ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВО ПОЯНДА БОШ!

Дар арсаи ҷаҳон хеле кам иттифоқ афтодааст, ки халқеву миллате доғ аз таърихи ҳастии худ нагузошта бошад. Бисёр халқҳои ҷаҳон дар талошу ҳирси сарвати дорой ва савлату шуҳрат ва бар асари бузургманишиву ғурури тавоноиву абарқудратӣ ба мамолики гуногун тохтутозҳо кардаву ба тороҷу қатлу куштор даст задаанд ва бо ҳамин дар таърихи башар ном сиёҳ бинмудаву доғҳои нафратбор аз худу аъмоли худ боқӣ гузоштаанд. Дар айёми мо низ, мутаассифона, чунин амалҳои барои мардуми заҳматкашу осоиштаи ҷаҳон мудҳишу пурзиён ҳар гоҳ аз ҷониби кишварҳои алоҳида ба вуқуъ мепайванданд, ки ҳадафи асосиашон ҳирси сарват ва даъвои бузургию тавонмандист. Боиси ифтихору сарфарозии мост, ки халқи тоҷик доғе дар арсаи ҷаҳон дар таърихи басо бостонии худ нагузоштааст, ба гувоҳии таърих, тоҷикон табиатан халқеанд сулҳпарвару некухисол ва ҷонибдори зиндагии осоиштаву фараҳбор, дӯстиву ваҳдату ҳамдилӣ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таърихи ҷаҳону халқи азизи худ огаҳии комил доранду дар ин мавзуъ асарҳои барҷаста низ офаридаанд, вобаста ба гуфтаҳои боло чунин ибрози назар кардаанд:
«Агар мо ба гузашта назар афканем, пас итминон ҳосил хоҳем кард, ки халқи мо дар ягон давру замон амале содир накардааст, то боиси хиҷолати наслҳои оянда шавад. Тоҷикон дар давраҳои гуногун ҷаҳониёнро бо илм, бо ҳунар ва фарҳанги волои хеш тасхир карда буданд. Ин, албатта, боиси ифтихору сарфарозии мост».
Тоҷикон баръакси як қатор мамолики манфиатҷӯ дар рушди тамаддуни башарӣ ҳиссагузорӣ кардаанду мекунанд ва пайваста таъкид мекунанд, ки «Бани одам аъзои якдигаранд». Волоҳадафи халқи тоҷик башарпарварию ватандӯстист, ҳамкорию ҳамзистии осоишта бо тамоми халқҳои ҷаҳон аст. Дар баробари ин, халқи тоҷик ба ифтихори миллӣ ва ба муқаддасоти миллат арҷ мегузорад. Ин мазмунро низ Пешвои миллат хеле амиқу дақиқ тавсиф бахшидаанд: «Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст. Бинобар ин, иддаои бартарӣ аз дигарон, паст задани ин ё он инсон аз рӯи нишонаҳои миллию нажодӣ кори шахсони маҳдуд ва ҷаҳолатпеша аст».
Мегӯянд, ки ҳар халқею миллате дар муҳликтарин вартаву ваъзият боз ҳам хислати асливу хунии худро нишон медиҳад ва агар хушгавҳару некназар аст, ҳам худ роҳи наҷотро меёбад ва ҳам ба дигарон ин роҳро менамоёнад. Дар поёни садаи бист тоҷикон бо лутфи қисмат ба истиқлол мушарраф гаштанд. Ин саодатмандию сарба ландии миллат буду марҳилаи тамоман наву пурифтихореро дар таърихи давлатдории тоҷикон ифтитоҳ намуд. Ҷои таассуф аст, ки асосан бо иғвою дасисаи нотавонбинону кинаварзони хоричии халки тоҷик дар кишвари тозаистиклол оташи чангу ихтилофот барафрӯхта шуд, ки кариб дар саросари мамлакат ба ин ё он гуна доман паҳн кард. Ба ин васила Тоҷикистон ба гирдбоди нестӣ кашида шуду истиклолаш зери хатари чиддӣ монд, мардум ошуфтаҳолу шикаста шуданд, боварро ба фардо аз даст доданд ва ҳатто кисмате рӯ ба фирор оварданд, хонабардӯш гардиданд. Дар чунин як вазъи ҳалокатбору печида бо азму иродаи қавию ватандӯстонаи иддае аз ҷонфидоёну накухоҳони миллат 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хучанд Ичлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуду ибтидои роҳи наҷотро дарёфт. Дар ин ҳамоиши наҷотбахш намояндагони халқ бо камоли хушбинию гавҳаршиносӣ фарзанди далеру фарзона ва шарафманди миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат оварданд ва бо боварии комил зимоми давлатдориро ба ихтиёри ӯ вогузоштанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин як вазъи носозгору ихтилофбор бо азму иродаи кавию устувор ва бо шиори сулҳу таманнои осоиштагии саросарии ҷумҳурӣ ба арсаи сиёсат ворид гаштаву марҳила ба марҳила ба комёбиву пешравиҳо ноил гаштанд ва дар ниҳоят, як кишвари чангзадаю ба нестӣ маҳкумшударо аз тамоми вартаҳо берун кашида, ба паҳнои бахту саодат, сулҳу ваҳдат ва осоиштагию дӯстиву рафоқат расондаанд.

