БУРДУ БОХТИ ДАВРИ СЕЮМ

Рӯй ба хираду маърифат овардан ва арҷ гузоштан ба хазинаи илму дониш-китоб ҳар гуна ҷомеаро пешраву комёб месозад ва роҳ ба сӯи фардоро мунаввартар мекунад Дар ҷомеаи китобгаро ҳамагон равшанфикр, хушсухан, озодарафтору амиқбинанд кӯшиш ба эҷодкорию навоварӣ доранд Китоб таҳрикбахши афкор аст ва барои пирӯзиҳо замина мегузорад. Саодатманд аст миллате, ки китобро волотарин сарвати миллӣ, роҳнамою пири хиради худ мехонад ва онро пайваста бо эҳтирому эътиқод рӯи даст мегирад, варақ мегардонад, мутолиа мекунад.
Падидаи гуворову хушоянд аст, ки дар Ватани маҳбуби мо китоб батадриҷ мавқеи дерини худро барқарору устувор мекунад ва «узви ҳар як хонадони тоҷикон» мегардад. Омилҳои зиёде ба ин рухдоди бошарофат мусоидат кардаанду мекунанд, вале дар ин миён муҳимтарину муассиртарин ва фарогиртарин омиле, ки дар кишварамон бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба шумор меравад. Ин натанҳо як озмун, балки ҷашнвораи басо мутантану фарогири китоб аст, ки дар он хурду калон-хонандагону донишҷӯён, ашхоси гуногунпеша, падару модарон-кулли хоҳишмандон ширкат варзида метавонанд. Нишотбахш аст, ки ҳамасола теъдоди довталабони озмун меафзояд ва сатҳи омодагии онҳо низ ҳамвора боло меравад. Пирӯзӣ дар озмун хуб аст, вале муҳим он бувад, ки иштирокдори озмун бошию алоқамандию ихлосу муҳаббататро ба китоб собит созӣ ва дар қатори арҷгузорони ин хазинаи хирад мақом дарёбӣ…
Даври сеюми (вилоятии) озмуни имсолаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар вилояти Хатлон дар ду мавзеъ — шаҳри Бохтар (шаҳру навоҳии водии Вахш) ва шаҳри Кӯлоб (шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб) мутаносибан аз 17 то 22 ва аз 24 то 28 октябр баргузор гашт. Дар ҳар ду мавзеъ ашхосу идораҳои масъул барои дар сатҳи баланд ва орӣ аз нуқсону норасоиҳо ҷараён гирифтани озмун корҳои зиёдеро сомон бахшиданд.
Дар Бохтар аз 15 шаҳру ноҳия ва дар Кӯлоб аз 10 шаҳру ноҳия довталабон ҳозир шуданд. Ҳамарӯза саҳну долонҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва мактаби Президентӣ дар шаҳри Кӯлоб пур аз падару модарон ва фарзандони онҳо буд. Ҳатто бобою бибиҳо ба ин мавзеъҳо омада, набераҳои худро ҳаводорӣ мекарданд. Ҳама ҷо сухан аз китобу мутолиаи он, суҳбат перомуни донишу хирад ва тақдири насли наврас буд ва мушоҳидаи ин вазъ касро масрур мекарду фараҳафзои китоб, фарҳангу донишу маърифат!
Аз суҳбатҳои байниҳамдигарии аъзои ҳайати ҳакамон дар поёни ҳар рӯз маълум мегашт, ки имсол назар ба солҳои пешин сатҳи омодагии довталабон ба озмун болотар рафтааст ва масъулияти онҳо бештар гардидааст. Камина низ, ки дар ин озмун дар минтақаҳои мазкур ҳайати доварони номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳиро сарварӣ мекардам, ба ин қазия ҷонибдор будам. Довталабон аз ин номинатсия аксар омодагии хуб доштанд ва худро дар саҳна озод ҳис мекарданду боҷасорат ҳарф мезаданд. Қисмати муайяни довталабон ашъори фаровоне азёд кардаву китобҳои зиёдеро варақ задаанд ва доираи мутолиаашонро хеле вусъат бахшидаанд.
Чанде изҳор доштанд, ки дар ҷустуҷӯи китобҳои зарурӣ ва писандидаашон аз Бохтару Кӯлоб ба шаҳри Душанбе рафтаву фурӯшгоҳҳои китобро аз назар гузарондаву пой бар остонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузоштаанд ва узви ин кохи муҳташами дониш гардидаанд. Иддаи дигар (хурдсолон) барои дарёфти ин ё он китоб падару модар, бобою бибии худро ба мадад даъват кардаву ба мурод расидаанд. Худи ҳамин далел бурҳони қотеъи батадриҷ афзудани таваҷҷуҳ ба китоб ва мутолиаи он дар саросари кишвар аст, ки бештар иртиботманд аст бо озмуни мазкур. Аз ин хусус метавон боз ҳам густурдатар сухан гуфт бо фараҳу қаноатмандӣ, вале ҳадафи мо аз ин гузориш бештар он аст, ки вобаста ба чанде аз костагиҳову ноҷӯриҳо дар фаъолияти довталабон дар заминаи мушоҳидаҳо сухан ба миён биоварем, то минбаъд довталабон сатҳи омодагиашонро ба озмун такмил бахшанд.

  1. Аксари довталабон бештар таваҷҷуҳ ба назм овардаву аз 3 то 5 ҳазор мисраъ шеър азёд кардаанд ва инро омили калидии комёбӣ дар озмун гуморидаанд. Бархе аз волидайн ҳам даъво мекунанд: -Фарзанди ман зиёда аз 4 ҳазор мисраъ шеър медонад ва чаро дар сафи ғолибони озмун набошад? Ин қадар шеър донистан осон аст магар?!
    Албатта, ҳар чи бештар шеър азёд кардан хуб аст ва аз азму иродаву қобилияти довталаб гувоҳӣ медиҳад, вале тақозои шартҳои озмун фарогиртар асту онро ба инобат бояд гирифт. Низомномаи озмун таъкид мекунад, ки довталабон бояд аз осори насрии адибон низ ба дараҷаи муайян огоҳӣ дошта бошанд, маъруфтарин асарҳоро мутолиа кунанд, муаллифонашонро ба хотир гиранд. Таваҷҷуҳи зиёд ба назм боиси як навъ қаноатмандии довталабон гардида, сабабгори он шудааст, ки онҳо аз осори насрии адибони варзидаи кӯдакон Абдумалик Баҳорӣ, Болта Ортиқов, Пӯлод Толис, Аминҷон Шукӯҳӣ, Акобир Шарифӣ, Баҳром Фирӯз… ноогаҳ бимонанд. Қисмате аз довталабон (синфҳои 5-11) ҳатто аз насри устод Садриддин Айнӣ (чун «Мактаби куҳна», «Одина», «Марги судхӯр»…) мутолиа накардаанд ва аз «Субҳи ҷавонии мо»-ву «Ривояти суғдӣ»-и устод Сотим Улуғзода, «Аз Маскав чӣ овардӣ?»-ву «Устоди ман, мактаби ман ва худи ман»-и Ҷалол Икромӣ… огаҳӣ надоранд. Аз ин ҷост, ки онҳо ба пурсиши «Дар адабиёти тоҷик бештар кадом адибон барои кӯдакон эҷод кардаанд?» асосан бо номбар кардани чанд шоири тоҷик махдуд мешаванд.
  1. Ин бисёр нохушоянду бадфарҷом аст, ки довталабон (хонандагон) саргарми азёд кардани шеър (пораҳои насрӣ азёд намедонанд) шуда, ба дарки маънӣ ва ба луғати ашъор таваҷҷуҳ накардаанд. Аксари онҳо маънии мисраъ ё байти хондаашонро шарҳ дода наметавонанд ва дар баёни маънии луғатҳо оҷиз мемонанд. Дар тамоми давраи баргузории озмун нафаре ҳам маънии зарбулмасал ва ё мақоли гуфтаи худро дуруст тавзеҳ бахшида натавонист, ки ин хеле таассуфовар буд. Дар посух ба пурсиши мо хонандае аз минтақаи Бохтар маънои мақоли «Офтобро бо доман пӯшида намешавад»-ро чунин шарҳ дод: -Яъне, мо ҳар қадар домани васеъ дошта бошем ҳам, бо он офтобро пӯшида наметавонем.
    Гуфтем: -Шогирди азиз, чун аз ин ҷо ба назди муаллимат баргаштӣ, аз ӯ маънии ин мақолро бипурс, ба ту дурусташро мегӯяд.
    Хонанда ба мо изҳор дошт: -Ҳамин ҷавоберо, ки гуфтам, аз муаллимам шунида будам…
    Яқинамон гашт, ки дар таълимгоҳҳо ба луғатомӯзию шарҳи маънии шеъру каломи бадеъ устодон чандон аҳамият намедиҳанд ва қонеъ ба онанд, ки шогирдонашон садҳо мисраъ шеър азёд медонанд (ин гуна азёдкуниро дар урфият «қориазёд» мегӯянд).
    Банда зимни сафарҳои хидматӣ ба манотиқи гуногуни кишвар дар дабистонҳо борҳо ба мушоҳида гирифтаам, ки омӯзгорони забону адабиёт дар оғози ҳар дарс байтеро дар тахтаи синф навишта, дар доираи 2-3 дақиқа маънои онро шарҳ медиҳанд ва шогирдон ин байтро дар дафтари ғайрирасмии худ-«Шеърҳои ноб ва шоҳбайтҳо» сабт мекунанд. Ин амали хеле хубу маърифатбор аст, ба назарам. Аммо чанде аз довталабони озмун (шогирдони зинаи дуюми таҳсилот), чун аз онҳо гуфтани шоҳбайтеро хоҳиш кардем, ошкоро изҳор доштанд, ки ин вожаро бори аввал мешунаванд!
