НОРАСОИИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМИ: КӢ ГУНАҲГОР? ВАЗОРАТ Ё МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ?

Мувофики Қонуни Ҷумқурии Точикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм сиёсати давлатиро дар соҳаи адабиёти таълимӣ амалӣ гардонида, дастрасии адабиёти таълимиро барои субъектҳои раванди таълиму тарбия таъмин менамояд.
Аз ин ҷост, ки дар баробари даҳҳо самтҳои ислоҳталаби соҳаи маориф яке аз масъалаҳое, ки барои рафъи он роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст, бартараф кардани норасоии адабиёти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.
Албатта, дастовардҳои Вазорати маориф ва илм, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯйи кор омадаанд, хеле назаррасанд. Танҳо нашри адабиёти таълимӣ дар ин муддат (аз соли 2000-ум то 2022) 754 номгӯй (бо назардошти нашрҳои такрорӣ) ба миқдори 52 млн. 974 ҳазору 39 нусха ба маблағи 496 млн 807 ҳазору 664 сомониро ташкил медиҳад.
То якуми декабри соли 2022 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо теъдоди 4 млн 913 ҳазору 188 нусха ба маблағи 103 млн 947 ҳазору 285 нусха нашр шудааст, ки дар таърихи Вазорат бесобиқа дониста мешавад. Нашри адабиёти таълимӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 19 номгӯй ба маблағи 60 млн 458 ҳазору 903 сомонӣ зиёд аст.
Барои таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китоби дарсӣ дар соли таҳсили 2022 — 2023 аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4 млн 508 ҳазору 260 нусха дархост пешниҳод шуда буд. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм то моҳи ноябри соли 2022 ба миқдори 4 млн 55 ҳазору 58 нусха китоби дарсӣ таъмин карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн 450 ҳазору 626 нусха зиёд аст. Яъне, дар муқоиса ба дархости пешниҳодкардаи раёсату шуъбаҳои маориф таъминоти китобҳои дарсӣ 89 фоиз иҷро шудааст.
Дар баробари ин ҳама иқдомоти назаррас роҳбарияти Вазорати маориф ва илм барои беҳбудии соҳа, хусусан бартараф намудани норасоии адабиёти таълимӣ корҳои зиёдеро дар оянда ба нақша гирифтааст. Барои мисол танҳо дар соли 2022 бо супориши бевоситаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян кардани мушкилоти норасоии адабиёти таълимӣ 12 семинари минтақавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (ба истиснои ВМКБ) ва ду семинари ҷумҳуриявӣ — яке дар ноҳияи Варзоб ва дигаре дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини бахши китобдории раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор карда шуд.
Дар асоси семинарҳои баргузоргардида бо дарназардошти фикру пешниҳодҳои мушовирони бахши китобдории раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷати меъёрии «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ» куллан бознигарӣ шуда, 8-уми сентябри соли 2022 таҳти №1187 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Дар ҳуҷҷати меъёрии мазкур ҳамчун роҳнамо барои китобдорон вазифаҳои масъулин, шуруъ аз Вазорати маориф ва илм то раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар самти таъминоти адабиёти таълимӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва назорати дурусти ҷамъоварии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ба таври муфассал оварда шудааст.
Ҳарчанд аз соли 2000-ум инҷониб раванди чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба низоми муайян даромада, бомаром идома дорад, аммо бо назардошти мавҷуд будани якчанд омил норасоии баъзе аз китобҳои дарсӣ ҳанӯз аз байн нарафтааст.
Тибқи таҳлилҳо як сабаби ба вуҷуд омадани норасоии адабиёти таълимӣ афзоиши шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Бо сабаби афзоиши шумораи хонандагон ҳамасола муассисаҳои таълимии зиёд сохта ба истифода дода мешаванд. Аз ин рӯ, талабот ба китоби дарсӣ низ меафзояд. Ин ҷиҳат омили хурди норасоии адабиёти таълимӣ ба шумор меравад.
Тавре аз таҳлилу санҷишҳо маълум меардад, омили асосии аз байн бурдани мушкилоти норасоии китобҳои дарсӣ ба тарзи пешниҳоди омори дурусти эҳтиёҷот аз ҷониби масъулини муассисаҳои таълимӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста аст.
Дар ҳуҷҷати меъёрии «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ» чунин омадааст: «Ҳар як муассиса масъалаи пешниҳод намудани дархостро барои китобҳои дарсӣ як сол пеш барои солҳои таҳсили оянда ба воситаи шурои омӯзгорон мустақилона баррасӣ карда, онро барои ҷамъбаст ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо ирсол менамояд. Раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят шаҳр ва ноҳияҳо, дар навбати худ, маълумоти пешниҳодшударо ҷамъбаст карда, ҳар сол то якуми июл ба Вазорат пешниҳод мекунанд».
