ХАТАРҲОИ ЭКОЛОГИРО ПЕШГИРӢ НАМОЕМ

Экология аз соҳаҳои хеле муҳими замони мо ба шумор рафта, он ба саломатӣ ва тарзи ҳаёти инсон вобастагии зич дорад, Мутаассифона, аксар вақт ба муҳити зист бепарвоем, онҳоеро, ки нисбат ба қонунҳои табиат саҳлангорӣ мекунанд намегӯем, ки ин рафторашон нодуруст аст. Ҳарчанд ки дар ин масъала як қатор қарору қонунҳо низ ба тасвиб расидаанд, вале боз ҳам ҳамон беэътиноӣ ва якравиамон нисбат ба муҳити атроф эҳсос мегардад.
Ҳамаи ғамхориҳо ва чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона карда шудаанд, ки аҳолии ҷумҳурии мо бояд сарватҳои табииро оқилона истифода намоянд. Об ҳам аз ҷумлаи сарватҳои зарурии табиат аст. Дар моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст». Аз ин хотир, бояд ҳар як шаҳрванд барои сарфа намудан ва тоза нигоҳ доштани ҳар қатраи об саҳми худро гузорад. Обҳои маъдание, ки дар як қатор мавзеъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ вуҷуд доранд, имкон медиҳанд, ки мо бо истифода аз онҳо саломатии худро хуб нигоҳ дорем. Дар баъзе аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, масалан, дар мавзеъҳои Часалбудаи Гурҷистон ва Четиосойи Қирғизистон обҳои маъдании ҳарораташон паст вуҷуд доранд, бинобар он, аз дигар ҷойҳо ба саразмини мо барои муолиҷа меоянд. Дардмандон барои шифоёбӣ ба чашмаҳои маъдании мо – Шоҳамбарӣ, Обигарм, Хоча Обигарм ва ғайра ниёз доранд, ки ин боиси ифтихори мо, тоҷикон ҳам ҳаст.
Ҳанӯз ҳазор сол пештар аз ин Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар асари худ «Ал — Қонун» навишта буд. ки обҳои маъданнок барои табобати бемориҳое, ки дар натиҷаи хунукию намнокии миҷоз пайдо мешаванд, барои рафъи бемориҳои пайвандҳо, диққи нафас ва гурдаҳо истифода мешаванд. Онҳо дуруст шудани устухонҳои шикаста ва захмҳоро метезонанд, боди шикамро кам мекунанд. Оби маъданноки гӯгирддор (сулфурдор) асабҳоро ором, шиддати дардро паст намуда. захму доғҳои пӯстро шифо мебахшад, мубодилаи моддаҳоро дар пайвандҳо, ҷигар, испурч беҳтар намуда, меъдаро тақвият мебахшад. Албатта, ҳамаи ин суханони Абуалӣ ибни Сино ба чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон рост меоянд. Бинобар ин, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба масъалаи беҳдошти об, хусусан, обҳои шифобахш, ки бойигарии мамлақати мо маҳсуб мешаванд, ба манфиати худи мост. Аз ин рӯ, бо ин роҳ мо метавонем, ки муҳити экологиро низ таъмин намоем.

