ҲИФЗИ ТОЗАГИИ ЗАБОН РИСОЛАТИ ҲАМАГОН АСТ

МУСОҲИБА

Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм – доктори илми филология, профессор, Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Муаллифи китобҳои «Ифодаи маҷоз дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ», «Рисолат-ун-нойия»-и Абдураҳмони Ҷомӣ», «Вижагиҳои забонии ғазалиёти шоирони асрҳои XIIXIV (Таҳлили сохтори фонетикӣ, семантикӣ ва фразеологию луғавӣ)», «Вижагиҳои луғавӣ ва маъноии забони ғазалиёти шоирони асрҳои XII-XIV», китобҳои дарсии «Забони давлатӣ. Синфи 5», «Забони тоҷикӣ. Синфи 9» ва зиёда аз 100 мақолаи илмиву оммавӣ.
Ҳамасола 5 октябр Рӯзи забони давлатӣ дар кишвари мо бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дарвоқеъ, дар замони соҳибистиқлолӣ мавқею мартабаи забони тоҷикӣ бамаротиб баланд гардид ва дар ин замина корҳои зиёди судманд анҷом дода шуданд. Ҷаҳонишавӣ дар баробари имконоти фарогир паёмадҳои манфие низ дорад, ки ба забони давлатӣ бетаъсир нахоҳад монд. Вобаста ба марҳалаҳои инкшофи забони давлатӣ ва мушкилоту масоили ҷойдошта суҳбате доштем бо доктори илми филология, профессор, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
–  Вазъи  забони  тоҷикиро  дар масири  таърих  ва  оғози  замони соҳибистиқлолӣ,  ки  ба  бедории шуури  мардум  иртибот  дошт, чӣ  тавр  баҳогузорӣ  метавон кард?  Манзури  мо  талошҳои  ба маснаду ҷойгоҳи волои худ баргузидани забон маҳсуб меёбад.
–  Барои  он ки  мо вазъи  кунунии забони  тоҷикиро ба ҳайси забони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди  баррасӣ қарор  бидиҳем,  зарур  аст,  ки ба раванди таърихии он нигоҳи иҷмолие  дошта бошем,  зеро ин забон дар раванди рушду такомули худ борҳо мавриди санҷишу имтиҳони ҳаводиси таърихӣ  қарор  гирифтааст. Агар мо ду давраи  барои миллати тоҷик муҳиму мондагор – замони бунёди давлати Сомониён дар асри Х ва замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатиро дар охири  асри  ХХ муқоиса намоем,  дармеёбем, ки ин ду марҳила барои миллати  мо  давраҳои сарнавиштсоз маҳсуб меёбанд.   Ҳамин  тариқ, асрҳои  IX-X  барои  миллати тоҷик  ва  забони  ӯ  давраи  сарнавиштсоз  ба  шумор  меравад. Яъне забони тоҷикӣ аз даврони сукут ба даврони тиллоии рушди худ оғоз кард.
Дар  ин  раванд,  бо  ба  сари қудрат  омадани  хонадони  Сомониён  ва  бунёди  давлати  мутамаркази  тоҷикӣ  аз  ҷониби эшон  вазъи  забони  тоҷикӣ низ  рӯ  ба  беҳбудӣ  ниҳод.  Дар саҳифаҳои  таърихи  башар  пас аз муборизаҳои шадид як забони наве бо номи порсии дарӣ сабт  мегардад,  ки  он  идомаи таърихии  забонҳои  давраи  миёна,  аз  ҷумла,  забони  форсии миёна буд. Забони порсии дарӣ баъдтар бо номи тоҷикӣ машҳур гардида, дар замони салтанати амирони Сомонӣ мақому манзалати  хосе  пайдо  мекунад. Муҳимтарин  дастоварди  забон дар  ин  давра дорои хат гардидани он мебошад. Бо ташаббуси амирони  бофарҳанги  Сомонӣ, махсусан,  Исмоили  Сомонӣ аҳли илму адаб аз гӯшаву канори кишвари паҳновар ба маркази маъмурии мамлакат – шаҳри Бухоро  даъват  шуда,  ҷиҳати таҳқиқу  эҷод  барояшон  шароити  мусоиде  фароҳам  оварда мешавад,  ки  дар  саргаҳи  ҳамаи ин  вазири  бофазлу  донишманди  Сомониён  –  Абулфазли Балъамӣ  қарор  дошт.  Ба андешаи Абулқосим Фирдавсӣ, маҳз бо талошҳои ин марди  донишманду боҳуш бо забони порсии дарӣ навиштан оғоз шуд:

Гаронмоя Буфазл дастур ӯй,
Ки андар сухан буд ганҷур ӯй.
