ТАЪРИХИ МАТЕМАТИКА ҶОЛИБ АСТ

Нақши илми математика дар ташаккулу равнақи ҳаёти инсоният хеле барҷаста аст. Ин илм барои зиндагии сазовор ба аҳли башар мадад расондаву ба ҳаллу гиреҳкушоии мушкилоти зиёде мусоидат кардааст. Ба шарофати математика, аз ҷумла, интиқоли неруи барқ ба дуродур, омӯзиши амиқи ДНК, кашфи компютер… имконпазир гардид, ки ин ҳама дар ҳаёти мардуми сайёра табаддулоти мусбӣ ба амал оварданд.

Бидуни  истифода  аз қонуниятҳои ин илми муқтадир  олимон  наметавонистанд  як  қатор  доруворро  коркард  намоянд, муҳандисон  дар  таҳқиқи технологияҳои  навин  бе рӯй  овардан  ба  математика  нотавон  мемонданд. Математика  дар  тамоми бахшҳои  зиндагӣ  ёвари мардум мебошад. Онро метавон  ҳамчун  калиди  дари комёбиҳо  муаррифӣ  кард. Одамон  новобаста  аз  касбу корашон  ҳамарӯза  бо  математика  иртибот  доранд. Аз ин рӯ, омӯзиши ин фанни  мушкилкушо  ба  ҳама шарту  зарур  аст.  Албатта, математика ҳамчун илм дар ҷои холӣ арзи ҳастӣ накардааст ва дорои таърихи дерин мебошад. Барои ҳамчун илми  муҳим  ва  мададгори ҷомеа  ташаккул  ёфтани  он омилҳои  зиёде,  аз  ҷумла, ҳаводиси  рӯзгор,  таҷрибаи зиндагӣ,  додуситади  одамон, кашфиёту мушоҳидаву таҳқиқоти  олимон  мусоидат  кардааст.  Махсусан, нақши  олимони  риёзишинос (математик) дар рушди ин  фан  чашмрас  мебошад. Номи  олимони  математик Евклид,  Архимед,  Леонард Эйлер, Исаак Нютон, Карл Фридрих  Гаусс,  Пифагор, Семя  Бернулли,  Фибоначчи,  Девид  Гилберт,  Анри Пуанкаре,  Бернхард  Риман дар таърихи башар машҳур аст, зеро онҳо барои густаришёбии илми математика хидмати  бузургу  мондагор кардаанд.  Дар  инкишофи илми  математика  олимони маъруфи  қитъаи  Осиё  (аз ҷумла,  Чину  Ҳиндустон) низ  ҳиссагузор  буданд. Кашфиётҳои  хеле  муҳиму гардишсоз  дар  математика  бо  номи  олимони тоҷик  алоқамандӣ  доранд. Муҳаммад  ал  –  Хоразмӣ, Умари  Хайём,  Насруддини Тӯсӣ,  Абдулвафо  Бузҷонӣ, Собит  ибни  Қурра…  олимонеанд, ки дар таърихи математикаи ҷаҳонӣ сафҳаҳои заррин  бо  номи  онҳо  пайванд  дарёфтаанд.  Яке  аз комёбиҳои  бузурги  олимони  Осиёи  Миёна  ба  вуҷуд овардани  алгебра  ҳамчун илми  мустақил  мебошад. Риёзидони  маъруфи  асри IX  Муҳаммад  ибни  Мусо ал  –  Хоразмӣ  дар  китоби машҳураш  «Китоб-ул-ҷабр вал-муқобала»  алгебра (алҷабр)-ро аз ҳар ҷиҳат ба таври  возеҳу  фаҳмо  тавсиф  бахшида,  собит  месозад,  ки  он  илми  махсус  аст ва  дар  ҳаёти  аҳли  башар мавқеи  аввалдараҷа  дорад. Тавсифҳои  ал-Хоразмӣ барои  гиреҳкушоии  бисёр масъалаҳои  математикӣ мусоидат  кардаанд.  Ал-Хоразмӣ  имрӯз  дар  байни математикҳои  Аврупо  низ эътироф шудааст ва таъкид гардида, ки муаллифи аслии бисёр  бузургиву  мафҳуму муодилаҳои  илми  алгебра ва  низ  математика  маҳз ҳамин  олими  барӯманди тоҷик аст.

 Риёзидонҳои  мумтози Осиёи  Миёна  ба  коркарди усулҳои  тақрибии  ҳалли баъзе  намудҳои  хусусии муодилаҳои  дараҷаи  олӣ машғул шуда, ба комёбиҳои муҳим  мушарраф  гардидаанд.  Назар  ба  таъкиду эътирофи  аҳли  таҳқиқ  ва риёзидонҳои  Осиёи  Миёна, Ғиёсиддин  Кошонӣ  (олими маъруфи  тоҷик)  бо  ҳадафи ҳалли  муодилаи  кубӣ  усули  интератсионии  аҷибу ҷолиберо  кашф  кардааст, ки онро дар асри XIX (баъди  беш  аз  300)  сол  риёзидони  англис  Ҳорнер  аз  нав кашф  намуду  олими  рус Т.Ф.Осиповский  баъдтар усули  мазкурро  ба  китоби машҳури  «Курси  риёзӣ» ворид  сохт.  Риёзидонҳои тоинқилобии тоҷик ҳамчун асосгузорони илми  тригонометрия  низ  шинохта шудаанд.  Баъдан  ин  илм марҳила  ба  марҳила  рушд ёфта,  ба  илми  мустақил (қаблан  шохаи  математика-алгебра  шинохта  мешуд)  табдил  ёфт.  Чун  ҳар ҷо  сухан  аз  аллома  Умари Хайём  меравад, таъкид  мекунанд, ки ин  файласуф, нуҷумшинос,  шоир  ва  оли-ми маъруфи тоҷик яке аз хирадмандтарин  риёзидонҳо низ  дар  таърихи  башар буд.  Ба  василаи  таълифи китобаш  бо  номи  «Доир ба  исботи  масъалаҳои ал-ҷабр  ва  ал-муқобала»  ин донишманди беҳамто усули умумии  геометрии  ҳалли муодилаҳои  кубиро  кор карда,  зимнан  нуздаҳ  намуди  ин  муодилаҳоро  ба риштаи таҳқиқ кашида, дар таҳқиқи  илмҳои  дигар  низ бомуваффақият  истифода бурд.  Ҳатто  дар  рубоиёти ӯ  унсурҳои  математикӣ  ба мушоҳида мерасанд.

Олимони  математики муосири тоҷик  анъанаҳои ниёгони шуҳратёру тавонои худро шарафмандона ва бо камоли масъулият идома мебахшанд.  Дар  ҷумҳурии соҳибистиқлоли  мо  бо  ибтикори  Сарвари  кишвар солҳои 2020-2040 Даҳсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,  риёзӣ  ва дақиқ  дар  соҳаи  илму  маориф эълон шудааст. Дар доираи ин тадбири муҳим дар қатори  кору  амалиёти  дигар ҳар чи бештар омӯхтани таърихи математикаи тоҷик ва фаъолияти  риёзидонҳои машҳури  миллат  судманд хоҳад буд.

Сафарбӣ ҲАМИДУЛЛОЕВА,

омӯзгори математикаи мактаби №42-и

ноҳияи Фирдавсӣ