ЛАЗЗАТИ «ҚАНДИ ФАНД»

Ҳар асари хубу хонданӣ метавонад инсонро болидаву хушҳол бинмуда, ба рушди тафаккуру маънавии вай такони ҷиддӣ бахшад. Барои ҳар як адиб сабку шеваи навишт ва таълифи асари ҷолиб осон нест, маҳорату истеъдод ва малакаро тақозо мекунад. Ҳар сол дар кишвари мо садҳо китоб ба нашр мерасад, ки на ҳамаи онҳо шоистаи омӯзишу мутолиа ва таҳлил мебошанд. Вале адибону нависандагоне ҳастанд, ки бо сабку услуби вижа ва дарёфти масъалаҳои мубрами рӯз табъи хонандагонро баланд мебардоранд.

Дар  ин  миён  яке  аз  нависандагони чирадаст, ки бо таълифи асарҳои хонданиву  ҷолиб  дар  дилу  дидаи  хонандагон  ҷой  гирифтааст,  Ҳакималӣ Назаралӣ  мебошад.  Бо  вуҷуди  он  ки  ӯ дар яке аз деҳаҳои дурдасти шаҳри Ҳисор зиндагӣ  ва  кору  фаъолият  мекунад,  бо диду  ҷаҳонбинии  васеъ  тавонистааст  худро  ҳамчун  адиби  тавоно  муаррифӣ  намояд.  Бо  матбуоти  даврӣ  ҳамкории  густурда  дорад  ва  навиштаҳояш  мунтазам дар  нашрияҳои  даврӣ  ба  табъ  мерасанд, ки  ин  аз  пурмутолиаву  эҷодкори  асил буданаш  шаҳодат  медиҳад.  Бо  нашрияи «Омӯзгор»  низ  ҳамкории  қавӣ  дорад  ва бо  шеваи  махсуси  нигориш  масоили  умдаи  маориф,  таълиму  тарбияро  баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онро пешниҳод мекунад. Ҳикояву ҳаҷвия ва тарҷумаҳояш низ дар саҳифаи   адабии  нашрия  мунтазам  чоп мегарданд.

Ба шарофати адиби номвар Абдурауф Муродӣ камина бо ӯ ҳамсуҳбат гардидаву аз  китобхонаи  шахсиаш,  ки  дар  хонааш бунёд  кардааст,  дидан  намудам.  Китобхонаи мавсуф махзани илму хирадро мемонад. Китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо бо тартиби  муайян  ҷойгир  карда  шудаанд, ки  ин  аз  заҳматматписанду  пурмутолиа будани  адиб  дарак  медиҳад.  Дарвоқеъ, устод  Ҳакималӣ  Назаралӣ  пуркору сермаҳсул  буда,   ҳар  сол  чанд  китоб  ба нашр  мерасонад.  Дар  китобҳояш  ба  масоили  иҷтимоии  ҷомеа  дахл  бинмуда, дар  қолаби  бадеият  пешниҳоди  хонанда мегардонад. Ӯ дар соҳаи ҳаҷв низ қалами расо  дошта,  бо  табъи  зариф  ва  қолаби махсус мушкилоти ҷомеаро баррасӣ мекунад, ки ин омил, аз як тараф, хонандаро механдонад, аз ҷониби дигар, мушкилоти ҷомеаро бозгӯ мекунад. Дар ин самт низ чанд китобаш ба нашр расидааст.