Оқибати фалоқатбор
Инсон ба ҳама рӯйдодҳои атроф бояд бо назари некбинона нигариста, дар ҳифзи ёдгориҳо, аз ҷумла, обу набототу ҳайвоноти нодири ҷумҳурӣ ва маҳалли зисти худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Зеро табиат низ мисли модар аст ва ӯ дар оғӯши худ ҳамаи ин неъматҳоро мепарварад. Бино ба нишондодҳои мадракҳои таърихй, такрибан 40 ҳазор сол пеш аз ин инсон соҳиби ақлу заковати мукаммал гардидааст. Шуруъ аз ҳамон давра тафаккури одамӣ рӯ ба пешравӣ овард ва нигоҳи ӯ ба табиат, муҳити зист комилан тағйир ёфт. Акнун минбаъд инсон барои конеъ гардондани талаботи рӯзмарраи ҳаёташ аз табиат ва неруҳои он истифода мебурд ва ин талабот дар тӯли асрҳо ба худ шаклу мазмуни нав гирифта зиёд мешуд ва он то ҷойе оварда расонд, ки инсон ба хотири даромад ва фоида ба табиат зарар меовардагӣ шуд.
Ҳамин тавр, то рӯзҳои мо низ халалдор гардидани муҳити зист аз тарафи инсон идома дорад ва ин амали номатлуб пайваста ба ҷони инсонҳо хатари ҷиддӣ ворид месозад. Гарчи дар ин масъала олимони соҳа ва дигар коршиносони соҳаи экологӣ зиёд навиштаву дар сатҳи байналмилалӣ мавзуи матраҳгардида ба миён гузошта мешавад, вале боз ҳам инсонҳо ба ин масъала бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд, ки окибаташ фалокатбор аст.
Омилҳои зарар расондан ба муҳити зист хеле зиёданд, ки аз байн бурдани дарахтон яке аз онҳост. Ин амал агар аз як тараф, ба иқтисодиёти ҷомеа халал расонад, аз тарафи дигар, вайрон кардани атмосфераро ба вуҷуд меорад, зеро мавчудияти ҳар гуна дарахт таъмини ҳавои тоза, таъмини оксигенро ба вуҷуд меорад. Ғализ шудани атмосфера бемориҳои зиёдеро ба бор оварда, муҷиби пайдо гардидани касалиҳои диққи нафас ва монанди ин мегардад, ки ба саломатии ҳар як сокини сайёра хатари ҷиддӣ меорад. Вобаста ба ин, сӯхтори ҷангалҳо дар миқёси ҷаҳон низ сабабҳои вайрон шудани муҳити экологӣ мегарданд. Собит гардидааст, ки танҳо дар сурати як дар сад кам шудани кабати озонии таркиби атмосфера шумораи маризиҳои саратони пӯст то 5 — 7 дарсад меафзояд. Ин нишон медиҳад, ки танҳо дар минтакаи Аврупо соле то 7 — 10 ҳазор нафар гирифтори ин беморй мегарданд. Сабаби асосии хароб шудани қабати озонӣ афзудани ҳаҷми оксиди нитроген, атомҳои хлор ва буғи оби дар таркиби атмосферабуда мебошад.

Аз байн рафтани ҷангалҳохатар ба ҷомеа
Коршиносон муайян кардаанд, ки танҳо дар ду — се соли охир бештар аз ҳафт миллион гектар заминҳои чангалзорҳои Сибир сӯхта нест шудаанд ва ба атмосфера ба ҳачми ниҳоят калон диоксиди карбон (СО2) хорич кардаанд. Имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки дар ҷумҳурии мо низ. Мутаассифона, дар ин масъала беаҳамиятӣ зоҳир намуда, бархе аз ҳамватанонамон ба буридани дарахтон машғул гардида, ба табиати биҳиштосоямон хисороти зиёде ворид мекунанд. Ингунаҳо танҳо ба даст овардани маблағ фоидаи худро фикр карда, ба чомеа зарари ҷиддӣ мерасонанд. Боиси таассуф аст, ки агар ин гуна амалҳои номатлубу ноҷавонмардонаро ба мушоҳида гирем ҳам, барои пешгириаш худро вазифадор намеҳисобем. Яъне, ба таъбири мақоли халқӣ «аз мост, ки бар мост». Андеша намекунем, ки зарари ин кор ҳатман ба худи мо низ мерасад, зеро махлут ва кам шудани атмосфера сабабгори асосии гармшавии иклими Замин дониста мешавад.