Халқро осуда кардӣ, зинда бош!
Хушзамиру некмардӣ, зинда бош!

Пас аз фидокориҳову азму талошҳои беназиру диловаронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят пурфоҷеатарин марҳилаи ҳаёти тоҷикон дар охирин даҳсолаи асри бист паси сар шуд ва 27 июни соли 1997 Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ ба имзо расиду Тоҷикистон ба ваҳдатистон табдил ёфт, нури бахту саодат саросари кишварро фаро гирифту вориди ҳар як хонадон гардид. Дар идомаи сиёсати дурандешонаи Сарвари кишвар дар мамлакат созандагию бунёдкорӣ авҷ гирифт, вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ба ифоқа омад, давраи ҷаҳишҳои азим дар тамоми самтҳо оғоз ёфт. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун давлати амну осоишта ва рӯ ба рушд шинохта шуд ва муҳимтар аз ҳама, кулли фирориён ба Ватан баргаштанду ноумедӣ аз фардо дар дили мардум барҳам хӯрд ва ҷои онро боварӣ ба ояндаи боз ҳам дурахшонтар. иродатмандӣ ба шукуфоии ҷовидонии миллат фаро гирифт. Ҳақ ба ҷониби шоирест, ки гуфта:

Аз бераҳӣ кашидӣ то огаҳӣ Ватанро,
Аз огаҳии миллат ҷустӣ бақои миллат.

