи  М.Танка ва  Академияи  таҳсилоти  баъди дипломии Ҷумҳурии Беларус  сафарбар  намуданд.  Зимни таҷрибаомӯзӣ  маълум  гардид, ки курсҳои бозомӯзии касбӣ барои омӯзгорони ғайриихтисос ва ғайриихтисоси  педагогӣ  тариқи шартномавӣ  аз  3  моҳ  то  1  сол роҳандозӣ гардидааст.
Аз  таҳлилҳои  боло  ба  хулосае  омадан  мумкин  аст,  ки  дар Донишкадаи  ҷумҳуриявии  такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони  соҳаи  маориф,  ҳуқуқи аз  рӯйи  12  ихтисос  (омӯзгори забон  ва  адабиёти  тоҷик,  забони англисӣ,  забони  русӣ,  таърих  ва ҳуқуқ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ, математика, технологияи  иттилоотӣ,  физика, химия,  биология,  география  ва технология)  ташкили  курсҳои бозомӯзии касбии омӯзгороне, ки соҳиби  таҳсилоти  олии  педагогӣ буда,  ғайриихтисос  фаъолият  менамоянд, талаби замон мебошад.

Ҷамшед НАМОЗЗОДА,
ректори ДҶТИБКСМ,
Саидашраф ҲАСАНОВ,
ёвари ректор