ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ ОМӮЗГОРОНИ МУВАФФАҚ

Омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ аз ҷониби омӯзгорони ҷавон ба такомулу ташаккули донишу маҳорати онҳо мусоидат мекунад.

Омӯзгори  замони  муосир  бояд ҳамасола  дар  фаъолияти педагогии  худ  тағйиру  таҳаввул  ва пешрафти  назаррасро  эҳсос  намояд, то дар раванди таълиму тарбияи насли наврас  ба  монеаву  мушкилиҳо  дучор наояд.

Маълум аст, ки ба ҷуз китоби дарсӣ истифода,  аз  манобеъ  ва  сарчашмаҳои илмӣ-назариявӣ,  методӣ  ва  васоити технологии  муосир  ва  ғайра  дар  аз худкунии дониш ба шогирдон аҳамияти калон  дорад.   Дар  умум,  метавон маҳорату  малакаи  як  омӯзгори  ҳирфаӣ ва собиқадорро дар се омил хулоса кард:

  1. Омӯзгоре, ки  дониш  ва  малакаю маҳораташ комил аст;
  2. Муаллиме, ки таҷрибаи тӯлонӣ дар пешаи омӯзгорӣ дорад;
  3. Омӯзгоре, ки ҳунари  пешниҳоди методикаи таълимро бо усулҳои гуногун дорост.

Таҷриба  ва  мушоҳидаҳо  нишон медиҳанд,  ки  шояд  мо  муаллимонеро мешиносем,  ки  собиқаи  тӯлонии педагогӣ  доранд,  аммо  натавонистанд ба  ҳайси  омӯзгори  касбӣ  ва  муваффақ фаъолият  кунанд.  Ҳамчунин,  бо омӯзгороне  вомехӯрем,  ки  аз  ҷиҳати таълиму  усулҳои  идоракунӣ дар  вазъияти  муносиб ҳастанд,  аммо  натавонистанд диққати хонандагонро ба худ ҷалб намоянд, пас чӣ омилҳо боис  шудааст,  ки  ин  гуна афрод  ба  ҳайси  омӯзгори ҳирфаӣ  ва  касбӣ  фаъолият карда  наметавонанд.  Ва аслан, ба ҷуз донишу таҷрибаи омӯзгорӣ,  оё  дар  фаъолияти омӯзгорӣ дигар сабабҳо вуҷуд доранд?

Дар  ҷавоб  бояд  гуфт,  ки муаллим пеш аз пазируфтани масъулияти  омӯзгорӣ  бояд моҳият  ва  ҳадафи  асосии рисолати  омӯзгориро бидонаду  дарк  намояд, омилҳои руҳӣ ва равонии худро дар ин самт  бисанҷад  ва  бо  виҷдони  хеш  аҳд кунад,  ки  бо  пазириши  ин  масъулияти басо  муҳим  оё  ба  хубӣ  аз  уҳдаи  он бармеояд ё не?!

Барои  шиносоӣ  ва  дастёбии муаллимони  соҳибтаҷриба  роҳҳои гуногуни тарғиби фаъолияти онҳо вуҷуд дорад,  ки  баъзе  аз  онҳоро  пешниҳод менамоем:

  1. Машварат бо  афроди  мутахассис дар  раёсату  шуъбаҳои  маорифи  шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ;
  2. Машварат бо директори мактаб;
  3. Машварат бо  муовини  директор оид ба таълим;

а) Тавассути васоити ахбори омма;

б)  Тавассути  шабакаҳои  иҷтимоии интернетӣ;

  1. Аз тарафи  баъзе  аз  волидон  ва  ё дӯстоне,  ки  муваффақияти  кадом  як  аз муаллимеро ба исбот расонидаанд;
  2. Аз роҳи осор ва таълифоти методии онон;
  3. Аз роҳи  мушоҳидаи дастоварду  комёбиҳои шогирдони  он  омӯзгорон  дар озмун ва олимпиадаҳо.

Омӯзгори  асил  дорои хислатҳои зерин аст:

  1. Дониши худро  нисбат ба  фанни  дарсӣ  бо  воситаҳои гуногун такмил медиҳад;
  2. Бо технологияи  муосири замон  ва  усулҳои  фаъоли таълим пурра ошноӣ дорад;
  3. Ҷиҳати пешбурди ҳадафҳои  таълиму  тарбият аз  равишҳои  “Ташвиқ  ва ҳавасмандкунӣ”,  “Эҷоди рӯҳияи  баланд”,  “Мукофот додан”,  “Пӯшонидани  айбҳо” ва  ғайраро  барои  хонандагон истифода мекунад.
  4. Аз огоҳии  сиёсӣ  бархӯрдор  буда, хонандагонро  дар  рӯҳияи  ватандӯстӣ, худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия менамояд.

Самариддин САМАДӢ,

ходими калони илмии ДҶТИБКСМ