ФАЪОЛИЯТИ ҲАМАГОНӢ МЕБОЯД

Дар кишвари маҳбубамон гуфтугузорҳо перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (23.12.2022) идома доранд, балки боз ҳам вусъат пайдо мекунанд. Ин табиист, зеро Паём бо ҳаёту фаъолияти ҳар як сокини Тоҷикистон пайванди қавӣ дорад ва дар он вазъи имрӯзу фардои ҷомеа чун дар оина равшан инъикос ёфтааст. Сарвари кишвар дар оғози Паём чунин иброз доштанд:
«Соли 2022 барои Тоҷикистони азизи мо, дар маҷмуъ, соли бобарор  буд».  Дар  паси  ин  як  ҷумла чӣ  қадар  комёбиву  корномаи халқи  тоҷик  дар  дарозои  соле дарк  мешавад!  Воқеан,  чун  аксар  солҳои  пешин  дар  давоми соли сипаришуда низ аҳли диёри арҷмандамон  таҳти  роҳбарию роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои  миллат  бо  дасту  дили  гарм ва азму иродаи матин кор карда, ба  боз  ҳам  ободу  зебою  пешрав гардидани  Ватанамон  мусоидат карданд.  Дар  саросари  ҷумҳурӣ навгониҳои  зиёде  ба  вуқуъ  пай-вастанд,  ки  ҳама  боиси  боз  ҳам такмил ёфтани вазъи некуаҳволӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум гардиданд.  Ин  нахустҳадафи  сиёсати ватандӯстонаву  халқпарваронаи Президенти  муҳтарами  кишварамон  аст.  Дар  Паём  вобаста  ба ин  нукта  Сарвари  кишвар  таъкид  карданд:  «Тавре  борҳо  зикр намудам,  ҳадафи  олии  давлат  ва Ҳукумати  мамлакат  мунтазам баланд  бардоштани  сатҳу  сифати  зиндагии  мардуми  азизамон мебошад».  Пешвои  миллат  ба мақомоти  марбута  супориш  доданд,  ки  пешрафти  устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати  рушди  иқтисодиро  дар сатҳи на кам аз ҳашт фоиз таъмин намоянд.  Яъне,  дар  соли  равон ҷумҳуриамон ба пешрафтҳои навин мушарраф хоҳад гашт ва албатта, вобаста ба ин некуаҳволии аҳолӣ  боз  ҳам  бештар  таъмин хоҳад шуд.
Чунонки аз Паём  бармео-яд,  рушди  мамлакат  дар  тамоми  соҳаҳо  чашмрас  ва  муассир аст.  Ин  ҷо  соҳаи  маориф  низ истисно  нест.  Сарвари  кишвар ба  ин  соҳа  дар  баробари  тамоми  суханрониҳояшон  дар  ҳар  як Паём  низ  таваҷҷуҳи  зиёд  зоҳир мекунанд.  Дар  Паёми  навин  ҳам Пешвои  миллат  махсус  таъкид бинмуданд:  «Бори  дигар  таъкид менамоям,  ки  бунёди  миллати мутамаддин  аз  маориф  оғоз  меёбад».  Таърих  борҳо  собит  кардааст,  ки  омили  муҳимтарини такомули  ҳар  як  давлату  миллат  маҳз  соҳаи  маориф  аст,  зеро саводнокии  амиқу  фарогири кулли  шаҳрвандон  таконбахши тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар – иқтисодиёт,  иҷтимоиёт  ва  сиёсат мебошад. «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи  илму  дониш,  саводу маърифат ва омӯзгорро чун мафкурасозу  тарбиятгари  насли  наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром  гузоштанро  аз  ҷумлаи масъалаҳои  муҳимтарин  медонем»,  —  иброз  доштанд  Сарвари кишвар  дар  Паём.  Маҳз  мактаб ҷаҳолатро аз байн мебарад, хирадро густариш мебахшад ва машъали илму маърифатро меафрӯзад. Вақте ки хираду маърифат тантана мекунаду ҳамаро фарогир мешавад, ҷомеа пеш меравад, сулҳу субот  таъмин  мегардад,  мардум рӯзгори осуда ба сар мебаранд.
Имрӯз  вақти  он  расидааст,  ки сатҳи  илм  ва  таълиму  тарбия  дар ҷумҳурӣ  тадриҷан  ба  меъёрҳои ҷаҳонӣ  мутобиқ  карда  шавад.  Ин масъалаи мубрам ва хеле ҷиддиро Пешвои миллат дар Паём чунин ба миён  гузоштанд:  «Вазъи  имрӯзаи илми  кишвар  тақозо  менамояд, ки  ҷихати  ба  равандҳои  ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи  замони  муосир  ба  роҳ мондани  фаъолияти  муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд».
Вазифаҳо дар назди аҳли илму маориф дар кишварамон давра ба давра бовусъаттар мегарданд. Ин ҳолат аз кормандони соҳа, махсусан, аз мо – омӯзгорон фаъолияти  бештар,  навоварию  эҷодкорӣ тақозо дорад. Вобаста ба ин, пеш аз ҳама, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ  нуктаҳои  Паём  бояд ба  таври  ҷиддӣ  ва  амиқ  омӯхта шаванд  ва  мувофиқан  ба  онҳо нақшаҳои  ҳадафманду  фарогир таҳия  гарданд.  Паёми  Пешвои миллат дастурамали комили кормандони  тамоми  соҳаҳои  ҳаёти мамлакат  аст.  Раҳнамоест,  ки моро ҳидоят ба сӯи қуллаҳои навин  мекунад,  илҳомбахшу  неруафзои  фаъолиятамон  мешавад. Бикӯшем, ки соли 2023 низ барои Ватани маҳбубамон пурфайзу баракат ва хотирмон бигардад.

Марҷона АЗИЗМУРОДОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №92-и ноҳияи Сино