ДАРСИ ВАТАНДОРӢ ВА ИФТИХОР АЗ СОҲИБЗАБОНӢ

Суханронии навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дарси навбатии Сарвари маорифпарвари мо ба мардуми кишвар, хоса барои мо — омӯзгорони забон ва адабиёти тоцик буд.
Дарсе саршор аз маънӣ, дарсе иборат аз зикри мақому манзалати забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ ва вазъи иҷрои Қонуни забон дар кишвар. Дарсе, ки масъулияти мо — омӯзгоронро дар масъалаи риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ зиёдтар намуд. Водорамон кард, ки мо, омӯзгорон, чун посдорони асолати забони ноби тоҷикӣ на танҳо худ, балки шогирдон ва ҷомеаи Тоҷикистонро низ дар ҷодаи бо забони тоҷикӣ шоиста ҳарф задан тарбия намоем, мақоми забони модарии худро дар сатҳи ҷаҳон ҳифз созем. Хоса дар замоне, ки фарҳангу забонҳои бегона нуфузи бештар пайдо карда истодаанд, иҷрои ин амр ва рисолати ватандорӣ барои мо қарз аст, зеро Пешвои миллат забони ширину шевои тоҷикиро муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақоми умри миллати куҳанбунёди мо унвон намуданд. Бо дарки ин маънӣ, мо бояд талош намоем, ки садсолаҳои дигар забони тоҷикии худро дар марҳалаи бунёдии давлатдории миллиямон соҳибрисолат нигаҳ дорем.
Дар машғулияти тарбиявие, ки баъди суханронии Пешвои миллат бо шогирдон баргузор намудем, бори дигар бо овардани абёти бузургони илму адаби тоҷик забони шоирона ва шево будани забони тоҷикиро исбот кардем.
Бардоштҳои шогирдон аз дарси тарбиявие, ки гузаштем, хушҳолам кард, зеро онҳо бори дигар дарёфтанд, ки забони тоҷикӣ гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва рӯйи сурху сари баланди мо — тоҷикон — яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад.
Ҳамзамон, ба шогирдон таъкид намудем, ки дар замони муосир омӯхтани забонҳои хориҷӣ аз манфиат холӣ нест, вале ҳар соҳибватан қабл аз он, ки ба омӯзиши забонҳои дигар камари ҳиммат бандад, бояд дар ҳарф задан ва дарки забони модарияш маҳорати тамом дошта бошад ва ба ин васила, ба қавли шоир барояш “омӯхтани сад забон осон гардад”. Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба такрор зикр намуданд, ки “…ҳар як шахс ва дар навбати аввал, ҷавонон бояд ғайр аз забони давлатӣ ду забони хориҷиро дар сатҳи забони модарӣ донанд, зеро ин тақозои замони муосир мебошад”.
Дар ин машғулияти тарбиявӣ зикр намудем, ки масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, имрӯз низ пайваста дар маркази диққати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Манзури мо аз ибрози ин нуктаҳои Пешвои миллат дар он буд, ки забони давлатӣ дар Тоҷикистон зери ҳимояву пуштибонии мустақими давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин дарс ҳеҷ имкон надошт, ки дар боби бузургони илму адаби тоҷик-онҳое, ки дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ҷонбозиҳо намудаанд, ин бахши суханронии Пешвои миллатро ба шогирдон иқтибос наорем.
Бахши дигари дарси мо, муаррифии муҳтавои мухтасари фарҳангномаҳое буд, ки ба таври оммавӣ нашр ва дастрас кардани онҳоро Пешвои миллат дар суханрони хеш асоси пешрафти рушди забони тоҷикӣ унвон карданд. Аз қабили Луғати фурс» «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо.Чун аксарияти ин китобҳоро дар китобхонаи шахсиям доштам, ба шогирдон атрофи муҳтавояшон мухтасар суҳбат намудем ва таъкид намудем, ки дар наздиктарин фурсат нусхаҳои электронии ин фарҳангҳои муътамад дар шакли электронӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоиву иттилоърасонӣ ҳамагонӣ хоҳанд шуд.
Қисмати охири дарси тарбиявиро ҳамроҳи шогирдон ба васфи мақому манзалати забони тоҷикӣ бахшидем. Шогирдон бо ҳисси ифтихор аз соҳибзабонӣ ашъори адибонро дар боби забонӣ тоҷикӣ ифоданок қироат намуданд.

Башорат БОБОЕВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №38,
ноҳияи Рӯдакӣ