ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ШУРУЪ ГАРДИД

5-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шуруъ гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон Амонзода, роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Китобхонаи миллӣ, муовиниони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф, ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни озмун ва волидайну омӯзгорони онҳо иштирок намуданд.
Зимни маросими ифтитоҳии он муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ сухан карданд.
Аз ҷумла, муовини Сарвазири мамлакат М. Сатториён зикр кард, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба мақоми китоб ҳамчун ҷузъи фарҳанги хирадгароӣ, маърифатафрӯзӣ дар тарбият, савод ва маънавиёти ҷомеа, интишори осори суханварон ва донишмандони гузаштаву имрӯза дорои мақоми шоиста мебошад.
Дар баробари маҷмуи тарбирҳои зиёде, ки ба таҳия ва нашру тарғиби китобу китобдорӣ марбутанд, бо ҳадафи ҷалби васеи қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ ва ташаккули маънавиёти ҷомеа аз соли 2019 инҷониб бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад.
Баргузории озмуни мазкур дар давраҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баёнгари он аст, ки воқеан имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолиаи китоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, новобаста аз синну сол барои хондану аз бар намудани мероси адабиву илмӣ ва аз ин роҳ мусоидат дар ташаккули маънавиёт, тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш саҳми муносиб мегузоранд.
Соли чорум аст, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.
Он аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифта, тибқи ҷадвали тасдиқшуда иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо – рӯзҳои 5-7-уми декабр хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), рӯзҳои 8-10-уми декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), рӯзҳои 11-12-уми декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, рӯзҳои 13-15-уми декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ва 16-уми декабр барои дарёфти Шоҳҷоиза донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври якуми озмун 128851 нафар, дар даври дуюм 37984 нафар, дар даври сеюм 7096 нафар иштирок намуда, дар даври ниҳоӣ 442 иштирок менамояд, ки аз он 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯёни (магистрантон, аспирантон) муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон