ШАРАФМАНДАМ, КИ МАН ОМӮЗГОРАМ

Ман ифтихормандам, ки солҳо боз ҳамчун омӯзгор дар мактаб фаъолият дорам. Хушҳол аз онам, ки ҳар рӯз метавонам чеҳраи мунаввару мубораки кӯдакони зеборо бубинам, то чашмҳоям нур бигиранду қалбам саршори шодию сурур гардад. Дар симои шогирдони азизам, ки ояндаи Ватани моянд, ифтихори ватандорӣ ва созандагию зебоиро мебинам.
Дар чашмони пур аз шарораи онҳо муҳаббати беандозаи кӯдаконаро эҳсос менамоям. Воқеан, дидори онҳо касро шоду мамнун мекунад. Ва андеша мекунам, ки ояндаи ҷомеа, ҳифзи Ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ ба дӯши ҳамин кӯдакони азиз аст, ки имрӯз шогирдони мактабанд ва чанде нагузашта, таҳсили мактабиро ба итмом расонда, донишҷӯ мешаванд. Таманно дорам, ҳамеша пушти кори неку номи нек бошанд. Барои ба ин мақсади наку расидан ман ҳамчун омӯзгор пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки онҳоро мисли фарзандони худам дӯст дораму дар руҳияи ватанпарварию инсондӯсти тарбия намоям. Муаллиме, ки шогирдашро чун фарзандаш дӯст надорад, сахт иштибоҳ мекунад. Кӯдак зеҳни кави дорад ва ҳар гуна муносибатро зуд дарк мекунад.
Мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки ба шогирдон одоби муоширати байни ҳамдигар, эҳтироми калонсолон ва меҳру муҳаббатро биомӯзонем. Ман кӯшиш мекунам дили кучаки кӯдаконро биёбам, то ба ҳарфи ман гӯш кунанд ва бо ман чун ба модари худ бовар кунанд, вагарна заҳматам дар ин роҳ беҳуда хоҳад буд.
Омӯзгор он гоҳ шарафёб мегардад, ки ҳамеша бо волидайни шогирдонашон дар тамос бошад. Ва дар навбати худ падару модарон низ муваззафанд, ки сари ҳар чанд вакт ба мактаб омада, аз ҳолу хониши фарзандашон огоҳи ёбанд.
Аммо афсӯс, падару модароне ҳастанд, ки чун фарзандашон вориди мактаб шуд, дигар фаромӯш мекунанд, ки фарзанди мактабхон доранд, хеле кам аз ҳолу аҳволи хониши онҳо хабар мегиранд. Ин гуна волидон фикр мекунанд, ки тамоми масъулияти таълиму тарбия ба дӯши муаллимон аст, аммо онҳо иштибоҳ мекунанд, зеро сарчашмаи шакл гирифтани шуур ва зеҳни кӯдак ба волидайн марбут аст. Нахустин мактаби кӯдак оила аст ва чи тавре ки гуфтаанд:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.

Марбут ба ин мавзуи муҳим Сарвари кишвари азизамон, муҳтарам Эмомали Раҳмон фармудаанд: “Дар тӯли садсолаҳо хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандонро ба дунё овардаю ба камол расондааст, ки онҳо барои халқи худ ва тамаддуни башар хизматҳои зиёди таърихиро ба анҷом расондаанд”.
Мо, муаллимон, бояд дар радифи таълиму тарбия шогирдонро дар мисоли корнамоиву бунёдкориҳое, ки дар кишварамон рух медиҳанд, ошно намоем. Ба шогирдон бояд бифаҳмонем, ки калонсолони соҳибтамаддуни мо тавонистанд, тамоми мушкилоти рӯзгорро бартараф созанд. Ин ҳам аз бузургии мардум тоҷик дарак медиҳад, ки бо қуввати дастони пуробилаи хешу ақли расояшон ва аз ҳама муҳимаш, бо эҳсоси ватандорию ватанхоҳи Неругоҳи азими “Роғун”-ро бунёд карданд, ки на танҳо Тоҷикистони азизи худ, балки чандин кишвари ҳамсояро чароғон менамояд. Ва ин рӯйдоди фараҳбахшро ба шогирдон он сон бояд фаҳмонд, ки дар зеҳнашон накш бандад.
Дар ҳолати чаҳонишави имрӯз бештар моро мебояд, ки унсурҳои ахлокро такмил бидиҳем, яъне бояд ҳамин гуна шогирдонро ба тарбияи хуб фаро бигирем, ки ҳар як шогирд аз хурди дарк кунад, ки чи рисолате дар оянда ба дӯш дорад. Имрӯз чун шабакаҳои иҷтимои ва технология пеш рафтаанд, дар шинохти онҳо зираку доно бошанд, то сафедро аз сиёҳ тарҷеҳ бидиҳанд. Ҳар гуна наворҳои фитнаангезу ҷанҷолбарангезро нигоҳ накунанд. Бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ, китобҳои бадеӣ ва илми биомӯзанд.
Бузургмарде фармуда, ки “муаллими касб нест, муаллими ишқ аст, агар онро воситаи рӯзгузаронӣ қарор додаи, раҳояш кун, агар ишқи туст, муборакат бошад”. Оре, дуруст гуфтааст, муаллими ишқест, ки ба умқи дили инсоне, ки воқеан ин касбашро дӯст медорад, ворид мегардаду дигар ба ҳамешагӣ ин ҷо ҷойгузин мемонад. Муаллими барои ман низ, ки солҳои тӯлони ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият дорам ва шогирдонамро чун фарзандонам мепарварам, ҳамин гуна ишқ аст, муҳаббати самимист нисбат ба кӯдакон.

Румия ҲАИТОВА,
омӯзгори мактаби №93-и ноҳияи Сино