«ҲАСТИАМРО БО ҲАСТИИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ ПАЙВАНД МЕДОНАМ»

Дар шумори муқаддасоти миллат забони модарӣ мақоми аввал дорад, зеро ҳастии миллат, пеш аз ҳама, ба ҳастиву бақои забонаш иртиботманд аст, зеро забон устувории халқро таъмин мекунад, зеро ҷони миллат эътироф шудааст, зеро:

Бо забонаш сар шавад таърихи авлоди башар,
Бо заволи лаҳҷааш таърихи ӯ гардад тамом.

Халқи тоҷик, ки табиатан маънавиятдӯсту тамаддунпарвар аст, ҳамеша ба забони модарӣ арҷ мегузораду онро пос медорад. Бузургтарин мерос аз ниёгонамон маҳз забони модарист. Ба ҳукми таърих гузаштагони халқи тоҷик борҳо зери зулму асорат, таҳиқиру ҳамоқат, тахту тороҷ мондаву ҳама сарвату давлати худро аз даст дода бошанд ҳам, забони модариашонро ҳифз бинмудаву поку бегазанд нигоҳ доштаанд. Ин забон — забони тоҷикӣ, воқеан ҳам, бузургу тавоност, мағлубнопазир аст, забони қаҳрамон, забони афроди бузург ва осори безавол аст. Аз назари аҳли таҳқиқ, забони тоҷикӣ чандин марҳилаи рушдро паси сар кардааст ва ин марҳилаҳо ҳар яке махсусиятҳову умумиятҳои худро доштаанд. Ва бидуни шакку шубҳае, пурфайзтарину самарбортарин марҳилаи рушду такомули забони тоҷикӣ марбут аст ба даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Истиқлол ба эҳёву такомули анъанаву расму оин ва дороиҳои маънавии миллат шароити созгору бесобиқа фароҳам овард ва дигар танҳо лозим буд, ки ин вазъи дилхоҳ ба таври шоиста ва дар сатҳи баланд истифода шавад. Ба сарафрозиву хушбахтии халқи фарҳангпарвари тоҷик ба шарофати истиқлол ба сарварии давлати тозаэҳёи тоҷикон ҷавонмарде баргузида шуд, ки ҳисси баланду беназири ифтихори миллию хештаншиносӣ дорад ва ба кулли муқаддасоти миллӣ эҳтиромгузор аст. Аз нахустқадамҳои хеш ба арсаи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар омилҳо, чун хомӯш кардани оташи даргириҳои дохилӣ, бозгардонидани тамоми фирориён, таъмини тантанаи сулҳу ваҳдат дар саросари кишвар ба бузургдошти муқаддасоти миллат таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ зоҳир намуданд ва аз ҷумла, эҳтирому посдории забони давлатиро вазифаи пуршарафи ҳар фарди миллат донистанд. Сарвари кишвар эълон карданд, ки забони миллат дар паноҳи давлат аст, давлат забони тоҷикиро ҳимоят мекунад ва барои вусъату тавонафзоияш пайваста тадбирҳои судманду муассир меандешад. Аз файзи сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ дар паноҳи истиқлол давра ба давра мусаффою муҷаллотар гардиду манзалату мартабаашро зина ба зина боло бурд ва ғанитар, шевотар, тозатар, пурнуртар гашт. Дар ситоиши корномаи муҳтавоманду фарогиру шуҷоатманди Президенти муҳтарамамон вобаста ба бузургдошити забони тоҷикӣ ва таъмини мақоми устувори он дар ҷомеа, бемуҳобо, метавон даҳҳо китобу рисола навишт, пажуҳишҳо рӯи кор овард, вале ин ҷо мо мекӯшем ба таври хеле фишурда омилу тафсиру хулосаҳоеро иброз дорем, ки пеш аз ҳама, собитгари воқеан ҳам, ҳомӣ, арҷгузор ва таблиғгари забони тоҷикӣ будани Пешвои миллат бошанд.
Педагогҳои барҷаста борҳо таъкид бар он кардаанд, ки барои дар таълиму тарбия муваффақ будан омӯзгор бояд, муҳимтар аз ҳама, барои шогирдон намуна бошад. Аз ҷумла, одоби ҳамида, либоси шинаму озода, гуфтори ҷолибу шево дошта бошад. Яъне, худ намунаи ибрат будан омили муассиртарин аст. Ҳамин гуфтаи барҳақи педагогҳои барҷаста ба хотир меояд, чун ҳар гоҳ мо суханрониҳои Пешвои миллатро мешунавем. Сарвари кишвар бо забони модарӣ (тоҷикӣ) хеле равону самимӣ, возеҳу равшан ва гузашта аз ин, бо истифода аз таъбирҳои халқию ибораву ифодаҳои образнок ҳарф мезананд. Гуфторашон ширабор асту ҷолиб ва гоҳе омехта бо лутфу танз. Аксари мо шоҳиди онем, ки Президенти муҳтарам зимни гуфтугӯҳо бо мардум (бо зиёиёну