Бифармуд, то порсию дарӣ
Набиштанду кӯтоҳ шуд доварӣ.

Муҳимтарин вижагии забони порсии  дарӣ  он  буд,  ки  забон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба таври босуръат  рушд  карда, тамоми  омилҳо  ва  унсурҳои барои  забони  адабӣ  зарурро, аз  қабили  забони  таърихан  ташаккулёфта,  дар  як  маҳдудаи муайяни  ҷуғрофӣ  мавриди  истифодаи  мардум қарор гирифтан, суфтаву сайқалёфта, дорои хату меъёрҳои муайяни наҳвию услубӣ ва забони расмии коргузорӣ  қарор  гирифтанро касб намуд ва дар муддати зиёда аз ҳазор сол на танҳо барои мардуми  ориётабор,  балки  барои қавму ҳалқҳои дигар низ ҳамчун забони адабӣ хидмат намуд.
Пас аз  пошхӯрии  салтанати Сомониён,  дар  тӯли  қариб  900 сол  ҳокимиятдории сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон шуруъ аз  давлатдории Ғазнавиён  то замони  Манғитиён,  ҳокимияти сиёсиро  туркзабонон  идора  менамоянд,  вале  забони  тоҷикӣ дар  ин  солҳо  ба  ҳайси  забони расмии  давлатӣ  побарҷо  монда, ба  кишварҳои  гуногун паҳн мегардад.  Дар  масири  асрҳо аз  ҷониби  абармардони  илму адаби  тоҷик  осори  гаронбаҳое офарида  мешавад,  ки  ҳамаи онҳо  зинатафзои  адабиёти умумибашарӣ мегарданд.
Дар  замони  Шуравӣ  забони  тоҷикӣ  тавассути  заҳматҳои устод  Садриддин  Айнӣ ва муосиронаш то андозае рӯ ба рушд ниҳод.  Албатта,  муборизаҳои устод  Айнӣ  барои  мондагории забони  тоҷикӣ  ба  ҳама  маълуманд.  Дар  ин  давра  забони тоҷикӣ  бо  забонҳои  дигаре бархӯрд  карда, то андозае такмил ёфта бошад ҳам,  вобаста ба  сиёсати  иҷтимоии замон аз анъанаҳои пешини худ канда шуд, зеро ду  маротиба  расмулхат  ба  тағйирот дучор гардид, ки ин ба рушди забони  тоҷикӣ монеаи ҷиддӣ эҷод кард.
Пас аз солҳои 50-ум дар рушди забони тоҷикӣ саҳифаҳои тозае боз шуда, аз ҷониби олимону адибон асарҳои илмию  адабии вофире  таълиф  мегардад. Таълифи китобҳои “Грамматикаи забони тоҷикӣ”,  “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “Энсиклопедияи советии тоҷик”, осори  илмию адабии олимону шоирон ва нависандагони тоҷик ва мисли ин барин  садҳо  асари  муҳташами дигар  барои  рушди  забони тоҷикӣ  дар  ин  марҳилаи  инкишоф мусоидат кардааст.
Маврид ба таъкид аст, ки нахустин падидаи истиқлолхоҳии миллати  тоҷик  ҳанӯз  дар  охири  солҳои  80-уми  асри  гузашта маҳз тавассути мақоми давлатӣ гирифтани  забони  тоҷикӣ рӯйи  кор  омада  буд.  Бо  ҷаҳду талошҳои аҳли илму адаб ва зиёиёни  пешқадами  кишвар  соли 1989,  яъне  дар  давраи  Шуравӣ забони  тоҷикӣ  расман  мақоми давлатӣ  гирифт,  ки  ин  барои рушду нумуи  он  дар  солҳои минбаъда заминаҳои мусоидеро фароҳам овард.