Мутаассифона, тартиби мазкур на ҳамеша аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф ба таври дуруст ва воқӣ риоя мешавад. Дар ин масъалаи ниҳоят муҳим аз директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сар карда, то мудирони шуъбаҳои маориф аксаран чандон масъулияти ҷиддиро дарк намекунанд.
Барои мисол бо супориши бевоситаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Саидзода моҳи майи соли ҷорӣ ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷиҳати дар давоми як моҳ муайян кардани норасоии адабиёти таълимӣ ва пешниҳоди эҳтиёҷот ба адабиёти таълимӣ мактуб ирсол гардид. Мутаассифона, масъулини шаҳру ноҳияҳо норасоии китоби дарсиро дақиқ ва воқебинона пешниҳод накардаанд. Илова бар ин моҳи сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дархости иловагӣ барои таъмин намудан бо китобҳои дарсӣ ворид гардид. Пас аз таҳлили дархости шуъбаву раёсатҳои маориф маълум гардид, ки китобдорону директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо эҳтиёҷоту ниёзҳои таълимгоҳҳояшонро ба китобҳои дарсӣ дақиқ насанҷида, ба таври хеле сатҳӣ номгӯйи китобҳои дарсиро ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод менамоянд. Барои мисол дар дархостҳои пешниҳодшуда, ки дар онҳо муҳру имзои сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар гузошта шудааст, ғалатҳои ҷиддӣ дар унвони китобҳо, ба кадом синф тааллуқ доштани онҳо ва монанди ин зиёд ба чашм мерасад. Масалан, барои як синф ду номгӯйи як китоби дарсӣ ҳам «Технологияи иттилоотӣ» ва ҳам «Технологияи информатсионӣ» дархост шудааст, ҳоло он ки дар нақшаҳои таълимӣ ки ҳуҷҷати рӯйимизии ҳам директори муассисаи таълимӣ ва ҳам мудири шуъбаи маориф аст, номи ин фан технологияи иттилоотӣ сабт шудааст. Ё ин ки аксари шуъбаҳои маориф барои дастрас кардани китоби дарсии забони хориҷӣ дархост пешниҳод мекунанд. Мувофиқи нақшаи таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ забонҳои хориҷӣ, аз қабили русӣ, англисӣ, немисӣ, арабӣ ва фаронсавӣ таълим дода мешаванд. Вале дар дархости пешниҳодкардаи шуъбаҳои маориф маълум нест, ки кадоме аз ин забонҳои хориҷӣ дар назар дошта шудааст. Ҳатто беэътиноии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ нисбат ба масъалаи мазкур то ба ҳаддест, ки китобҳои дарсии «Омодагии ибтидои ҳарбӣ»-ро барои синфи 9-ум, (дар асл дар синфҳои 10 — 11-ум омӯхта мешавад), «Маърифати оиладорӣ»-ро ба синфи 9-ум дар асл дар синфи 10-ум омӯхта мешавад), «Ҳуқуқи инсон»-ро ба синфи 8-ум (ҳоло он ки дар синфҳои 8-9-ум «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таълим дода мешавад) дархост кардаанд. Дарвоқеъ аз директори муассисаи таълимӣ сар карда, то баъзе аз мудирони шуъбаҳои маориф, ки ин ҳуҷҷатҳо бевосита аз зери дасти онҳо бо муҳру имзо ба Вазорат пешниҳод мегарданд, ба чунин шева саҳлу сода пиндоштани як масъалаи ҳалталаби соҳаи маориф барои пешрафти соҳа ва ояндаи дурахшони насли наврас бетаъсир нахоҳад буд.
Боз як омили дигари ба таври дақиқ тартиб надодани дархост ба китобҳои дарсӣ мунтазам ивазшавии китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Мутаассифона, директорони мактабҳо бе мувофиқаи мудири шуъбаи маориф китобдоронро иваз мекунанд. Инчунин, зимни иваз кардани китобдорон санади қабулу супурди молу амволи китобхона тартиб дода намешавад. Аз ҳамин сабаб пайдо кардани санадҳои лозима ва дигар ҳуҷҷатҳои воридоту тақсимоти китобҳои дарсӣ, инчунин, расидҳои маблағҳои пардохтшуда дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ душвор мегардад.
Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, ҳамчун сохтори ваколатдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бо адабиёти таълимӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ ҳамасола дар асоси дархости шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи чопи китобҳои дарсиро мураттаб сохта, чопи онҳоро барои як соли хониш ба нақша мегирад. Маҳз ба ин хотир тарзи дуруст пешниҳод кардани эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ масъалаи хеле ҷиддӣ ва ҳалталаби соҳаи маориф арзёбӣ мешавад.
