МАСЪУЛИЯТИ АҲЛИ МАОРИФ МЕАФЗОЯД

Дар ҳар давлати мутамаддину башарпарвар, дар ҳар кишваре, ки таваҷҷуҳ ба фардои ободу шукуфои миллат махсусу комил аст, ба соҳаҳои иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ ва ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Дар ин росто, соҳаи маориф мақоми баландеро дорост, зеро ба таъкиди аҳли хирад, маориф омили таъмини пойдории давлату миллат аст.

 Ҳар  кишваре,  ки  ба  ин соҳа  таваҷҷуҳу  эътибори рӯзафзун  дорад,  бешубҳа,  ба  комёбиву  пешравиҳои  мунтазам  ва пурсамар  ноил  мегардад.  Боиси ифтихору  шарафмандии  мост, ки  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ  –  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар сиёсати  дурандешонаву  хирадмандонаи  худ  ба  соҳаи  маориф диққати бештару бавусъат зоҳир мекунанд, ин  соҳаро тақдирсози миллат медонанд ва таъкид менамоянд,  ки  рушди  бонизому  пайвастаи  мамлакат,  пеш  аз  ҳама, бо  вазъи  маориф ва фаъолияти кормандони ин соҳа  иртиботи қавию  ногусастанӣ  дорад.  Сарвари  кишвари  мо  зимни  сафару боздидҳояшон  дар  манотиқи гуногуни  ҷумҳурӣ  ҳатман  аз муассисаҳои  таълимӣ  дидан  намуда,  бо аҳли  таълиму тарбия суҳбатҳои ошкорову самимӣ меороянд, арзу ниёзашонро мешунаванд, дастгириашон мекунанд ва дастурҳо  медиҳанд.  Бо  ибтикору ғамхории Сардори давлат солҳои охир  бунёди  мактабҳо дар саросари  ҷумҳурӣ  авҷи  тоза  дарёфтааст  ва  таълимгоҳҳо  бо  ашёву таҷҳизоти  муосир,  бо  воситаҳои техникӣ  ҳар  чи  бештар  таъмин мешаванд.  Суханони  Пешвои миллат  дар  Паёмҳояшон  ба Маҷлиси  Олӣ  далели  равшантарини таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мебошанд. Ҳар сол дар Паём нисбат ба аҳли таълиму  тарбия  суханони  самимию сурурбахш садо медиҳанд. Паёми ба  тозагӣ  ироанамудаи  Пешвои миллат  низ  аз  ин  ҷиҳат  истисно нест. Сарвари кишвар як қисмати муҳими  Паёмро  ба  таҳлилу  баррасии вазъ ва сатҳи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ бахшида, аз ин хусус бо  таваҷҷуҳи  махсус  суханронӣ карданд.  Чӣ  қадар  меҳрбору эътиқодмандона  садо  доданд  ин суханони  Президенти  муҳтарам дар  Паём:  «Мо  мактабро  ба ҳайси  боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси  мафкурасозу  тарбиятгари насли  наврас  эътироф  карда,  ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи  масъалаҳои  муҳимтарин медонем.  Зеро  агар  мактаб  ва омӯзгор  набошад,  сатҳи  маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор  мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу  субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз  ҳама,  рушди  давлат сахт халалдор мегардад».  Президенти  ҷумҳурӣ  таъкид  карданд, ки ғамхорӣ ба соҳаи маориф ва кормандони  он  ғамхорӣ  нисбат ба таъмини рушди неруи инсонӣ мебошад. Сарвари кишвар бори дигар тавзеҳ бахшиданд, ки мақсаду ҳадафи асосӣ вобаста ба татбиқи тамоми  ибтикору  иқдомҳо  дар соҳаи илму маориф, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатмандии миллат, батадриҷ боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбияи мутахассисони созгори замон аст.

Аз  ин  ҷост,  ки  Пешвои  миллат  чун  дар  Паёми  соли  2021  бо қатъият  изҳор  доштанд:  «Бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди  миллати  мутамаддин  аз  маориф оғоз меёбад».

Ҳамакнун  аҳли  маорифро мебояд,  ки  нақшаи  фаъолияти худро  дар  соли  2023 дар  асоси дастуру  нишондодҳои  Паёми Пешвои  миллат  такмил бахшида, саҳмгузор барои пешрафти минбаъдаи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бошанд ва шогирдони шоиста – бунёдкорони  ояндаи  дурахшони  Ватанро дар  сатҳи  баланд  тарбия  намоянд.

Ҷидду  ҷаҳд  ва  тамоми  неруи зеҳнии  аҳли  маориф,  чунонки дар  Паём  таъкид  шудааст,  бояд ба  мутобиқи  талаботи  замони гардидани  сатҳу  сифати  таълиму  тарбияи  насли  наврас  равона  карда  шавад.  Барои  ин  мо, омӯзгорон,  бояд  фаъолиятамон вусъат  бахшем,  аз  усулҳои  фаъолу  пурсамари  таълиму  тарбия истифода барем, бояд суханамон, амаламон  ҳадафгиру  муассир  ва созанда  бошад.  Дар  ҷомеаи  мо аҳли  маориф  вазифаҳои  пуршарафу  ифтихорӣ  дар  назди  халқу миллат  доранд  ва  ин  аз  онҳо масъулияти зиёд тақозо дорад.

Илмия ҚОДИРОВА,

омӯзгори географияи

литсейи ДБССТ