ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ

Асари бунёдии илмию оммавии  муаррихи барчаста, аллома Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон», ки бо дастури Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп ва ройгон дастраси ҳар як хонадони тоҷик гардидааст, дар тарбияи худшиносии насли наврас нақши барҷаста дорад. «Тоҷикон» аз 6 фасл ва бобҳои алоҳида иборат ёфта, мавзуъҳои китоб вобаста ба марҳилаҳои таърихӣ дар машғулиятҳо аз фанни «Таърихи халки тоҷик» дар синфҳои 5-11 истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, дар синфи 5 маводи боби якуми фасли «Сохти ҷамоати ибтидоӣ ва заволи он дар сарзамини Осиёи Миёна», аз қабили «Палеолит. Сохти пешазқабилавӣ. Пайдоиши ҷамоати қабилавӣ», «Мезолит ва Неолит», «Асри биринҷӣ», «Таркиби нажодии аҳолии Осиёи Миёна дар аҳди биринҷӣ. Масъалаи ориёӣ» ҳамчун сарчашмаи иловагӣ хидмат хоҳад кард. Фасли дуюми китоб — «Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти муносибатҳои ғуломдори»-ро, ки ба вуҷуд омадани давлати Ҳахоманишиҳо, футуҳоти Куруши 11 дар Осиёи Миёна, Куруш ва Томирис, шикасти кушӯни Ҳахоманишӣ, шӯриши зидди Ҳахоманишиҳо дар аҳди Дорои 1 ва амсоли инҳоро таҳлил ва баррасӣ менамояд, дар дарсҳои таърихи синфи 6 истифода метавон кард. Мавзуъҳои минбаъдаи китоб, аз ҷумла, «Қувват гирифтани ашрофи феодалии маҳаллӣ», «Тоҳириён», «Саффориён», «Таъсиси давлати Сомониён», «Сохти давлатӣ ва ташкили дастгоҳи идораи он», «Низоъҳои байнихудии феодалӣ ва суст шудани давлати Сомониён», «Истилои Қарахониён» ва ғайраро фаро гирифтааст, дар синфи 7 метавон корбурд намуд. Академик Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дар солҳое, ки идеологияи қавии Шуравӣ ҳукмронӣ мекард, дар хусуси аввалин давлатдории тоҷикон дар асри Х, яъне Сомониён ва асосгузори он Исмоили Сомонӣ бо далелҳои муътамад собит карда буд, ки:
«Исмоили Сомонӣ аз муборизаи оммаи халқ барои истиқлолият истифода бурда, нахустин бор пас аз истилои араб сарзамини дар натиҷаи задухӯрдҳои дохилӣ парешонгардидаро ба ҳам муттаҳид намуд ва давлати бузурги мустақиле ба вуҷуд овард. Вай дар баробари барҳам додани ҳукумати Саффориён ҳокимияти худро на танҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон мустаҳкам кард, балки ба як қатор вилоятҳои Шарқӣ ва шимолии Эрон соҳиб гардида, истиқлолияти ҳақиқии давлати ташкилкардаи худро нисбат ба хилофати Араб таъмин намуд». Маълум аст, ки олимону муҳаққиқон дар корҳои пажуҳиши худ, хусусан, таълифи китобҳои дарсӣ ба шоҳасари «Тоҷикон» хеле зиёд рӯ оварда, факту далел ва марҳалаҳои таърихии рушду таҳаввул ёфтани давлатдории тоҷиконро, ки дар китоби аллома Б.Ғафуров қотеъона исботи илмӣ ёфтаанд, дар меҳвар қарор додаанд. Ҳамин гуна дар китобҳои дарсии «Таърихи халқи тоҷик» (с. 5-11) низ истинод ба матолиби «Тоҷикон» ва рухдоҳои таърихию сиёсӣ, ки марбути тоҷикону давлатдориямон маҳсуб меёбад, зиёд ба мушоҳида мерасад.

Фатҳулло САЙФОВ,
омӯзгор