ЗАБОНРО ПОКИЗА НИГОҲ ДОРЕМ

Мушоҳидақо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир забони тоҷикӣ рушду такомул ва сайқал ёфта, ба таркиби луғавии он вожаю ибора ва таъбирҳои хушобурангу гӯшнавоз ворид гардид. Вале ҳануз носуфтагию костагиҳо дар баёни гуфтор, ғалатҳои дағал дар навиштаҷоту овезаҳо, носаҳеҳию номукаммалӣ дар Қоидаҳои имло, нуфуз пайдо кардани селаи калимаю ибораҳои лаҳҷавию маҳаллӣ дар марказҳои шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла, пойтахт, бенизомӣ ва сардаргумӣ дар навишти рӯзноманигорон дар нашрияҳо (ҳафтаномаю маҷаллаҳо) ва дигар омилҳову аносири ба забон бегона ба покию назофат ва шевоию фасоҳати забони модарӣ латма мезанад.

Таври мисол, дар дохили хатсайру автобусу троллейбусҳо, мағозаю бозору фурӯшгоҳҳо, идораю корхонаҳо, умуман, ҳар ҷо ки чашм меафтад, суханони шевагию аз ину он маҳалу минтақа воридшуда ба гӯш ногувору нохушоянд садо медиҳанд ва табъро хираю рӯҳро афсурда мекунанд. Шунидани чунин гуфтор: «дар фалон останофка манъ кунем, ман бхамбум», «аз ин сухан дилам тар шуд», «лагани авқот», «айниқисса», «гирифта фуридан», «чизе», «атаму ачам», «бувам, аям», «ай чо», «дара ҳела кардан», «чуз» ва садҳо вожаю таркибҳои сарироҳӣ, ки ҳусну таровати забони тоҷикиро доғдор месозанд, мутаассифона, рӯз ба рӯз нуфузу густариш ёфта, ҷойи баёни босалосату зебо ва балеғи тоҷикиро, ки асрҳо мавҷуд буду ба гӯш фораму рӯҳнавоз мерасид, танг кардаву ғасб карда истодаанд. Аҷобат дар он аст, ки намояндагони маҳаллу музофот ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ (ҳатто зиёиён) чун дар ин масъала сухан равад, дарҳол, бо ҳар василаю далелҳои гӯё муътамад худро ҳақ бароварда, «бо тафохур» таъкид мекунанд, ки ин калимаю ибораҳо дар зодгоҳи мо маъмул аст, чаро онҳоро истифода накунем? Бо чунин андешаи хому иштибоҳангез, ки дар мағзи ин тоифа чой гирифтааст, магар мешавад аз меъёрҳои забони тоҷикӣ, латофату назокат ва сеҳри каломи нобиғагони адабиёти форсу тоҷик ҳарф зад? Аслан, дар масъалаи садди роҳи чунин бенизомӣ гардидан дар истеъмоли калимаву луғоти шевагӣ бояд, қабл аз ҳама, адибону забоншиносон ва устодону омӯзгорони макотиби миёнаву олӣ талошу кӯшиш анҷом диҳанд, вале мӯҷиби нигаронист, ки ин қишри ҷомеа аксар худ ба хараҷу мараҷ дар истифодаи вожаю луғатҳои тоҷикӣ роҳ медиҳанду иддае аз нависандагон бе ҳадафу бо ҳадаф дар асарҳояшон аз забони худ тӯда-тӯда калимаҳои лаҳҷавиро истифода мекунанд, ки агар барои зодагони маҳали он адиб маълуму фаҳмо бошад, барои дигар минтақаву маҳал комилан ноошно мебошад. Дар чанд қиссаю ҳикоя ва романҳои охир хондаам бо калимаҳои «япал-япал», «рука», «қушқутум», «тефи чонвар», «ғижова», «бева», «интиқин», «бала-чақа», «дангал» ва таркибҳои ба меъёри забони адабии тоҷик ноошно, вайрону муғлақ вохӯрдам ва афсӯсу дареғ хӯрдам, ки ҳисси маҳалпарастӣ кошонаи мустаҳками рӯйини забони ноби тоҷикиро низ хароб карда истодааст. Дар бисёр суҳбатҳо ин тоифа қаламбадастон чунин амали худро саҳеҳу ба табиати забони тоҷикӣ созгор мешуморанд ва дарҳол чун «тарошаи аз бом афтода». «Луғати нимтафсилӣ»-и устод Садриддин Айниро шафеъ меоранд. Ёрони азиз, устоди саршинос, мутафаккир, забоншинос, нобиға Айнии бузург ҳаргиз ба ин маънӣ ишора накардааст, ки аз ҳар куҷо (маҳалу музофот) дилхоҳ калимаро, ки бори маънии дуруст намекашад, ёфтед, бигиреду дар навиштаатон истифода кунед. Ҳаргиз ин тавр набуду нест. Пас, чаро мардум, соҳибони барҳаққи ин забонро гӯл мезанем? Тақлиди кӯр-кӯрона во ноогоҳона ба забони Эрону Афғонистон низ аз кӯшишҳои номуваффақ аст, ки ҳеҷ ба хусусиёти сарфию наҳвӣ ва оҳангу шеваи забони тоҷикӣ алоқаманд нест ва мояи печидагию муғлақбаёнист. Вагарна чӣ зарурат дорад, ки «саги велгард» гӯем, дар сурате ки шакли зебою содаи тоҷикии ин ибора — «саги дайду»-ро дорем? Ин як мисол мушт намунаи хирвор аст. Бархе аз рӯзноманигорон «услубу шеваи хоси навишт»-ро ҷорӣ намудаанд: дар навиштаи онҳо калимаҳои русӣ, ӯзбекӣ, арабӣ… ба хотири рамзу киноя ва баёни мақсад истифода мешавад, ки мутаассифона, роҳи дигари махлуткунии забони тоҷикӣ мебошад, ки ҳаргиз қобили қабул нест. Дар хусуси навиштаҷоти пурғалати пештоқи мағозаю фурӯшгоҳҳо, идораю муассисаҳо, марказҳои фароғатӣ, савдою тиҷорат дигар ҳарф намезанем, зеро гӯши дардшунав намонда, ки ба ислоҳи ин бебандуборӣ кӯшад. Сели беохири ғалатнависӣ, ки табъро хира мекунад, дар ҳоли афзудан аст. Бадтарин раванд дар ин самт, номгузорӣ кардани дукону мағоза ва марказҳои савдою тиҷоратӣ бо исмҳои хориҷиест, ки шояд обову аҷдоди соҳибони ин фурӯшгоҳҳо аз маъниву моҳияти ин вожаҳо хабар надошта бошанд.

Мулоҳизаҳо дар атрофи Қоидаҳои имлои забони тоҷик низ хеле зиёданд. Аз ҷумла, то ҷое шунидем, масъулону мутасаддиёни Кумитаи истилоҳот ва забони назди Хукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардаанд, аз калимаҳои арабӣ у-и дароз бардошта шавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз, фарзи мисол, калимаҳои «руҳ», «руҷуъ», «пажуҳиш», «шуро» бе у-и дароз навишта мешаванд. Далели илмии ин «ислоҳот» чист? Боре бигӯед! Дар «Имло.» дар боби «Имлои исм» омадааст, ки «ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи таркибии мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Шинг» калон навишта мешавад. Пурсида мешавад, чаро?

Охир, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ё ҷамоати деҳот (шаҳрак) маъмулан исми ҷинс аст. Пас, агар Ваҳдату Шинг исми хос бошанд, калимаи мақомат чаро бо ҳарфи калон навишта мешаванд? Чунин иштибоҳ дар навишти номи расмии таълимгоҳҳо, масалан, Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе» ба мушоҳида мерасад, ки ба назари мо, ҳаргиз дуруст нест. Аслан вақт аст, то аз ин номгузориҳои ба табиату хусусиёти сарфию навҳии забони тоҷикӣ бегона даст бикашем ва ба ин бебандуборӣ дар қиболи истеъмол ва истифодаи калимаҳои забони тоҷикӣ хотима бубахшем.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»