–  Дар  хусуси  марҳалаҳои ташаккулу  таҳаввули  рушди  забони  тоҷикӣ  дар  раванди  дигаргуниҳои  иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки таҳти сарварии  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба амал омадаанд, андешаҳои худро иброз медоштед.
–  Вазифаҳои  забони тоҷикӣ  дар  замони  тантанаи Истиқлоли  давлатӣ  боз  ҳам бештар  гардид.  Акнун  ин  забон  дар  арсаи  олам  забони  як кишвари  озоду  мустақилро муаррифӣ  мекунад.  Таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва аҳли илму эҷод  ба  рушди  забони  тоҷикӣ боз ҳам меафзояд.
Дар  ин  марҳила  забони тоҷикӣ  ҳомии  худро  дар  симои  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо  намуд.  Тоза  нигоҳ  доштани забон ва рушду инкишоф додану  барқарор  кардани  асолати таърихии  ин  забон  аз  ҷониби Роҳбари  давлат  пайваста  таъкид мегардад.
Таҷлили Рӯзи забон ва таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ  аз  падидаҳои неки  замони  соҳибистиқлолии кишваранд,  ки  дар  саргаҳи ҳамаи ин Пешвои миллат қарор доранд.
Муҳимтар  аз  ҳама,  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ –  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба рушду инкишофи забони тоҷикӣ дар  замони  муосир  таваҷҷуҳи хосса  зоҳир  намуда,  барои боз  ҳам  баланд  бардоштани мақоми он дар ҷомеа ва муаррифию  мондагории  он  дар  замони  ҷаҳонишавии фарҳангҳову тамаддунҳо  китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”-ро таълиф кардаанд, ки дар он тамоми раванди рушду инкишофи забони  тоҷикӣ  дар  масири  таърих таҳлилу таҳқиқ гардидааст.
–  Тавре  маълум  аст,  забон  чун  падидаи  ҷамъиятӣ  доимо  дар  тағйирот аст. Дар давоми  се  даҳсолаи  Истиқлоли давлатӣ  се  маротиба  Қоидаҳои имлои  забони  тоҷикӣ  мавриди бознигарӣ  қарор  гирифта,  ба  он тағйироту иловаҳо ворид гардид. Ба  фикри  Шумо,  ин  тағйироту дигаргуниҳо  чӣ  вокуниш  ва  пайомадеро  дар  афкори  ҷомеа  ба вуҷуд оварданд?
–  Тавре ки шумо зикр кардед, забон падидаи ҷамъиятист. Модом  ки  чунин  аст,  ҷомеа низ ҳамеша дар рушду такомул аст  ва  забон  низ  чун  падидаи ҷамъиятӣ  бояд  дар  ин  раванд рушду инкишоф ёбад, то ниёзҳои соҳибони  худро  дар  ҷомеа  таъмин  карда  тавонад.  Забони тоҷикӣ  низ  вобаста  ба  ҳамин меъёр дар замони муосир рушд карда,  барои  он  ки  дар  ҷомеа мавқеи  худро  устувор  созад,  ба ҳайси  забони  расмии  давлатӣ, забони таълиму тарбия, илму адаб, муоширату  гуфтугӯ  бояд ҳамқадами  ҷомеа  бошад.  Яке аз  унсурҳои  муҳимми  замони Истиқлол  доштани  забони  расмии  давлатӣ  аст,  ки  он  ифодагари  ҳувияти миллии  мардуми тоҷик буда, тақозо менамояд, ки он ба табиати гуфтор ва навиштори соҳибзабонон ҷавобгӯ бошад. Дар замони  Шуравӣ вобаста ба сиёсати  замон  ба алифбои тоҷикӣ чанд ҳарфе ворид гардида буд, ки онҳо барои табиати  забони  тоҷикӣ  бегона буданд.  Бинобар  ин,  зарурате пеш  омад,  ки  мо  бояд  забони худро  аз  ҳар  гуна  унсурҳои  бегона тоза сохта, насли наврасро дар асоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ  ва  забони  шевои  миллӣ  таълиму  тарбия  намоем.

Ба  қавли  Ҷалолиддини Балхӣ:

Дар замини дигарон хона макун,
Кори худ кун, кори бегона макун.

Баъдтар олимону муҳаққиқон таҳлилу  таҳқиқҳо  гузаронида, барои боз ҳам мукаммалтар гардидани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва барқарор кардани табиати  забони  тоҷикӣ  дар  асоси талаботи таърихӣ пешниҳодҳои мушаххасро манзур  намуданд, ки  онҳоро  Кумитаи  забон  ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди  омӯзишу  баррасӣ  қарор дод.  Ҳамин  тариқ,  соли  2021 Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз  ҷониби  Ҳукумати  мамлакат ба  тасвиб  расид.  Имрӯз  моро зарур аст, ки  бо назардошт  ва риояи  ин  қоидаҳо  амал  карда, дар  раванди  таълиму  тарбияи насли  наврасу  ҷавонон,  таълифи  китобҳои  дарсию  илмӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион  ва  дар  таҳияи санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ меъёрҳои  Қоидаҳои  имлои  забони тоҷикиро риоя намоем.
–  Мушоҳида  мегардад, ки  то  ҳанӯз  бо  вуҷуди  гуфтугузор  ва  таъкидҳои  бешумор дар  навиштаҷоти  пештоқи фурӯшгоҳу  марказҳои  савдо  ва идораю муассисаҳои давлатию хусуcӣ  ғалатҳои  зиёди  имлоию грамматикӣ ба назар мерасад. Чӣ бояд кард, то пеши ин раванди ногувор ба таври қотеъона гирифта шавад?
–  Дуруст  аст,  ки  имрӯз низ  мо  навиштаҷоти  зиёдеро мебинем,  ки  ғалат  мебошад. Барои  бартараф  кардани  онҳо, пеш аз ҳама, мо, аҳли илму маориф,  рӯзноманигорон  бояд бештар талош варзем. Агар чунин  ғалатҳоро ислоҳ карда, ба соҳибони фурӯшгоҳу марказҳои савдо  ва  роҳбарони  идораю муассисаҳои давлатию  хусуcӣ мо пешниҳод  намоем,  ман  гумон  мекунам,  ки  ин  ғалатҳоро онҳо ислоҳ мекунанд.
Азбаски чунин фурӯшгоҳу марказҳои савдо  ва  идораю муассисаҳои  давлатию  хусуcӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру вилоятҳо зиёдтар аст, агар Кумитаи забон ва истилоҳот бо ҷалби донишҷӯёни фаъоли ихтисосҳои филологӣ, омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти  муассисаҳои таълимӣ, забоншиносон, рӯзноманигорон дар  ҳамаи шаҳру  ноҳияҳо аксияи “Шаҳр (ноҳия, деҳа)-и беғалат” гузаронда, барои  бартараф  кардани ин норасоӣ корбарӣ намояд, барои  такмили  забони  тоҷикӣ дар ин самт дастовардҳои хубро ноил шуда метавонад. Аз ҷониби дигар, муносибати аҳли  ҷомеа  низ  ба  рушду  нумуи  забони тоҷикӣ натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард, бояд беҳтару хубтар гардад.
– Раванди  ҷаҳонишавӣ дар  баробари  омилҳои  мусбат пайомадҳои  ногуворе низ дорад, ки мо – ҳамагон шоҳиди ҳамарӯзаи онем. Ин  раванд ба нақшу мақоми  забонҳои  халқияту  миллатҳо, аз ҷумла, забони тоҷикӣ чӣ гуна таъсир мерасонад? Мусбат ё манфӣ?
