ИҚДОМИ МУҲИМ ДАР МАСЪАЛАИ ЗАБОНОМӮЗӢ

Раванди ҷаҳонишавӣ ба он мусоидат намуд, ки робитаю ҳамкориҳои фарҳангию адабӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратию дипломатӣ байни кишварҳо вусьати тоза пайдо кунанд, ки Тоҷикистон аз он дар канор намебошад.
Бо мақсади ба таври фарогир, амиқу ҳамаҷониба аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, Ҳукумат ва Давлат тадбирҳои зарурӣ меандешад, ки қабули «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ин қабил маҳсуб меёбад. Зарурати омӯзишу аз худ кардани забонҳои англисӣ ва русиро Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърӯзаю суханрониҳои худ, хусусан, дар Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ, инчунин, ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, донишкадаю донишгоҳ ва литсейю коллеҷу гимназияҳо баҳри дар оянда дар соҳаҳои мухталифи ҷомеаи кунунӣ аз рӯйи касбу пешаҳои манфиатманд фаъолият кардан ба насли наврас ва ҷавонон ҳамасола таъкиду хотирнишон месозанд.
Воқеан, замони муосир бо дигаргуниҳои азиме, ки дар ҷаҳон ба амал меоянд, тақозо мекунад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа баҳри аз худ кардани забонҳои хориҷӣ саъйю талош намоянд. Ҳукумати ҷумҳурӣ кормандони идораю муассисаҳо, вазоратҳо, устодону омӯзгорон ва хонандагони муассиеаҳои таълимӣ, донишкадаю донишгоҳҳо ва дигар сохторҳои давлатиро вазифадор намудааст, ки дар роҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҳамаи шароиту имконият ва роҳу усулҳои осонтари аз худ кардани ин забонҳо истифода намоянд. Дар ин росто, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ нахустин шуда, иқдоми судманду муассирро дар самти забономӯзӣ амалӣ намуд. Бо фармоиши вазири маориф ва илми кишвар аз 13.09.2022. №1337 омӯзиш ва азёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои тақсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои      таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ дониста шудааст. Нашрияи «Омӯзгор» инак, дар якчанд шумораи худ «Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ»-ро ба таври такрор ба табъ расонида, дар ҷодаи азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ҳиссаи босазо мегузорад. Дар муқаддимаи луғати пешниҳодшуда, аз ҷумла, зикр шудааст, ки «Луғати мазкур 400 вожаи серистеъмолеро дар бар гирифтааст, ки онҳо дар зиндагии рӯзмарра бо забони модарӣ пайваста мавриди истифода қарор мегиранд ва маънои онҳо маълуму фаҳмо аст. Ҳамзамон, донистани ин калимаҳо маҳорату малакаи забономӯзиро ташаккул дода, зимни азёд кардани вожаҳо шавқу рағбат барои донистани забонҳои русию англисӣ боз ҳам афзунтар мегардад. Яъне луғати мазкур чун як раҳнамо хидмат хоҳад кард». Боиси хушҳолист, ки ин иқдоми саривақтӣ, ки баҳри тарбияи маърифатии насли наврас ва ҷавонон нақши шоиста мегузорад, бо чоп гардидани луғати зикршуда дар нашрияи «Омӯзгор» зуд таваҷҷуҳи одамони касбу кори гуногун,ба вижа, устодону омӯзгоронро бедор намуда, дар байни сокинони ҷумҳурӣ ҳамовозии гарму ҷӯшонро ба амал овард. Дар суҳбату вохӯриҳо бо омӯзгорону устодон ва ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба мушохида мерасад, ки сокинони деҳу музофат ва дар умум, аҳли ҷомеа аз иқдоми роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар ҷонибдорӣ карда, таҳия ва пешниҳоди «Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ»-ро гоми ҷиддӣ дар