Китоби  нави  Ҳакималӣ  Назаралӣ таҳти  унвони  «Қанди  фанд» (Душанбе:  Нӯшбод,  2022.  – 136  саҳ.)  ба  нашр  расид,  ки дар  он  навиштаҳои  ҳаҷвиаш гирд  оварда  шудаанд.  Муаллиф  дар  ин  китоб  хонан-даро  ба  нешханд,  писханд, заҳрханд, нӯшханд, мушханд, ришханд,  пӯзханд,  шакарханд  ва  лабханд  водор  месозад.  Навиштаҳои  китоби мазкур  бо  сабку  услуби  махсус  эҷод  гардида,  хонандаро дар  баробари  хандондан  ба фикр  кардан  водор  менамояд,  ки  ин  аз  авлавияти  ҳаҷв дар  дарозои  таърих  шаҳодат  медиҳад. Қаҳрамонони  навиштаҳояш  аксаран шахсони воқеӣ ҳастанд, онҳоро дидааст, бо  онҳо  ҳамсуҳбат  гардидааст,  аз  кору пайкори онҳо огоҳ аст ва рафтору кирдори  онҳоро  мушоҳида  бинмудааст.  Аз  ин ҷост,  ки  навиштаҳояш  дилчаспу  дилнишин  ва  воқеӣ  садо  медиҳанд  ва  хонанда ба вуқуи ҳодисаҳо бовар мекунад. Тарзи баёнаш  низ  зарифу  дилчасп  аст,  дар  он агар  хислату  атвори  касеро  ба  риштаи ҳаҷв кашида бошад ҳам, боиси ранҷиши он  шахс  намегардад.  Навиштаҳои  китоб кӯтоҳ,  вале  ҳадафманд  мебошанд.  Зеро вижагии  ҳаҷв  дар  шакли  кӯтоҳ  баён  намудан  буда,  масоили  иҷтимоии  ҷомеаро барои  хонанда  таҷассум  менамояд.  Масалан, муаллиф дар навиштаи «Иқрор ба худ»,  ки  ҳамагӣ  аз  се  ҷумла  иборат  аст, менигорад:

«Аз  дидори  чанд  нафар  нохуш  мешавам, қалбам ранҷур мешавад, «набинаму насӯзам», мегӯям, вале он хунукбашараҳо рӯ ба рӯям мешаванд… Исто, ки дигарон низ аз дидани рӯйи банда дилсард мешуда бошанд? Оё гиребони худро бӯйида метавонем?…».

Аз  ҳамин  матн  хонанда  зуд  дарк  мекунад,  ки  дар  хулоса  баровардан  ба рафтору  кирдори  дигарон  худдорӣ  бояд кард.  Пеш  аз  оне,  ки  касеро  бад  ё  сухани  носазо  гуфтанӣ  мешавӣ,  нахуст  он андешаро  нисбат  ба  хеш  арзонӣ  бидор, ки  неруи  тавону  бардошти  онро  дорӣ. Ҳамин  гуна,  ҳар  навиштаи ин  китоб  ҳадафрасу  ҷолиб аст. Дар матолиби китоб муаллиф  ҳамчун  мушоҳидакор зуҳур  мекунад  ва  воқеиёту ҳодисоти  гирду  атрофашро маърифат менамояд ва хулосаву  андешаҳояшро  ҳамчун натиҷаи  таҷрибаи  ибратбахшу муфид манзур медорад.

Ҳакималӣ  Назаралӣ  дар баробари  адиб  будан,  ҳамчун омӯзгор  ба  хонандагон  дарс гуфтааст ва аз ин рӯ, бештари нигоштаҳояш ба масоили таълиму тарбия бахшида шудааст ва масоили мазкурро дар меҳвари асарҳояш метавон  мушоҳида  кард.  Дар  ҳаҷвияи «Қанди фанд», ки номи китоб аз он бармеояд, муаллиф инсонро аз руҳафтода нашудан, мушкилот, гирудори зиндагӣ, хиёнату ғоратгарӣ ва  кирдорҳои  бад  ва  ҳамеша хушҳол  буданро  тақозо  мекунад.  Дар  ин навишта чанд эпизодро худ мушоҳида кардаву  ба  риштаи  таҳрир  кашидааст.  Дар охир менависад: «Азизон, қанди фанд муш-килкушо  аст,  он  ба  шумо  қасрро  тамошо дода, «Ҷип» — савор ҳам карда метавонад. Агар худро бо қанди фанд таскин бахшед, кам  бемор  мешавед.  Ба  шумоён  тандурустии бардавом мехоҳам!».