Дар Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ номи адабиёти таълимӣ, номи муаллиф (муаллифон), соли охири чопи он, миқдори хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба синф, миқдори эҳтиёҷи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба адабиёти таълимии мавриди назар ва теъдоди нашри адабиёти таълимӣ дақиқ нишон дода мешавад. Бинобар ин хурдтарин омор агар аз ҷониби шуъбаҳои маориф нодуруст пешниҳод гардад, боиси сардаргумӣ дар соҳа шуда метавонад. Ҳол он ки камбудиҳои дар боло овардашуда он гунае нестанд, ки онҳоро хатои кучак бигӯем ва ё дидаву дониста аз онҳо чашм пӯшем.
Як нуқта боиси таассуф аст, ки вақте ки Вазорат расман дархост талаб мекунад, масъулини бахши китобдории раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар пешниҳоди омори дурусти норасоии адабиёти таълимӣ саҳлангорӣ мекунанд, вале ҳангоме ки аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ шуъба ва ё раёсат мавриди санҷиш қарор мегирад, баъдан норасоии адабиёти таълимӣ камбудии асосӣ арзёбӣ шуда, ба Вазорат аз шуъбаҳои маориф дархостҳои пайдарпай ҷиҳати таъмин намудан бо китоби дарсӣ пешниҳод мешавад.
Тавре ишора шуд, Вазорат соле як маротиба дар муҳлати муқаррашуда аз шуъбаву раёсатҳои маориф расман дархост оид ба норасоии китобҳои дарсиро талаб мекунад ва дар асоси он нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсиро мураттаб мекунад. Тибқи «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2023», ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2022, №13/3 тасдиқ гардидааст, нашри 44 номгӯйи китоби дарсӣ аз синфи 1-ум то 11-ум ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки бо мақсади муайян намудани омори дақиқ, шумораи адабиёти таълимии дар солҳои дуюму сеюми истифодашаванда ва норасоии китобҳои дарсӣ бо супориши бевоситаи вазири маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон Р. Саидзода аз санаи 01.12.2022 то 20.12.2022 дар муассиаҳои таълимии ҷумҳурӣ маъракаи «Омори дақиқи норасоии адабиёти таълимӣ» эълон карда шудааст. Ба ин хотир 5 000 нусха ҳуҷҷати бақайдгирӣ ва муайяннамоии омори адабиёти таълимӣ омода шуда, ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ тақсим карда шуд. Дар семинари ҷумҳуриявӣ, ки таҳти унвони «Таъминоти адабиёти таълимӣ — омили рушди маориф» дар таърихи 2 — 3-юми декабри соли 2022 баргузор гардид, доир ба тарзи дуруст тартиб додани ҳуҷҷати оморӣ дарсҳои амалӣ гузаронида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар семинарҳое, ки болотар дар мавриди онҳо гуфтем, бо мувофиқаи мушовирони бахши китобдории раёсату шуъбаҳои маориф қарор қабул гардид, ки минбаъд дар сурати аз 1000 дона зиёд будани норасоии китоби дарсӣ Вазорат нашри такрории он китобро илова ба нақшаи чопи соли 2023 ба роҳ мемонад. Инчунин, чопи китобҳои дарсӣ мувофиқи омори пешниҳодкардаи масъулини раёсату шуъбаҳои маориф ба нақша гирифта шуда, ба муассисаҳои таълимӣ аз теъдоди дархост намудаи шуъаи маориф ҳатто як дона китоб зиёд фиристонида намешавад. Дар ин сурат агар масъалаи норасоии китоби дарсӣ ба миён ояд, ин гуноҳи мушовири бахши китобдорӣ ва мудири шуъбаи маориф хоҳад буд.
Аз ин рӯ, зимни пешниҳоди дархост ба китобҳои дарсӣ зарур аст, ки нахуст норасой дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳар як синф ба таври хеле дақиқ аз ҷониби китобдори муассиса муайян гардида, дар шурои омӯзгорӣ муҳокима шуда, баъдан ба мушовири бахши китобдории шуъбаи маориф пешниҳод шавад. Мушовири бахши китобдории шуъбаи маориф дар навбати худ дархости ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия (шаҳр)-ро ҷамъбаст карда, бо мувофиқаи мудири шуъба (раёсат) дар муҳлати муқарраршуда ҳамасола ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Зеро ислоҳоти соҳаи маориф дар ҳоле натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки тамоми субъектҳои раванди таълиму тарбия зимни иҷрои уҳдадориҳои худ масъулияти ҷиддиро дарк намоянд.
Наҷмиддин ЗАЙНИДДИНЗОДА,
директори Маркази таҳия, нашр ва
муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон