ШОД БОШЕД, КИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД!

Меҳргон баъд аз Наврӯз муҳимгарин ҷашни Эрони Бостон буда, ки аз рӯзи 16-ум (Меҳррӯз) то 21-уми меҳрмоҳ такрибан нуқтаи муқобили Наврӯз ва муқорини эътидоли харифи (тирамоҳи) ба муддати 5 рӯз бо маросими хоссе баргузор мешудааст. Рӯзи16-ум ба Меҳргони кучак ва рӯзи21-ум (ромрӯз) ба Меҳргони бузург маъруф будааст.
Бино бар «Бундаҳишн», Машӣ ва Машёна дар ин рӯз таваллуд ёфтанд ва чунонки Берунӣ овардааст, дар ин рӯз Кова бар Заҳҳок хурӯҷ кард ва Фаридунро ба шоҳӣ бардошт. Ҳамчунин, дар ин рӯз Худованд заминро бигустаронид ва колбадҳоро пазирои арвоҳ сохт. Аз Салмони Форсӣ нақл кардааст, ки Худованд ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва чун офтоб (меҳр) дар ин рӯз пайдо шуд, онро «Митроконо» (мутааллиқ ба Меҳр) мегуфтанд, ки баъдҳо Меҳргон шуд ва муарраби он «Меҳрҷон» аст. Дар ин рӯз буд, ки Фаридунро аз шир гирифтанд ва ӯ бар гов савор шуд ва дар осмон гове аз нур падид омад, ки шохҳояш аз тилло ва поҳояш аз нуқра буд ва чархи қамарро мекашид. Ин гов соате ошкор шавад ва сипас ғойиб мегардад. Ҳар кас, ки муваффақ ба дидори ӯ шавад, дар соате, ки назар бар ӯ меафканад, дуояш мустаҷоб мегардад.
Дар Эрони қадим шодию пирӯзӣ мавҳибате худоӣ буд. Аз ин рӯ, ҳар гоҳ пирӯзие барои мардум пеш меомад ва бахусус, вақте ситамгареро аз худ меронданд ва адолатро мустақар мекарданд, ба ёдгори он фатҳ ва раҳоӣ аз бедод ҷашне бузург барпо мекарданд. Бинобар ин, ин ҷашнро метавон ҷашни бозёфтани озодӣ ва раҳоӣ аз ситами бегонагон ё ҷашни пирӯзии некӣ бар бадӣ донист.
Меҳргон мисли Наврӯз маросиме дошт ва мардум дар ин рӯз барои якдигар ҳадя мефиристоданд. Дар китоби «ат-Тоҷ»-и Ҷоҳиз омадааст, ки ҳар кас ҳар чиро бештар дӯст медошт, ба султон ҳадя мекард. Агар қимати туҳфаи касе ба10 ҳазор дирам мерасид, дар девон сабт мешуд ва вақте ҳамон шахс ба пул ниёз пайдо мекард, ду баробари он маблағро ба ӯ медоданд. Султон тоҷи зарринеро, ки тасвири хуршед бар он буд, барcap мениҳод ва дар Наврӯзу Меҳргон бори ом медод ва ҳар кас ба ҳузур мерафт, агар шикояте дошт, рӯ дар рӯ матраҳ мекард.
Дар ин рӯз зардуштиён либоси нав мепӯшиданд ва суфраи алвон мегустарданд ва китоби «Авасто» ва ойинаву сурмадону шаробу гулоб ва… ба вижа, анор рӯйи он мечиданд. Агар навзоде дар ин рӯз мутаваллид мешуд, исми ӯро ба гунае интихоб мекарданд, ки вожаи «меҳр» дар он бошад.
Ҷашни Меҳргон ба қддре муҳим ва тарфи таваҷҷуҳ буд, ки ҳатто баъд аз Ислом ҳам аз байн нарафт ва дар даврони хулафои Аббосӣ бо шукӯҳи тамом баргузор мешуд. Аз мусаммати Манучеҳрӣ бо матлаъи:
Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,
Бонгу овои дарои корвон омад.
Корвони Меҳргон аз Хаззарон омад,
Ё зи ақсои билоди Чинситон омад,
бармеояд, ки ҳангоми ҳукумати Масъуди Ғазнавӣ (421-432 қамарӣ) ҷашни мазбур маъмул буда ва бо маросими хоссе баргузор мешудааст. «Таърихи Байҳақӣ» низ аз маросими Меҳргон дар зиқдъдаи 422 ва 427 тавсифи дақиқе ба даст додааст. Ин ҷашн дар саросари Осиёи Сағир низ мешуда ва аз он ҷо бо ойини Меҳр ба Урупо низ рафтааст. Ҷашни Меҳргонро дар Руми Қадим рӯзи зуҳури хуршед тасаввур мекардаанд, ки баъд аз нуфузи масеҳият дар Урупо рӯзи валодати Масеҳ қарор дода шудааст. Шуарои форсизабон ағлаб ҷашни Меҳргонро мешинохтаанд ва гоҳ низ худ дар замони ҳаёти хеш бо он мувоҷеҳ будаанд ва дар натиҷа ба таври васеъе дар шеърашон низ мунъакис аст:
Меҳргон омад, ҷашни малик Афридуно,
Он куҷо гови наку будаш Бирмоюно.
(Дақиқӣ)
Фирдавсӣ дар мавриди ба тахт нишастани Фаридун гӯяд:
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоию хӯрдан ойини уст.
Агар ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,
Бикӯшу ба ранц эч манмой чеҳр.
***
Ба хӯйу одати обо ба ҷамъи зоирон зар деҳ,
Ба расму сирати аҷдод ҷашни Меҳргон май хӯр.
(Масъуди Саъд)
Меҳргони меҳрубон боз омаду асри асир,
Ганҷи богу бӯстонро кард горат моҳи тир.
(Масъуди Саъд)
Омад хуҷаста мавсими қурбони Меҳргон,
Хунрези ин ба ҳам шуд бо баргрези он.
Бо Мехргон чу нек фитод иттифоқи ид,
Хунрезу баргрез падид омад аз миён.
(Сӯзанӣ)
Шохи ӯ бе Меҳргон урён зи барг,
Нест андар ҷони ӯ ҷуз бими марг.
(Икбол)
Меҳргонро ойину одобе муфассал буда ва дар давраҳои мухталиф бо тартиби хоссе баргузор мешудааст. Аҳаммияти Меҳргон бадон ҳад буда, ки бархе онро бар Наврӯз тарҷеҳ ниҳодаанд. Ойинҳо ва маросими Меҳргон то ҳамин давраҳои ахир дар бахшҳое аз Эрон, аз ҷумла, Хуросон барқарор будаанд.
Аз китоби “Фарҳанги асотир ва
достонвораҳо дар адабиёти форсӣ”