Воқеан  ҳам,  навиштаҳои  китоб  ҷолиб буда,   дарди  ҷомеаро  бозгӯ  мекунанд  ва хонандаро  ба  олами  пуртазод  ворид  менамоянд; дар он ҳам механдад, ҳам мегиряд  ва  ҳам  дард  мекашад,  ҳам  даво  меёбад. Дар аксар матлаби китоб мушкилоти ҷомеа бозтоб гардидааст. Ҳ. Назаралӣ дар  матлаби  «Аз  чоплусӣ  ҳазар  кунед» таъкид кардааст:

«Дар  маҳфил  перомуни  чоплусиву хушомадгӯиву  тамаллуқу  лаганбардорӣ сухан рафт. Бархе барои манфиати шахсӣ шуда,  ба  нияти  ба  даст  овардани  тамаъ чарми шарму ҳаёро аз рӯй канда, таърифу тавсифро аз ҳад мегузаронанд. Ба ин гуна махлуқон  аз  таъкиди  Абулмаонӣ  Бедил беҳтар сухане нест:

Эй ки таърифи салотин кардаӣ,

Машқи таълими шаётин кардаӣ!

Чист таълими шаётин? – Ҳубби ҷоҳ,

Эй шаётин муршидат, рӯят сиёҳ!

Хулоса махсусияти навиштаҳои китобро ба таври зайл метавон номбар кард:

Якум, дар  ин  китоб  навиштаҳое  гирд оварда шудаанд, ки аксаран дар матбуоти даврӣ чоп гардидаанд ва аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта шудаанд.

Дуюм, дар  навиштаҳои  муаллиф оҳанги  танзу  мутоиба  ва  воситаҳои тасвирсозӣ   ба  таври  фаровон  истифода гардидааст ва аз ин рӯ, хонанда бо шавқу рағбати том онҳоро мутолиа менамояд.

Сеюм, аксари  навиштаҳои  китоб  ба мавзуъҳои  умдаи  замон  бахшида  шудаанд ва хонанда аз онҳо некиву накукорӣ ва ростиву росткориро дармеёбад.

Чорум, мавзуъҳои  китоб  ба  ҳамдигар алоқаманд  буда,  такмилбахши ҳамдигаранд  ва  муаллиф  дар  баррасии масъалаҳо ба ҳадафи олии хеш расидааст.

Панҷум, забони  навиштаҳои  китоб равон  буда,  дар  баъзе  ҳолат  ба  насри мусаҷҷаъ эҷод гардидаанд ва маълум мегардад, ки дар ин ҷода адиб дасти тавоно дорад.

Китоби «Қанди фанд» дастовези муҳим ва туҳфаи арзанда барои аҳли илму адаб ва алоқамандони каломи бадеъ мебошад.

Шоистаи  таъкид  аст,  ки  Ҳакималӣ Назаралӣ,  адиби  шинохта,  муаллифи  маҷмуаҳои  «Балогардон»,  «Хоби даҳшатнок»,  «Шӯристон»,  «Мактабдор»,  «Тавқи  лаънат»,  «Чӣ  айб  аст», «Кӯза  шикаст»,  «Робеа»,  «Зимоми  мурод»,  «Устокории  муаллим»,  «Сафед  ва сиёҳ»,  «Воломақом»,  «Меҳре  нишаста бар  дил»,  «Гулчини  иншоҳо»,  «Ҷавҳари мардумӣ»,  «Ташвиш  ва  лутфу  латифи  донишноманигорӣ»,  «Азми  дуруст», «Ҷозиба», «Биҳиштӣ», «Забони порсоён ва гиёҳи ҷонбахш», «Фанднома», «Табиати зебои мо»…. мебошад, ки аз ҷониби хонандагон хуш қабул шудаанд. Ба адиби тозакору навовар ва ҳаҷвнигори закитабъ Ҳакималӣ Назаралӣ саломатии бардавом ва дар таълифу  эҷоди  асарҳои  тоза  дастовардҳои бештар таманно дорем.

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»