МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ

Имрӯз дар расонаҳои хабарии чопӣ, электрони ва бахусус, шабакаҳои иҷтимоӣ вожаи терроризм ба таври фаровон истифода мешавад. Истилоҳи терроризм аз ду калимаи лотинии “terror” тарс, ваҳшат — “izm”, ки ба исмҳои мардона сифати ҷараён, самт ва ба раванди ҳодисоти дар решаҳои онҳо мавҷудбуда табдил ёфтанро зам мекунад, иборат аст. Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, халалдор сохтани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё расондани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Дар ибтидо дар муборизаи байниҳамдигарии инсонҳо террор бо мақсади тарсондан ва ба таҳлука андохтани рақибон ва аҳли ҷомеа дар шакли зӯроварӣ, фишороварӣ, зӯрии ҷисмонӣ ва несту нобуд кардани онҳо истифода шудааст. Имрӯз бошад, терроризм ба масъалаи глобалии замони муосир, воситаи муассири тарсондани инсон, унсури нодурусти расидан ба мақсадҳо, тахдиди ҷиддӣ ба фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ва ҳар давлати демократӣ муаддал гаштааст. Ин боис шудааст, ки имрӯз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ба дунболи ҷустуҷӯи воқеият ва табиати аслии ин зуҳуроти манфӣ гаштаанд.

Дар санадҳои Созмони Милали Муттаҳид ду намуди терроризм маънидод мешавад:

— Якум, терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ ном дорад, ки мақсади он дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, низоми иқтисодию иҷтимоии ҷамъият, воҳима андохтан ба мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбат ба ҳукумат, фалач гардонидани фаъолияти сохторҳои мақомоти давлатӣ мебошад.

— Дуюм, терроризм 4 ҷиноятест, ки бо истифода аз он гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил барои содир кардани ҷиноят шароит фароҳам меоранд. Масалан, тавассути ҷиноятҳои трансмиллии бо муомилоти ғайрқонунии маводи нашъадор алоқаманд ва ғайра. Азбаски ин ду намуди терроризм ба ҳам робитаи зич доранд, ташкилоти террористӣ гурӯҳҳои ҷинояткории муташаккилро дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши силоҳ истифода мебаранд ва ҳатто бо пулу силоҳ ва моддаҳои нашъаовар таъмин мекунанд. Фарқи терроризми ҷиноятӣ ва терроризми сиёсӣ дар он аст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ барои муташанниҷ гардонидани вазъ ва ҷиноятҳо дигар, масалан, барои амали террористӣ шароит муҳайё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ба худ ҷалб мекунанд. Дар ҳарду ҳолат мардуми бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷомеа халалдор мегардад. Азбаски ташкилотҳои террористи бо ҳам иртиботи қавӣ дошта, яке аз воситаҳои асосии зуҳури ҷиноятҳои муташаккил ба њисоб мераванд, кумаки иқтисодии онҳо ба воситаи ҷиноятҳои трансмиллӣ таъмин карда мешавад.

Дар робита ба ин масъала ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлоли Ҳукумати кишвар қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”-ро қабул кард ва мутобиқи он вазифаҳои ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар самти терроризм муайян гардиданд. Гузашта аз ин, созмонҳои террористие, ки дар кишварҳои Шарқ зери ниқоби гуногун пинҳон шуда, амалиёти ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои — зидди инсониро содир карда истодаанд, мушоҳида мекунем, ки чӣ гуна шахсони алоҳида, содир кардани ташкилот ва ҳатто давлатҳо равандҳои глобализатсиониро ба манфиати худ истифода, мебаранд. Қисме аз ин ҷинояткорон дар зери ниқоби “гурезаи сиёсй” ба давлатҳои Аврупо паноҳ бурда, барои ноором кардани ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии Тоҷикистон нақша кашида, хатарҳои террористиро роҳандозӣ мекунанд. Дар олами Ғарб ба он қабои исломӣ часпондаанд ва ин асосан ба он рабт дорад, ки дар як қатор кишварҳои Ховари Миёна ва Ховари Наздик ҳизбу ҳаракатҳои зиёде, ба хотири он ки ҳар чӣ бештар шаҳрвандонро ба узвияти ҳизбашон ҷалб намоянд, ба номи он вожа, ё калимаи исломро мечаспонанд. Теъдоди чунин ҳизбҳо дар Покистону Афғонистон аз даҳто ҳам бештар аст. Поягузорони Ҳизби терроризму экстремизм ташаккил ба ҳисоб мераванд, наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар кишварамон барои хиёнатҳои гӯшношунид ба халқу миллат ва Ватан ҳамчун ҳизби террористӣ эълон шудаанд, маҳз ҳамин омилро истифода карда, ҳизбашонро исломӣ номгузорӣ кардаанд ва бисёр шаҳрвандони кишвар, ки донишу саводи диниашон заиф буд, шомили ин ҳизб гаштанд. Имрӯз барои касе пӯшида нест, ки роҳбарони ҳизб аз вожаи ислом истифода бурда, ба сари мардуми тоҷик чӣ бадбахтиҳое оварданд. Онҳо имрӯз ҳам аз аъмоли зишташон даст кашиданӣ нестанд.

Мардуми рӯшанфикри мо ба дини мубини ислом чун як сарчашмаи покизагии маънавӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузоранд. Дини ислом, чун дигар динҳо инсонҳоро ба таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ,      дӯстию рафоқат, некию накукорй ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин, терроризму экстремизмро ба ислом пайвастан хатои маҳз аст. Терроризмро ба ин ё он дин пайваст кардан хато ҳаст, онро дар куҷое бошад, фош ва пешгирӣ намудан лозим. Дар ин кор бояд ҳар фарди солимфикр ҳиссагузорӣ намояд.

А. ИСМОИЛОВ,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии рақамиб,
ноҳияи Рӯшон