Обшавии пиряхҳо хисорот меорад
Андаке ҳам бошад, баланд шудани гармии ҳаво боиси обшавии пиряҳо ва баланд рафтани сатҳи оби укёнусу дарёҳо мегардад. Ин, албатта, ба сокинони тамоми сайёра таҳдид намуда, ҳам хисороти молӣ ва ҳам хисороти ҷонӣ меорад. Беҳуда нест, ки Роҳбари давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бузурги чаҳон доир ба ин масъала садо баланд мекунанд. Агар дар садсолаи охир сатҳи оби укёнусҳо 10 — 12 сантиметр баланд шуда бошад, пас тибқи пешгӯии мутахассисони соҳа то соли 2050 эҳтимоли баландшавии сатҳи оби онҳо то ба 150 сантиметр имкон дорад. Баландшавии сатҳи оби уқёнусҳо барои мамолики наздибаҳрӣ ва шаҳрҳои алоҳида мушкилоти ҷиддиро ба амал меорад. Ҳангоми баландшавии сатҳи об майдонҳои кишт аз истифода баромада, заминҳои зиёде ба шӯразор табдил меёбанд. Ҳангоми баландшавии ҳарорат майдони зиёди чангалҳо ва ҳайвоноти зиёди нодир нест шуда, майдони чарогоҳҳо кам мешаванд. Аз чунин мушкилоти ҷойдошта ҷумҳурии мо низ дар канор нест. Ин аст, ки ин проблемаро Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гармшавии иқлим ва таъсири он ба кишвар таъкид карда буданд: «…ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои  байналмилаливу минтакавӣ, аз ҷумла, дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзишй вазъи онҳо тадбирҳо андешида шаванд».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такрибан сездаҳ ҳазор пиряхи хурду бузург мавчуд буда. 6 дарсади масоҳати кишварро ташкил медиҳанд. Бинобар обшавии босуръати пиряхҳо тӯли 40 сол ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон қариб ба се як андоза кам шуда, пурра аз байн рафтааст ва пиряхҳои боқимонда тамоми ҷумҳуриҳои ҳамсояи моро бо об таъмин мекунанд.
Ба ин хотир, 28 ноябри соли 2021 Президенти мамлақат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти 15-уми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Ашкободи Туркманистон доир ба ин масъала чунин зикр намуда буданд: «Зуҳуроти селу обхезӣ, ярч ва дигар падидаҳои табиӣ, ки ҳамасола ба иқтисодиёт зарари ҷиддӣ мерасонанд, афзоиш ёфтаанд. Бо назардошти ин омилҳо, муҳим медонем, ки дар доираи Созмон ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва дар ин замина коҳиши таҳдидҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Умедворам, ки пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва мушаххас сохтани санаи «Рӯзи умумичаҳонии ҳифзи пиряхҳо», инчунин, таъсиси «Бунёди байналмиалии ҳифзи пиряхҳо» аз чониби шарикони мо дар Созмон чонибдорй хоҳанд ёфт».

Баланд бардоштани маърифати экологи — муҳим
Таткикотҳои иҷтимоӣ бозгӯи онанд, ки шумораи аҳолии сайёра мутаносибан тайи чанд даҳсолаи охир босуръат меафзояд. Дар баробари ин, истеҳсолу истифодаи сарватҳои табииӣ низ меафзоянд ва ин ҳолат ба олами набототу ҳайвонот зарари калон мерасонанд.
Имрӯз ифлосшавии табиат, мушкилоти муҳити зист хосияти умумичаҳонй гирифтааст, зеро барои он сарҳади давлатӣ вуҷуд надорад. Афзоиши ифлосшавии муҳит боиси пайдоиши хавфу хатари раванди муътадили низоми биосфера ва аз ҷумла, инсоният мегардад. Аслан, ба табиат, мо, инсонҳо зарар мерасонем. Ин чаҳон хонаи тамоми башарият маҳсуб меёбад. Вазифаи инсоният аз он иборат аст, ки ин хонаашро ҳамеша поку беолоиш нигоҳ дошта, аз ҳама баду балоҳои омада эмин нигоҳ дорад. Мо, калонсолон, бояд андешаи фардоро намоем, зеро пасовандонамон аз хунукназарии мо нисбат ба муҳити атрофамон набояд моро сарзаниш намоянд. Баръакс, намуна бояд буд, то онҳо низ ба мо тақлид намуда, муҳити атрофи хешро тоза нигоҳ доранд. Барои ин мо бояд ба маърифати экологии мардум дахл намуда, атрофиёнамонро бо маслиҳат, насиҳат, роҳҳои дигари фаҳмондадиҳӣ роҳнамоӣ кунем, то ба ҷони худу дигарон ҷабр накунанд.

Ҳотами ҲОМИД,
 «Омӯзгор»