АЪМОЛИ НОШОИСТАРО ПЕШГИРӢ МЕБОЯД

Дар солҳои истиқлолият даҳҳо ҷунбишу ҳизби гуногун пайдо шуд, ки ҷанбаи динӣ доштанд. Таъсири дин ба сиёсат пурзӯр гашт. Мутаассифона, ин таъсир на баҳри таъмини якпорчагии Тоҷикистон, рушду равнақи он ва беҳбудии ҳаёти халқ равона шуда буд, балки баръакс, ба тафриқа ва ҷудоиандозӣ, ба тундгароию экстремизм, терроризм, кӯшишҳои зӯран ғасб намудани ҳокимият ва дигар зуҳуроти номатлуб равона шуда буд.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран созмонҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии мардум таъсир расонида, онҳоро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита онҳо мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ҳастаиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ байни мардум мебошад.
Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад, ки доимо мавриди баррасии аҳли ҷомеаи кишвар мебошад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатареро ки ба сулҳи тоҷикон таҳдид мекунад, возеҳ дар Паёми худ ироа карданд: «Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва ба итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд».
Ба муқобили терроризм ва экстремизм мо аз ватандӯстӣ дида, ҳеҷ қувваи дигари таъсирбахшро намедонем. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамчунин, воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, мо бояд ба таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар дошта бошем. Зеро пеши эҳсосоти бегонапарастиву даҳшатафканиро маҳз чунин ҳамкории аҳли сиёсат, илм ва санъат метавонанд гиранд.
Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат водошта, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад

Ш. ЗОКИРОВА,
Ш. НЕГМАТОВА,
устодони ДДҲБСТ