Овозаи сулҳу ваҳдати тоҷикон тамоми ҷаҳонро тасхир намуд ва таҷрибаи сулҳоварию сулҳофарии халқи тоҷик мавриди омӯзишу ибратпазирии оламиён қарор гирифт. Халқи некуниҳоди тоҷик хислати азалии посдории адлу адолат ва ҳақиқату воқеиятро дорад. Сабақи таърих низ таъкид мекунад, ки шахсони барои миллату давлати худ содиқона хидматнамуда, албатта, подоши арзандаи худро меёбанд. Ҳамин аст, ки ба рамзи пос доштани хидматҳои ҷонфидоёнаву ватанпарастонаи фарзанди шарафманди тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» таҳия ва қабул гардид. Ва ҳамин тавр, халқи тоҷик Пешвои арзандаву шоистаи худро дарёфт — Эмомалӣ Раҳмон!
Ҳамакнун, солҳост, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат мо-тоҷикону тоҷикистониён ба сӯи ояндаи дурахшон бо азму иродаи қавӣ қадам мегузорем ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёт пайваста ба комёбиҳои чашмгиру беназир ноил мегардем. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф низ дастоварду пешрафтҳои кишвари соҳибистиқлоламон шоистаи таҳсину ситоишанд. Маҳз дар заминаи сиёсати бунёдкоронаву ватанпарваронаи Пешвои миллат маориф дар Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок эълон гардида, барои таъмин, рушд ва пешрафти он тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Президенти ҷумҳурӣ таълиму тарбияи сазовори насли навраси ояндасози миллатро нахустҳадафи соҳаи маориф эълон намуда, аз ҷумла, чунин таъкид карданд: «Саъю кӯшиш бояд кард, ки наврасону ҷавонон ҳар чи бештар ба донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунар, фарогирии дастовардҳои илму техника ва дар сатҳи баланд донистани забонҳои хориҷӣ дар баробари забони модарӣ ҷалб шаванд. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд сифати таҳсилотро давра ба давра баланд бардошт».
Бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардид, татбики васеи компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ роҳандозй шуд, гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ дар мактабҳои олӣ ба вукуъ пайваст, маркази миллии тестӣ ба фаъолият пардохт. Бистсолаи омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид, нақшаю барнома ва китобу дастурҳои таълимӣ таҷдиди назар шуданд, таълимгоҳҳои нав бунёд ёфтанд, барои аҳли таълиму тарбия имтиёзҳо муқаррар гардиданд… Ин тавзеҳро метавон хеле идома дод, вале бо хулосае иброз медорем, ки ба дастгириву ташаббусҳои Сарвари кишвар дар соҳаи маориф ҷаҳиши бузурге ба пеш амалӣ гашт.
Мо ифтихормандем, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов бо таърихи беш аз нимасраи худ дар рушди таҳсилот ва омодасозии мутахассисони варзида барои миллату Ватан хидмати шоиста дорад. Муҳимтарин марҳилаи фаъолияти донишкада бо истиклоли давлатии ҷумҳурӣ алоқаманд аст. Бо дастгирию ғамхории ҳамешгаии Пешвои миллат донишкада симои худро тағйир дод — бештар ободу муҷаҳҳаз гашт ва ҷараёни таълиму тарбия низ ба маҷрои нав ворид шуд. Ҳоло дар панҷ факултет ва 18 кафедраи бо компютерҳо ва тачҳизоти зарурии таълимӣ пурра муҷаҳҳази донишкада ҳайати бонуфузи устодон, ки аксар доктору номзади илманду дарачаҳои варзишӣ низ доранд, ба таълиму тарбияи ҷавонони ояндасози миллат машғуланд ва фаъолияти бавусъату пурсамар доранд.
Наздик ба 600 нафар донишҷӯи донишкадаи мо узви дастаҳои мунтахаби мамлакат вобаста ба намудҳои гуногуни варзиш мебошанд ва дар мусобикаҳои бонуфузи варзишии Осиёву Аврупо ва дар сатҳи чаҳон бомуваффакият ширкат меварзанд. Мо бо ному комёбиҳои шогирдонамон Дилшод Назаров. Расул Бокиев, Мавзуна Чориева, Беҳрӯзи Хочазода… (ин номгӯй хеле бардавом аст) ифтихормандем ва аз он каноатмандем. ки варзишгарони нисбатан ҷавонтари донишкада анъанаҳои шоистаи ин гурӯҳро бо камоли масъулият идома мебахшанд. Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пирӯзии барчаста даст ёфтани шогирди донишкада — Темур Раҳимов рухдоди басо фараҳбахши рамзист. Ин варзишгари тавоно аввалин медали тиллоро дар таърихи дзюдои Тоҷикистон соҳиб шуда. дар катори беҳтарин дзюдочиёни сайёра ҷой гирифт.
Устодону донишҷӯёни донишкада дар тамоми чорабиниҳои сиёсию фарҳангии пойтахт ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд ва ҳоло ба таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи XV1 Шурои Олии Тоҷикистон омодагӣ доранд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чашни фархундаву умумимиллист. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Сарвари окилу шарафманди худ на танҳо дар тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ пеш рафт. балки дар арсаи чаҳон низ ҳамчун мамлакати тамаддунпарвару башардӯст ва дорои ояндаи дурахшон шинохтаву эътироф шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбубтарин шахс барои ҳар як тоҷику тоҷикистонй гардидаанд ва ҳамагон ифтихорманданд. ки чунин як Пешвои ғамхору хирадманд доранду бо ҳидояту дастурҳои ин абармарди миллат устуворона ба пеш, ба сӯи комёбиҳои навин кадам мегузоранд.

Шодӣ САФАРОВ,
ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии
Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов,
профессор