роҳи омӯзиш ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ меҳисобанд. Ҳангоми дар ноҳияи Рашт қарор доштан дар муассисаҳои таълимӣ луғати зикршударо, ки хонандагону омӯзгорон дар шакли китобча аз нашрияи «Омӯзгор» тайёр карда буданд, дар дасти онҳо медидем, ки дар вақти танаффус хондаву азбар менамуданд. Ҳангоми суҳбат бо иддае аз устодону омӯзгорон ва толибилмони навоҳии Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш низ эҳсос намудем, ки эшон пайваста аз пайи омӯзиши луғати пешниҳодкарда гардида, аллакай қисмати аъзами вожаҳои забони англисию русиро аз худ кардаанд. Дар муассисаҳои таълимии кишвар луғати номбурда ҳангоми баргузории машғулиятҳои таълимӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва ҳафтаи забонҳои русию англисӣ ба таври васеъ омӯзондаву аз бар карда мешавад. Дар суҳбатҳои телефонӣ низ аҳли маориф, устодону омӯзгорон пайваста аз он изҳори қаноатмандӣ ва хушҳолӣ менамоянд, ки чопи луғати мазкур дар саҳифаҳои нашрияи «Омӯзгор» ба он мусоидат намудааст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз рӯйи он ҷиддан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ пардохтаанд. Дастгирию ҳамовозӣ ва ҷонибдории худро аз иқдоми Вазорати маориф ва илм ашхоси гуногунпеша дар саҳифаи фейсбукии худ дар интернет баён мекунанд. Корманди Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Раҳимзода дар ҳошияи «Луғати вожаҳо…» менигорад: «Аз иқдоми шоистаи пешгирифтаи вазири маориф ва илм ҷиҳати омӯзиш ва аз ёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз ҷониби омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм истиқбол ҳоҳем кард. Бояд қайд кард, ки ҳамарӯза мо бо тамғаи молу маводи маишй ё дигар молу колои бароямон муҳим бо навиштаҷот бо забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ рӯ ба рӯ мешавем. Ва ё дар кӯчаю коргоҳ ба ягон шахси хориҷӣ дучор меоем, аз мо пурсиш мекунанд, мо наметавонем бо имо ва ишора ба пурсишҳояш ҷавоб диҳем. Табиист, ки инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун (имову ишора, рафтор, бо истифода аз рангҳо, садо ё формулаҳо ва ғайра) ифода карда метавонад. Аммо воситаи умдаи ифодаи фикр забон мебошад, манзури мо аз гуфтугӯ бо забонҳои рӯсӣ, англисӣ ва дигар забонҳои роиҷи дунё мебошад…» Дар сомонаи маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» аз луғати пешниҳодшуда чунин ҳамовозӣ шудааст. «Ин иқдоми вазири маориф ва илм қобили дастгирист, зеро ҳар иқдоми шоистае, ки барои манфиати умум аст, набояд боиси эрод шавад. Бовар ҳам дорем, ки дар оянда муассисахои таҳсилоти касбӣ аз рӯйи равияӣ ихтисосҳо, ташкилоту муассисахои сохтори Вазорати маориф ва илм дар пайравӣ аз «Луғати вожаҳои серистеьмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ» барои донишҷӯёну кормандон луғати мафҳумҳо ё серистеъмоли соҳаро таҳия менамоянд, ки дар роҳи забономӯзӣ як амри хайр мебошад». Корбари дигар Анӯшервон Норзода пешниҳоду дархост намудааст, ки ғайр аз курсҳои такмили ихтисоси фаннӣ бояд курсҳои кӯтоҳмуддати забонҳои хориҷӣ барои омӯзгорон аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба таври ройгон ташкил карда шавад». Дар ин радиф, шаҳрвандони дигар низ аз ибтикори Вазорати маориф ва илм хушҳолии худро изҳор намуда, омӯзиши забонҳои хориҷиро дар пешрафту рушди кишвар муҳим ва тақозои замон ҳисобиданд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»