адибону олимон, бо меҳнаткашону омӯзгорон, бо донишҷӯёну хонандагон…) борҳо ин ё он ғалати забонии ҳамсуҳбаташон ё шахси сухангӯйро бадоҳатан ислоҳ кардаву таъкид бинмудаанд, ки ин тавр гуфтан аз нигоҳи қоидаҳои забони тоҷикӣ нодурусту нобарҷой аст, бояд ин хел гуфт. Аз забони Сарвари кишвар кас як силсила вожаҳои каммаъмул ё душворталаффузи забонамонро, ки асли баромади тоҷикӣ доранду набояд ба ҳукми фаромӯшӣ раванд, шунида, ростӣ, дар ҳайрат мемонад ва офарин ба азми қавли забономӯзиву эҳтирому таваҷҷуҳи баланди Пешвои миллат нисбат ба забони модарӣ мегӯяд. Сардори давлати мо на танҳо зимни суханрониҳои расмиашон, балки дар мулоқоту гуфтугуҳои озодашон бо ҳамагон комилан ба забони адабии тоҷикӣ ҳарф мезананд ва гуфторашон ба куллӣ орӣ аз ғалату сакта аст. Ин ҳолат аз ду омили асосӣ дарак медиҳад: а) Сарвари кишвар забони модариро самимона дӯст медоранду эҳтиром мекунанд ва ба тозагии он ҳамеша диққат медиҳанд, б) бисёр мутолиа мекунанд, пайваста китобҳои тозанашру маҷаллава рӯзномаҳоро варақ мезананд ва шояд дафтари ёддошти вожаҳои тоза ҳам дошта бошанд.
Пешвои миллат ба ҳифзу густариши забони тоҷикӣ эътибори комил медиҳанд, тадбирандешӣ мекунанд. Бо ибтикори Сардори давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав қабул гардид, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ (2007) эълон шуд, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ба тасвиб расид, Рӯзи забони давлатӣ таъйин (5 октябр) гардид, ки ҳамасола дар сатҳи баланд тачлил мешавад.
Бо дастури Пешвои миллат ҳамагон рӯй ба ному насаби тоҷикӣ оварданд (аз ин хусус низ Сарвари кишвар худ намунаи ибрат буданд), суннатҳои аҷдодии номгузориро эҳё карданд; номҳои ҷуғрофии ба забонамон бегона ва ё дорои маъниҳои номафҳуми муғлақ ба номҳои зебои тоҷикӣ иваз карда шуданд; таълифи рисолаҳои илмӣ ва дифои онҳо ба забони тоҷикӣ ба расмият дароварда шуд; забони давлатии мо ба шарофати суханрони Пешвои миллат аз минбари СММ садо доду ба гӯши ҷаҳониён расид; донистану дар коргузорӣ қотеъона истифода кардани забони тоҷикӣ дар тамоми идораву созмону ташкилотҳо (новобаста аз шакли идориашон) ҳатмӣ эълон гардид.
Бо супориши Пешвои миллат нашри китобҳо бо забони тоҷикӣ (аз ҷумла, осори ниёгон) вусъат ёфт, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бознигарӣ ва таҳрири ҷиддӣ шуданд, Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис ёфт, «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» ба табъ расид, маҷаллаи «Суханшиносӣ» интишор шуд, тақозо гардид, ки тамоми мансабдорони давлатӣ забони тоҷикиро бояд дар сатҳи баланд донанд…
Пешвои миллат бар ангезаи муҳаббату эҳтироми бепоёнашон нисбат ба забони тоҷикӣ асари бунёдиву бузурги “Забони миллат — ҳастии миллат”-ро дар ду ҷилд иншо намуда, чеҳраи забони тоҷикиро бештар муҷалло сохтанд ва ҳамчунин, дар асарҳои барҷастаашон “Чеҳраҳои мондагор”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Ориёҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”… ба умдатарин масоили ҳамбаста ба таъриху мақому неруи забони тоҷикӣ дахл карда, шуҳратафзои ин забони ноб гардиданд…
Аз забони Пешвои миллат садо додани суханони меҳрбори зер боиси ифтихори ҳар яки мо-соҳибзабонон аст ва даргумон аст, ки таърихи миллатамон пешвое, сарваре инчунин, суханони самимию ватандӯстонаро ба забон оварда бошад: “Ман ба забони шеваи шоиронаи тоҷикӣ сидқан арҷ мегузорам, ба ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониам бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам”.
Шарафманд аст халқе, ки чунин Пешво дорад ва ҷовидонию соҳибмақом аст забоне, ки чунин ҳомию арҷгузор ва таблиғгар насибаш гашта.

Сайфулло ТАШРИФОВ,
директори мактаби №71-и шаҳри Ваҳдат