ТАЪМИНИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ — ОМИЛИ РУШДИ МАОРИФ

Дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иқдоми Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, бо иштироки мушовирони китоби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар семинар-машварати ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Таъмини адабиёти таълимӣ-омили рушди маориф» баргузор гардид, ки дар он муовини аввали вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода иштирок ва суханронӣ намуд.
Муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷӯразода дар хусуси масоилу мушкилоти таҳияву таълиф, ба нашр расондан ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои ёрирасон изҳори андеша карда, зимнан, афзуд, ки Вазорати маориф ва илми кишвар то имрӯз барои беҳбудии ҳолати таълимгоҳҳо, таълифи китобҳои дарсӣ, омодасозии дастуру воситаҳои таълимӣ тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ кардааст. Аз соли 2000-ум то соли 2022 аз ҷониби Вазорати маориф ва илм нашри 728 номгӯй китоби дарсӣ (бо дарназардошти нашрҳои такрорӣ) ба миқдори беш аз 50 млн. нусха ба маблағи беш аз 420 млн сомонӣ ба роҳ монда шудааст. Соли 2022 аз ҷониби вазорат ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ 168 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 4 миллиону 55 ҳазору 795 нусха дастрас карда шудааст. Аммо масъалаи норасоии баъзе аз китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳалли худро пайдо накардааст. Бинобар ин, дар машварати имрӯза аслан омилҳои ҳамин мушкилотро ҷӯё ва роҳҳоеро пешниҳод бояд кард, ки ба рафъи ин мушкилот мусоидат намояд. Масъалаи дигари ҳалталаб, баҳси қарзи раёсату шуъбаҳои маориф аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ мебошад, ки солҳост идома дорад. Яке аз роҳҳои пардохти маблағи қарзи солҳои қаблӣ ҷалби маблағҳои соли 4-ум ва китобҳои минбаъдаи дарсӣ маҳсуб меёбад. Дар ҷаласаҳои Вазорати маориф ва илм (ҷаласаҳои сайёр низ) дар баробари даҳҳо масъалаи соҳа масъалаи номбурда ҳам мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Аммо натиҷаҳо дар ин самт чандон қаноатбахш нестанд. Аз ин рӯ, ба тамоми мушовирони бахши китобдории раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш дода мешавад, ки то охири соли ҷорӣ ҷиҳати бартараф намудани қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ, ки аз солҳои пеш боқӣ мондааст, чораҳои таъхирнопазир андешида, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод кунанд. Сипас, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди вазорат Начмиддин Зайниддинзода дар мавзуи «Дастовардҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон дар самти таъмини адабиёти таълимӣ дар соли 2022, мушкилоти соҳаи китобдорӣ ва роҳҳои бартараф кардани он» муфассалан ҳарф зад. Мавсуф, аз ҷумла, қайд кард, ки китобҳои дарсӣ бояд ҷавобгӯйи талаботи замони муосир бошанд ва ҳадафҳои давлату миллатро дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ва мутобиқ шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ифода карда тавонанд. Тавре маълум аст, моҳи июли соли равон семинар-машварати ҷумҳуриявии мушовирони китобу раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро Марказ баргузор намуда буд, ки дар он як силсила масъала ва мушкилоти умдаи соҳа баррасӣ шуда буд. То ин дам аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 40 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо теъдоди 4 млн 318 ҳазору 630 нусха ба маблағи 89 млн 945 ҳазору 60 нусха нашр шудааст, ки дар таърихи худ бесобиқа мебошад. Барои таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китоби дарсӣ дар соли таҳсили 2022-2023 аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои 4 млн 508 ҳазору 260 нусха адабиёти таълимӣ дархост пешниҳод шуда буд. Аз ҷониби вазорат бошад, то моҳи октябри соли равон муассисаҳои таълимӣ аллакай бо 4 млн 55 ҳазору 795 нусха китоби дарсӣ таъмин гардидаанд. Яъне, дар муқоиса бо дархости пешниҳодкардаи раёсату шуъбаҳои маориф таъминоти китобҳои дарсӣ 90 фоиз иҷро шудааст.
Бояд зикр намуд, ки Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар асоси дархости пешниҳодкардаи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамасола нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумиро тартиб медиҳад. Мувофиқи нақша 30 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди умумии 2 млн 330 ҳазор нусха дар назар дошта шудааст. То нимсолаи якуми соли 2022 аз ин теъдод 28 номгӯй китоби дарсӣ пурра омода гардида, ба чоп пешниҳод шуд. Дар асоси дархости пешниҳодкардаи раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зарурат ба миён омад, ки 14 номгӯйи китоби дарсие, ки аз 30000 нусха зиёд норасоии онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба назар мерасид, иловатан ба «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2022» ворид карда шуд. Ҳамзамон, бори аввал барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ нашри 12 номгӯй адабиёти таълимӣ ба озмуни чоп пешниҳод ва нашри ин китобҳо идома дорад. Сарфи назар аз он ки ҳамасола Вазорати маориф ва илм китобҳои дарсиро нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас менамояд, аммо масъалаи норасоии адабиёти таълимӣ то имрӯз ҳалли худро пайдо накардааст.
Тибқи таҳлилҳо, яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани норасоии адабиёти таълимӣ афзоиши шумораи хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошад. Санҷишу мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки аз китобдори муассисаи таълимӣ, директор ва баъдан, мушовири бахши китоб то сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф норасоии китобҳои дарсиро дуруст ва ҳаматарафа таҳлил карда наметавонанд. Ҳадафи асосии машварати имрӯза низ маҳз баррасӣ ва бартараф намудани ҳамин мушкилӣ аст. Ҳол он ки як хатои кӯчак дар пешниҳоди эҳтиёҷ ба китобҳои дарсӣ боиси он шуда метавонад, ки муассисаи таълимӣ то 5-6 сол аз норасоии китобҳои дарсӣ ранҷ кашад. Яъне, вақте ҳисоботи оморӣ нодуруст пешниҳод мешавад, теъдоди китоб тибқи ҳамон омор ба нашр мерасад. Бо мувофиқаи роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Марказ ба истиснои ВМКБ, дар дигар манотиқи кишвар семинар оид ба норасоии китобҳои дарсиро ташкил намуда, таъкид намуд, ки дар ҳолати дар ҷумҳурӣ аз 10000 нусха зиёд будани миқдори норасоии китоб нашри такрории китобҳои дарсиро ба роҳ мемонад. Тасмим гирифта шуд, ки минбаъд ҳамчун сарборӣ ба раёсату шуъбаҳои маориф китоби дарсӣ фиристонда намешавад, ё бо дарназардошти панҷ соли минбаъда китоби дарсӣ нашр карда намешавад. Аз нодуруст пешниҳод намудани миқдори китобҳои дарсӣ, ки таълимгоҳҳо гӯё ба он китобҳо ниёз доранд, дар анбори вазорат ба андозаи 20 млн сомонӣ китобҳо барои солҳои минбаъда хоб аст. Бояд зикр намуд, ки дар шароити имрӯза барои муассисаҳои таълимӣ низоми иҷора яке аз роҳҳои муфидтарини дастрасӣ ба китобҳои дарсӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин роҳ ҳам норасоии адабиёти таълимӣ аз байн меравад ва ҳам китоб солҳои зиёд дар мактабҳо боқӣ монда, аз ҷониби хонандагон минбаъд истифода мешавад. Айни замон, мутаассифона, бақияи қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ, дар маҷмуъ, 5 млн 516 ҳазору 578 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, вилоятҳои Хатлон 1 млн 672 ҳазору 926 сомонӣ, Суғд 1 млн 564 ҳазору 801 сомонӣ, ВМКБ 42 ҳазору 364 сомонӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1 млн 607 ҳазору 174 сомонӣ ва шаҳри Душанбе 629 ҳазору 240 сомонӣ аз ҳисоби пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ қарздоранд. Вазъияти мазкур, махсусан, дар раёсату шуъбаҳои маорифи вилояти Хатлон ташвишовар аст.
Сардори шуъбаи муҳосибот ва иқтисоди Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Юсуф Баҳромов перомуни масъалаи ҳадафи гузарондани санади муқоисавӣ байни раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ сухан ронда, минҷумла, таъкид намуд, ки соли 2009 ба сабаби напардохтани маблағи қарзи иҷоравии китобҳои дарсӣ, ки 18 млн сомониро ташкил медод, бо дастури роҳбарияти вақти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ лоиҳаи «Санади муқоисавӣ» аз ҷониби Марказ таҳия ва гурӯҳи корӣ таъсис ва ба 68 шаҳру навоҳӣ сафарбар гардид. Мақсад аз гузаронидани санади муқоисавӣ аз ин омилҳо бастагӣ дорад:

  1. Муайян намудани миқдор ва маблағи умумии китобҳои дарсӣ;
  2. Маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ;
  3. Миқдор ва маблағи умумии маводи таълимӣ;
  4. Миқдор ва маблағи умумии адабиёти таълимии ройгон;
  5. Маблағи супоридашуда;
  6. Қарзи раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ;
  7. Роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ;
  8. Ба танзим даровардани низоми иҷораи китобҳои дарсӣ;
  9. Ба танзим даровардани ҳисоботи муҳосибӣ;
  10. Муайян намудани нақшаи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ва ғ.

Мутаассифона, бахши аъзами китобдорони муассисаҳои таълимӣ аз низоми пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ огаҳии комил надоранд. Инак, 6 моҳ мешавад, ки Низомномаи нави пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ амал мекунад. Дар семинар-машварат яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки ҳалли ҳарчи зудтари он тақозо карда шуд, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо харитаҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ ва атласҳо ба шумор мерафт. Зикр гардид, ки синфҳои 6-11 атласҳои географӣ надоранд. Аз ин рӯ, таъкид гардид, то раёсату шуъбаҳои маориф дақиқан муайян намоянд, ки чӣ теъдод хонандагон ба атлас дар муассисаҳои таълимӣ ниёз доранд ва ҳисоботро ба Марказ пешниҳод кунанд. Ҳамчунин, дар машварат, ки ду рӯз идома ёфт, аз ҷониби директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия А.Гулзода платформаҳои рақамии «Китобхонаи электронӣ» ва «Сандуқчаи зулбиё» муаррифӣ гардид. Масоили роҳу шеваҳои аз эътибор соқит намудани китобҳои фарсудашуда, бартараф кардани қарзи солҳои қаблии иҷораи китобҳои дарсӣ, омилҳои роҳ наёфтани ҳолатҳои коррупсионӣ дар самти иҷораи китобҳои дарсӣ ва роҳҳои пешгирии он, тарзи дурусти муайян намудани омори хонандагон ва пешниҳоди дархости китобҳои дарсӣ аз ҷониби китобдорони муассисаҳои таълимӣ ва мушовирони китоб мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд. Дар семинар-машварат музокираву муҳокимарониҳо, саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои ҷолиб ба амал омад. Масъалаи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои бадеӣ низ матраҳ гардида, дар ин самт аз мушкилоти мазкур андешаҳо аз ҷониби иштирокдорони семинар- машварат садо доданд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»