ТАВСИФУ ОМӮЗИШ ВА БАҲОГУЗОРИИ МАСОИЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

Омӯзиш ва таҳқиқи ҷанбаҳои илмию методологӣ ва педагогию назариявӣ, маърифати экологӣ ҳамчун таълимот ва системаи донишҳо оид ба қонуниятҳои инкишофи табиат ва тафаккуру шуури ҷамъиятӣ коркард, тарҳрезӣ ва тавсиф карда шудааст.
Масъалаи мазкур, гарчанде аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ — озмоишӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта бошад ҳам, аз рӯи ақидаҳои олимону муҳаққиқони соҳаи фалсафа, педагогикаю психология, доираи фанҳои табиатшиносӣ, бахусус, экология то ҳол шарҳу таҳқиқи пурра ва таърифи ягонаи худро наёфтааст.
Мафҳуми маърифати экологӣ дар таҳқиқоти педагогии В.А. Игнатева ҳамчун ҷузъи фарҳангии инсоният, ки ифодакунанда ва ба меъёрдароварандаи муносибатҳои инсон дар тамоми намудҳои фаъолиятҳояш мебошад, тавсиф карда шудааст.
Дар таҳқиқоти олимону муҳаққиқони ватанӣ: А. Мирализода, М. Ибодов, А.Давлатов, Р.Забуров, М.Саидов, А. Эргашев, С. Мирзоев, М.Досаков, Абдуллозода, М. Шарипов, Р.Қӯзиева дарҷ гардидааст, ки ташаккулёбии маърифати экологӣ дар натиҷаи тарбияи ҳадафмандонаи насли инсонӣ оид ба дарки бошууронаи қонуниятҳои инкишофи табиат, муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона ва боэҳтиромона ба табиат, ҳифзи сарватҳо ва унсурҳои он, оқилона истифодабарии сарватҳо ва боигариҳои он ва дар зиёд гардонидани сарватҳо саҳми арзанда гузоштан мебошад.
Нигоҳи илмии мафҳуми маърифати экологӣ аз ҷониби Л.Н. Коган таҳқиқ шудааст. У фарҳанги экологиро, ҳамчун «ҳамбастагии инкишофи маданӣ-ахлоқӣ ва табии тамаддуни инсонӣ» тавсиф намудааст. Ба ақидаи ӯ, маърифати экологӣ ҷузъи фарҳангӣ умумиинсонӣ буда, дар ҷанбаҳои дониш, маҳорату малака ва таҷрибаҳои ҳаётие таҷассум меёбад, ки аз насл ба насл гузашта, самаранокии он дар ташаккулёбии арзишҳо, меъёрҳо, андешаҳо ва анъанаҳо ифода меёбад.
Дар адабиёти илмӣ шарҳҳои дигари маърифати экологӣ низ вомехӯранд. И. А. Воедилова зикр намудааст, ки маърифати экологӣ дар таҳқиқоти олимон: Н.Н.Моисеева, А.Д.Урсул, В.И. Данилова омӯхта шудаанд.
В.И. Жиркова (1998) маърифати экологиро ҳамчун ақидаи устувори муносибатҳои ғамхорона бо табиати атроф номидааст, ки дар тафаккур ва фаъолияти ҳар як шахс зоҳир мегардад.
Ба ақидаи П.О.Ермолаева (2008), дар зери мафҳуми маърифати экологӣ бояд ҷиҳати махсуси фарҳанги умумии ҷомеаро фаҳмид, ки воситаҳои некназаронаи муносибатҳои ҷамъияти инсониро бо муҳити табиӣ ифода карда, фаъолиятҳои амалии мақсаднокро дар самти муҳофизати табиату сарватҳои гаронбаҳои он ва беҳдошти муҳити зистро дар бар мегирад.
Аз омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи сарчашмаҳои илмӣ, назариявӣ, педагогӣ, психологӣ, экологӣ ва умумиэкологӣ маълум мешавад, ки дар замони муосир мафҳуми маърифати экологӣ таърифи ягона ва мушаххаси худро надошта бошад ҳам, мазмунан кариб ҳамаи нуқтаҳои назар ба якдигар монанданд.