  1. Бахши муайяни довталабон нутқи саҳеҳу мураттаб надоранд, фикрашонро возеҳ баён карда наметавонанд. Осемасар ҳарф мезананд ва ҳатто гоҳе дар риояи мавқеи зада дар вожаҳо ғалат мекунанд. Дар «Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз ҷумла, чунин омада: «Ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён аз рӯи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд: -барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо…»
    Барои чанде аз довталабони даври вилоятии озмун (!) мо-ҳакамон маҷбур шудем, ки тарзи дурусти чанде аз вожаҳоро биомӯзем: замбурмасал не, зарбулмасал, ҷузғ не, ҷуғз, мақола не, мақол, лавз не, лафз…
  1. Қисме аз хонандагон-довталабони озмун муаллифон ва ё номи асарҳои хонандаашонро дуруст ба хотир нагирифтаанд ва аз ин рӯ, шеър ё ҳикояи адиберо ба адиби дигар нисбат медиҳанд ва гузашта аз ин, ба дуруст будани гуфтаашон даъво ҳам мекунанд. Аз ин гуна иштирокдорони озмун мо шеъри «Тоҷикистон»-и Убайди Зоконӣ ва «Эй Ватани мо»-и Саъдии Шерозиро шунидем!!
  2. Ба мушоҳида мерасад, ки аксари хонандагон-довталабони озмун бештар бо китобҳои дарсӣ махдуд шудаанд ва барои дастрас кардани китобҳои бадеӣ кӯшиш накардаанд. Аз ин ҷост, ки ҷавобҳояшон якранганду такрори ҳамдигар ва аз бисёр осори бадеӣ танҳо пораҳоеро медонанд, ки дар китобҳои дарсӣ мавҷуданд. Дар ситоиши Ватан, Тоҷикистон, забони модарӣ, муқаддасоти миллӣ аксар ҳамон як шеърро такрор ба такрор ба забон меоранд.
    Ду-се хонанда аз хеле нодор будани китобхонаи мактабашон шикоят карданд ва гуфтанд, ки дар дастрас кардани адабиёти бадеӣ сахт душворӣ мекашанд. Чанд хонандаи дигар аз шабонаҳо зуд хомӯш шудани қувваи барқ шикоят карданд.
  1. Аксари довталабон ба қисмати «осори шифоҳӣ»-и номинатсия омода нашудаанд ва ҳатто ин ибора чӣ маъно дораду зери он чӣ фаҳмида мешавад, намедонанд. Маълум, ки устодон аз ин боб ба онҳо сухан нагуфтаанд. Дар посух ба тақозои мо: «Порае назм гӯед, ки ба осори шифоҳӣ, яъне ба эҷодиёти шифоҳии (даҳанакии) халқ (фолклор) дахл дошта бошад», довталабон аз Рӯдакию Ҳофизу Саъдӣ… шеър мехонданд.
  2. Гурӯҳи калони довталабон муаррифии худро бо хондани саломнома оғоз мекунанд, ки ғолибан қитъае назм аст. Хуб дарк мешавад, ки ин қитъаро ё худ эҷод кардаанд, ё омӯзгоронашон ва ё ягон шоиртабъи дигар. Аммо кулли ин қитъаҳо пурсактаю норавон ва гоҳе ҳатто дур аз вазну қофияанд. Ин гуна «қитъаҳо» ҳусни гуфтори довталабонро коста мекунанд, боиси каҷфаҳмиҳои онҳо нисбат ба каломи бадеъ мегарданд ва шунидани ин назмгунаҳо низ хеле нохушоянду гӯшхарош аст.
  3. Назар ба мушоҳидаҳои мо, ҳакамон, масъулини чанде аз шаҳру ноҳияҳо баъзе довталабонро чандон насанҷидаву омода накарда, танҳо ба хотири таъмини иштирок ва мувофиқии теъдоди онҳо ба даври вилоятӣ фиристодаанд. Онҳо (иштирокдорони даври вилоятии озмун!) ба одитарин суолҳо (аз қабили «Чанде аз адибони тоҷикро номбар кунед», «Назм аз наср чӣ фарқ дорад?», «Кадом асарҳои устод Айниро медонед?») ҷавоб дода наметавонанд.

Аз баъзе шаҳру ноҳияҳо ба як номинатсия то 20-25 нафар довталаб фиристодаанд, ки ба ягон меъёр созгор нест, танҳо сарфи вақту маблағи изофа аст. Ба назари мо, аз ҳар шаҳр ё ноҳия ба даври вилоятӣ 10 нафар беҳтаринҳоро фиристодан беҳтару мувофиқтар хоҳад буд.
Дигар, ба кулли иштирокдорони даври сеюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳсин мегӯем ва ба ғолибони ин давр дар даври ниҳоӣ- ҷумҳуриявӣ пирӯзӣ таманно дорем.

Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»