ИБТИКОРОТИ МАЪРИФАТГУСТАРОНАИ ДОНИШКАДА

Соли 2022 барои Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хеле хотирмону файзбор ва пурҳаводис буд. Дар ин сол дар донишкада сатҳи таълиму тарбия боз ҳам боло рафт, фаъолияти устодон бештар такмил ёфт, доираи ширкати донишҷуён дар озмунҳову сабкатҳои ҷумҳуриявӣ вусъат пайдо кард ва ин ҷо ҳамоишу тантанаҳои гуногуну пурмуҳтаво баргузор гаштанд.
Муҳимтарину муассиртарин ҳодисаи сол барои аҳли донишкада ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин боргоҳи илму маърифат ба муносибати ифтитоҳи бинои нави таълимгоҳ гардид. Суханронии самимию фарогири Сарвари давлат дар ин рӯзи фархунда ба барномаи фаъолияти донишкада ва кулли кормандону алоқамандони он барои солҳои минбаъд табдил ёфт.
Воқеан ҳам, фаъолияти ДДЗТ ба номи С.Улуғзода густурдаву гуногунсамт аст. Бо ибтикору ташаббуси ректори донишкада, доктори илмҳои филологи, профессор Жило Гулназарзода таълимгоҳ, аз ҷумла, бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории бавусъату судманд ба роҳ мондааст. Ин гуна ҳамкорӣ, махсусан, бо ҳафтаномаи «Омӯзгор» сол то сол густариш пайдо мекунад. Дар саҳифаҳои ҳафтанома нигоштаҳои устодони донишкада дар мавзуъҳои илму маърифат, фарҳангу сиёсат пайваста ба нашр мерасанд.
Соли 2021 ба ифтихори 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар ҳамбастагӣ бо ҳафтаномаи «Омӯзгор» донишкада озмунеро бо номи «Улуғзода вафодори Ватан буд» барои беҳтарин мақолаҳо ва осори публитсисти эълон карда буд, ки дар он теъдоди зиёди хонандагону ҳаводорони нашрияи «Омӯзгор», адибону олимон ширкат варзиданд. Пас аз ҷамъбасти озмун ҳамаи мақолаҳои нашршуда дар китобе бо унвони «Улуғзода вафодори Ватан буд» гирдовари ва чоп шуданд. Соли 2022 донишкада ин гуна ҳамкории худро бо нашрияҳо вусъат бахшид ва дар ҳамбастаги бо ҳафтаномаҳои «Омӯзгор»-у «Адабиёт ва санъат» ду озмун эълон намуд: 1. Бо нашрияи «Омӯзгор» озмун барои беҳтарин мақолаҳо дар мавзуи «Пешвои миллат — ҳоми, арҷгузор ва тарғибгари забони тоҷикӣ», 2. Бо нашрияи «Адабиёт ва санъат» бо номи «Мирсаид Миршакар — тараннумгари сулҳу созандаги».
Ин озмунҳо аз моҳи феврал то моҳи декабри соли 2022 идома ёфтанд ва дар онҳо қаламкашони зиёде иштирок намуданд. Озмунҳо охири соли гузашта аз тарафи ҳайати бонуфузи доварон ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд.
30 декабр дар толори фарҳанги ДДЗТ ба номи С.Улуғзода ба ифтихори озмунҳои мазкур ҳамоиши адабию фарҳангӣ баргузор гашт. Дар он ректори донишкада, профессор Жило Гулназарзода, нависандагони маъруф Абдулҳамид Самад, Ато Ҳамдам, доктори илмҳои филологи, узви вобастаи АМИТ Мирзо Муллоаҳмадов, шоир Салими Хатлони, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» Абдурауф Муроди, ғолибони озмунҳо, устодону донишҷӯён ва як гурӯҳ меҳмонон ҳузур доштанд.