Дар таҳқиқот ва хулосаи олимон, зери мафҳуми маърифати экологӣ шуури ягонаи экологиро мефаҳмем, ки дар ҳолатҳои равонӣ-психологӣ ва фаъолиятҳои амалии шахсият ифода меёбад.
Шуури экологӣ ҳамчун инъикоси ҳамбастагии инсон бо табиат ва олами атроф дар шакли содалавҳона ҳанӯз дар зинаи аввали ҷамъияти ибтидоӣ (одами шикорчӣ) пайдо шуда буд. Одамони ин давра аз чӯб, санг, устухон ва шохи ҳайвонот олотҳо сохта, барои ҳифзи ҳаёти хеш мубориза мебурданд.
Дар фалсафа барои дарки пайдоиши заминаи биологии шуур, аслан таваҷҷуҳи асосӣ ба шинохти падидаи инъикос дар нимкураҳои калони пеши мағзи сар дода мешавад.
Дар мавриди таъсири байниҳамдигарии организм тавассути мутаассиршавӣ дар майнаи сари инсон образҳои субъективӣ инъикос меёбанд, ки баъдан асоси пайдоиши шуурро ташкил медиҳанд. Вале мо танҳо бо такя ба заминаҳои биологӣ (физиологӣ) наметавонем масъалаи пайдоиш ва ташаккули шуурро равшан намоем. Зеро ки ғайр аз заминаи биологӣ, инчунин, асоси иҷтимоии пайдоиши шуур, ки мақоми марказиро ишғол менамояд, ҷой дорад. Ин нишон медиҳад, ки инсон, пеш аз ҳама, вуҷуди биологию ҷамъиятӣ (иҷтимоӣ) аст ва шуури ӯ ҳамчун инъикоси ҳаёти ҷамъиятӣ зоҳир мегардад. Инсон дар мавриди ташаккул ёфтани хеш, олам ва табиати атрофро на танҳо аз нуқтаи назари талаботи биологии худ, балки бештар аз мавқеи талаботи ҷамъиятии худ дарк менамояд.
Маҳз дар чунин раванди инкишофи робитаи диалектикии шуур бо ҷамъият, бо инсон, бо табиат, зарурати коркарди масъалаи шуури экологӣ касб менамояд. Муҳаққиқон, мутахассисон ва коршиносон муайян намуданд, ки имрӯз таъсиррасонӣ ва зиёнрасонии инсон ба зисткура (биосфера) нафақат дар минтақаҳои гуногуни кураи Замин, балки дар тамоми табиат ҷараён дорад ва боиси cap задании буҳрони экологии умумибашарӣ гардидааст. Имрӯз инсоният дар як сол 10-13 миллиард оксигени озод истеъмол менамояд. Агар ин ҳолат чунин идома ёбад, он гоҳ баъди 100 сол фисади оксигени озод дар зисткураи то дараҷаи барои ҳаёт хавфнок фаромаданаш мумкин аст. Дар як сол зиёда аз 6-7 млн га заминҳои кишоварзӣ хушк шуда, корношоям мегарданд. Дар даҳсолаи охир баландшавии ҳарорати кураи замин аз 0,5 то 0,6 градус мушоҳида мегардад, ки ин мушкилоти тағийрёбии иқлимро ба миён овардааст. Масалан, яке аз пиряхҳои калонтарини ҷаҳон бо номи Федченко дар давоми даҳсолаҳои охир то 40-50 метр паст фаромадааст. Дар ҳамин давра зиёда аз ҳазор пиряхи хурду калон дар Тоҷикистон аз байн рафтаанд. Чунин далелҳо, ки аз шиддат гирифтани буҳрони экологии умумиҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳанд, хеле зиёданд ва онҳоро бисёриҳо хуб медонанд.
