ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ҲИФЗИ ҲАЁТ АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид таклиф барои эълон намуданди «Даҳсолаи байналмилалии об баҳри рушди устувор барои солҳои 2018-2028»-ро пешниҳод намуд, ки ин яке аз иқдомҳои наҷиб ва дурандешонаи Сарвари давлати тоҷикон ба ҳисоб рафта, ба истифодаи сарфакоронаи об, таъмин намудани аҳолӣ бо оби нушиданӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ равона гардидааст.
Ҳамзамон, 3 марти соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Чорабинӣ таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Маҷористон Янош Адер, Раиси СММ-Об, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин, коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд.
Дар ҳақиқат, проблемаи мазкур аз муҳимтарин ва масъалаи ҳаёту мамоти инсон дар рӯи замин буда, тамоми давлатҳои ҷаҳон бояд, ки дар фикри бартарафсозии он бо роҳи пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо яке аз омилҳои асосии ҳастӣ дар сайёра бошанд. Дар чорабинии мазкур бо ҷиддияти том аз босуръат об шудани ях дар Арктика, Антарктида ва Гренландия ишора гардид.
Мутаассифона, гармшавии иқлим дар хусуси пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, пиряхи Федченко бо дарозии 75 километр дар ВМКБ низ бетаъсир намондааст. Дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи номбурда зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Дар суханронӣ таъкид гардид, ки тамоюли мазкур метавонад оқибатҳои фоҷеабор дошта бошад. Обшавии пиряхҳо аз як тараф, боиси эҷоди мушкил мавриди кам шудани захираҳои обӣ гардида, аз тарафи дигар, боиси обхезию сел барин офатҳои табиигардида, метавонанд ва ба чони ҳазорон-ҳазор одам таҳдид менамояд.
Дар ин робита, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки мақсад аз ин ҳама тадбирҳо пешгирии саривақтӣ аз обшавии пиряхҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Ба хотири беҳбуд бахшидан ба вазъияти баамаломада зарур аст, ки инсоният истифодаи обро дар мавридҳои алоҳидаю дуюму сеюмдараҷа коҳиш дода, ивазкунандаи онро кашф намояд. Бобати кишту кор ҳам лозим меояд, ки аз роҳу воситаҳои самараноку камхарҷ, мисли обёрии қатравӣ истифода карда шавад.

Фирӯза РАҲИМОВА,
омӯзгори МТМУ №49-и шаҳри Ваҳдат