Дар оғози ин ҳамоиш ректори донишгоҳ ҳамагонро ба ифтихори Соли нави 2023 табрик гуфта, зикр кард, ки соли 2022 барои Тоҷикистон пурбору бафайзу хотирмон буд. Дар заминаи сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакат боз ҳам пеш рафту ба комёбиҳои чашмгир ноил гашт. Ба шарофати ташаббусҳои башарпарваронаи Сарвари кишвар обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафт. Дар соли 2022 аҳли ДДЗТ ба номи С.Улуғзода қадамҳои устувор ба пеш дар тамоми самтҳои таълиму тарбия гузоштанд ва ба муваффақиятҳои шоиста мушарраф гардиданд. Як самти вежаи фаъолияти донишкада ҳамкории самарбор бо воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ буд. Аз ҷумла, бо ҳафтаномаҳои бонуфузи мамлакат «Омӯзгор» ва «Адабиёт ва санъат» озмунҳои муштарак миёни аҳли қалам бо унвонҳои «Пешвои миллат — ҳоми, арҷгузор ва тарғибгари забони тоҷикӣ» ва «Мирсаид Миршакар — тараннумгари сулҳу созандагӣ» эълон карда шуданд, ки беш аз ҳашт моҳ идома ёфтанд. Озмунҳо таваҷҷуҳи хонандагони зиёдро ҷалб намуданд ва нашрияҳои мазкур дар ин давра як силсила мақолаҳои ҷолибу пурмазмун чоп карданд.
Мақолаҳое, ки бахшида ба озмун дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба нашр расиданд, далели муҳаббату эҳтироми баланди аҳли кишвар ба Пешвои миллат буданд. Ин мақолаҳо ҷанбаҳои сиёсати маърифатпарваронаи Сарвари кишварро ба таври дақиқ тавзеҳ бахшиданд ва бори дигар собитгари он шуданд, ки Президенти ҷумҳури таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва эҳтироми баланд нисбат ба арҷгузории арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, нисбат ба забони тоҷикӣ доранд ва забонро омили асосии ҳастии миллат медонанд.
Дар идомаи ҳамоиш, ҳамчунин, адибон А.Самад, А.Ҳамдам, С.Хатлонӣи, Ш.Раҷабзод, олими номвар М.Муллоаҳмадов ва ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи       «Омӯзгор» А.Муроди суханрони карда, ибтикороту ташаббусҳои Донишкадаи забонҳоро вобаста ба арҷгузории муқаддасоти миллӣ ва посдории номи неки абармардони миллат ситоиш бинмуданд.
Дар қисмати дигари ҳамоиш ба ғолибони озмунҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулиҳо тақдим карда шуданд. Дар озмуни «Пешвои миллат — ҳоми ва арҷгузор ва тарғибгари забони тоҷикӣ», тибқи қазовати ҳайати доварон инҳо ғолиб дониста шуданд:

Ҷои 1. Сайфулло Ташрифов — директори мактаби №71-и шаҳри Ваҳдат
Ҷои 2. Мирзо Муллоаҳмадов — узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филологи
Ҷои 2. Фатҳиддин Баҳриддинов — раиси иттифоки касабаи кормандони маорифи ноҳияи Айни
Ҷои 3. Муҳаммад Насруллоҳзода —       докторанти ДДЗТ ба номи С.Улуғзода.

Ҳамоиши тантанави бо ҳунарнамоии дастаи ҳаваскорони санъати донишкада ҳусни анҷом пазируфт.
Шоистаи зикр аст, ки бо ибтикори ректори донишкада шеъру мақолаҳое, ки ба ду озмун пешниҳод шуда буданд, дар шакли китобҳои алоҳида — «Пешвои миллат ва мақоми забон» ва «Тараннумгари сулҳу созандагӣ» ба нашр расонда шуданд ва ин китобҳо зимни ҳамоиш ба ғолибони озмун ва гурӯҳе аз меҳмонон тақдим гардиданд.

М. АБДУРАУФ,
«Омузгор»