Ҳамин тавр, аксарияти муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки барои пешгирӣ намудани шиддати буҳрони экологии муосир, имрӯз зарурати ташаккул додани ҷаҳонбинӣ ва шуури экологӣ ба миён омадааст. Зарурати ташаккули шуури экологӣ талаб менамояд, ки инсон донишҳои экологии худро сифатан баланд бардорад ва муносибаташро бо табиат ва муҳити зист оқилона ва хирадмандона ба роҳ монад.
Шуури экологӣ чун як қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ маҷмуи назари илмӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва ғайраро дар бар гирифта, дар масъалаи ба ҳам алоқамандии ҷамъияту табиат система (низомӣ)-и ягонаи иҷтимоию экологиро созмон медиҳад.
Дар раванди озмоишҳои педагогӣ мо, дар заминаи таҳқиқоти олимон дар мавриди маърифати экологӣ чунин аломатҳои зоҳиршавӣ ва ташаккули он дарёфт карда шуд:
— мавҷудияти маълумотҳо оид ба ташаккули шуури экологӣ, кӯшидан дар ҷодаи ҳифз ва беҳдошти муҳити табиӣ, ки сабаби мавҷудияти ҳаёт ва махсусан, инсоният мебошад;
— роҳу усулҳои истифода намудани донишҳои экологӣ дар амали фаъолияти мактабу омӯзгорон ва ҳаёти ҳамарӯза;
— роҳу усулҳо ва воситаҳои дарк ва дарёфти проблемаҳои экологии ба миёномада ва ҷустуҷӯи ҷанбаҳо ва ҳаллу бартараф намудани мушкилоти экологӣ, аз ҷумла, гармшавии иқлими сайёра, обшавии пиряхҳо, гармшавии атмосфераи ҳаво аз ҳисоби партовҳои муассисаҳои саноатию маишӣ ва ғайраҳо.
Ёдовар мешавем, ки маърифати экологӣ проблемаи умумибашарӣ буда, хусусиятҳои миллӣ ё қавмӣ ва марзу бум надорад, чунки ҳеҷ як халқият ва ё миллате бе табиат ва муносибатҳои мутақобилае бо табиат вуҷуд дошта наметавонад ва проблемаи экологӣ проблемае нест, ки дар як минтақа зуҳур карда, ба дигар минтақа бетаъсир монад.
Маърифати экологӣ ҷанбаҳои гуногун дошта, хусусияти умумибашарӣ дорад ва дар тӯли таърихи мавҷудияти ҷомеаи инсонӣ ташаккулу    омезиш ёфта, дар фаъолияти меҳнатию фарҳангии ҳар як миллату халқиятҳо зоҳир мешавад.
Дар рафти  озмоишҳои педагогӣ ва хулосаю акидаҳои олимону муҳаққиқон маърифати экологиро ба ду навъ ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Маърифати экологие, ки дар заминаи анъанаҳои қавмию миллӣ ва маҳалӣ ташаккул ёфта, аз насл ба насл гузашта ҷанбаи маҳаллӣ дорад;
  2. Маърифати экологие, ки дар заминаи бунёди маданиятҳои ҳифзи табиатии умумибашарӣ ва таҳқиқоти илмӣ ҳадафмандона дар шароити махсус ташкил гардида, ташаккул меёбад.

Таҳқиқотҳо нишон дод, ки аҳолӣ ё сокинони Тоҷикистон асосан ба типи якуми маърифати экологӣ мансуб буда, бархе аз бошандагони деҳоти он дар бораи буҳрону мушкилоти экологии кишвари худ, ҷомеаҳои ҳамшафат ва умумибашарӣ маълумоту тасаввурот низ надоранд, ки ин аз маърифати пасти экологию табиатдӯстии онҳо бармеояд. Ҳамчунин, натиҷаи омӯзиш нишон дод, ки:
— муҳити табиӣ аз тарафи ҷомеаи инсонӣ ҳамчун шароити мусоиди ҳастию ҳаётӣ, ҷои зисту истиқомат дарк карда мешавад, зеро инсон як ҷузъи он ба шумор меравад;
— муҳофизати табиат, вазъи муҳити зист бо дараҷа ва донишҳои умумибашарӣ, экологӣ ва ҳатто хусусиятҳои иҷтимоию равонии онҳо вобаста мебошад;
— ҳифзи табиату боигариҳои гаронбаҳои он ва муҳити зист ё сукунати зиндагӣ;
— ба талаботи моддию иҷтимоӣ ва манфиатҳо вобаста мебошад;
— дар ободии гуногунии олами набототу ҳайвонот, мувозинати биологию экологӣ бо пуррагӣ тасаввуроти илмӣ, назариявӣ ва амалӣ надоранд:
— аз натиҷаи озмоишҳои педагогии гузаронидаи мо маълум шуд, ки бархе аз сокинони ҷумҳурӣ, бахусус, бошандагони деҳот ва дар ноҳияҳои кӯҳистон дар бораи одобу маърифати экологӣ ва дигар масъалаҳои глобалию экологӣ маълумот ва тасаввуроти паст доранд. Аз ин ҷост, ки зиёда аз 25%-и тариқи пурсиш ва анкетакунонӣ, ба типи маърифати умумибашарӣ мансубанд.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи ҷамъбасту таҳлили маълумоти зикршуда ҷанбаҳои гуногуни маърифати фарҳангӣ-экологие хос буда, муҳити табиӣ ҳамчун муҳити мусоиди ҳастӣ ва ҳаётӣ, ки барои зисти ҷомеаи умумибашарӣ мусоидат карда, хусусияти нисбатан болотарро доро мебошанд.
Маърифати экологӣ аз ҷузъиёти зиёде иборат мебошад. Айни замон дар байни муҳаққиқони соҳа фикру ақидаҳои ягонае дар бораи таърифоту таснифоти он мавҷуд набошад ҳам, мазмунан фикрҳо ба якдигар ҳаммаъною алоқаманд мебошанд.
Ҳадафи асосии таълиму тадриси экологӣ, ташаккули маърифату фарҳангӣ экологию кишваршиносии хонандагону донишҷӯён, ба табиат ба воситаи гузаронидани саёҳату чорабиниҳои экскурсияҳои кишваршиносӣ, маҳфилҳои дӯстдорони табиат оид ба ҳифзи табиат ва муҳити зист маҳсуб меёбад. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои таълимию тадриси экологӣ рушди ҷанбаҳои маърифатию фарҳангӣ экологии хонандагон омӯзонидану дарк кардани табиат ҳамчун манбаи захираҳои табиӣ ва муҳити ҳастию ҳаётӣ ва зиндагии инсон, манбаъ ва сарчашмаи барқарорсозии қувва ва саломатии ӯ ва билохир, фарогирии донишҳои илман асоснок доир ба қонунҳои табиат ва истифодаи амалии онҳо ба шумор меравад. Аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ҷанбаҳои рушди маърифати экологӣ бениҳоят гуногунанд, аз ҷумла, таваққуф ё дамгирӣ дар боғча ё дарахтзору гулгаштҳои боғи бачагона, сайр ва экскурсияҳои кишваршиносӣ ва экологӣ, иштироки хонандагон дар маъракаҳои кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ, дастаҳои муҳофизони табиат, клуби дӯстдорони табиат, маҳфилҳои таърихӣ-кишваршиносӣ ва экологӣ, тестҳо ва олимпиадаҳо,шабнишиниҳои биологию экологӣ, конфронсҳои илмии хонандагон, озмунҳои фаннӣ, ҷашну идҳои экологӣ ва умумибиологӣ (ҳафтаи экологӣ), мониторинги экологӣ, иди гулҳо, Меҳргон, Рӯзи Замин (22 апрел) Рӯзи парандагон (1 апрел) ва ғайраҳо, намоиши расмҳои экологӣ, гузарони- дани шанбегиҳои экологӣ ва умумибиологӣ.

С.МИРЗОЕВ,
доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи биологияи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