– Ҷаҳонишавии босуръат ва рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ  дар  баробари  дигар соҳаҳо  ба  раванди  инкишофи  забон низ таъсири амиқи  худро  мерасонад. Ин раванд ду ҷанба – мусбат ва манфӣ дорад. Раванди мусбати рушду техникаву технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ  ва  ҷаҳонишавӣ  дар он  зоҳир  мегардад,  ки  дар  ин  росто забонҳои  гуногун  бо  ҳам  бархӯрд  карда,  якдигарро  такмил медиҳанд. Забони тоҷикӣ низ имрӯз маҳз тавассути ҳамин раванд дар ҳамаи гӯшаву канори олам ба ҳайси забони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шинохтаву  пазируфта шуда, осори эҷодкардаи аҳли адаби ин кишвари  соҳибистиқлолро  дӯстдорони забони  тоҷикӣ  аз  ҳар  гӯшаи  олам,  ки хоҳанд,  пайдо  карда  мехонанд.  Яъне забони  тоҷикӣ  имрӯз  тавассути технологияи иттилоотӣ муаррифгари миллат дар ҷаҳон гардидааст. Ҷанбаи манфии ин раванд он аст, ки  ҷаҳонишавии  босуръат ба раванди бонизоми  забонҳо таъсир  расонида,  то  андозае  ба  рушди он монеа эҷод карданаш низ аз эҳтимол дур нест. Ин омил ҳатто боиси аз байн рафтани  баъзе  забонҳои  аз  ҷиҳати шумораи  гӯяндагонаш  кам  низ  шуда метавонад.  Ҳамзамон,  агар  забонҳои олам  раванди  рушди  худро ба талаботи техника ва технологияи иттилоотӣ мутобиқ  насозанд,  дар  оянда ба  хатари  нестшавӣ мувоҷеҳ шуданашон мумкин  аст.  Бинобар  ин, муҳаққиқону мутахассисони моро  зарур  аст,  ки  дар самти  таҳияи  пайкараи  электронии  забони тоҷикӣ кӯшиш намуда, ин забони шевою гувороро ба аҳли олам тавассути шабакаҳои  гуногуни  интернетӣ муаррифӣ намоянд.
– Татбиқи  пурраю  ҳаматарафаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатӣ» аз ҳар  ҷиҳат ба  тадбирандешӣ  ва  шеваҳои гуногуни омӯзиши он дар  муассисаҳои таълимӣ бастагӣ дорад. Ба  фикри шумо,  дар ин самт тайи солҳои охир чӣ корҳои назаррас анҷом дода шудааст?
– Албатта, яке аз манбаъҳои асосии омӯзиши забони тоҷикӣ ба таълими босамари он дар муассисаҳои таълимӣ вобастагӣ  дорад.  Дар  ин  самт  низ  дар замони муосир аз ҷониби Вазорати маориф  ва  илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон тадбирҳои муҳимме андешида шудааст. Аз ҷумла, дар асоси талаботи Қоидаҳои имлои  забони  тоҷикӣ  бознашр  намудани  китобҳои дарсӣ, таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ ва мазмуну  мундариҷаи  китобҳои  дарсӣ  ва ба талаботи замони Истиқлол мутобиқ сохтани  онҳо  аз  ҷумлаи  иқдомҳоеанд, ки  ба  рушди  забони  тоҷикӣ  мусоидат менамоянд.  Ҳамчунин,  аз  ҷониби  Вазорати  маориф  ва  илм  китоби  “Забони  давлатӣ”  барои  аққалиятҳои  миллии  сокини  кишвари  мо  (хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ) чоп  ва  дастрас  гардонида  шудааст. Барномаҳои  таълимии  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таҷдиди назар гардида, дар ҳамин асос китобҳои  дарсӣ  барои  донишҷӯёни  ин зинҳои таҳсилот навишта хоҳанд шуд.
Муҳимтарин падидае, ки  дар замони соҳистиқлоли  кишвар рӯйи  кор омад, он аст, ки  бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат  Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таъсис  дода шуд. Ин ниҳод тавонист, ки дар самти такмили забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм  хидмати  шоёнеро  анҷом  бидиҳад. Имрӯз садҳо нафар унвонҷӯ рисолаҳои илмии худро бо забони тоҷикӣ навиштаву  дифоъ  менамоянд,  ки  ин  ҳам  барои  устувор  гардидани  забони тоҷикӣ ва  ҳам барои донистани он аз ҷониби олимону  муҳаққиқони  ҷавон  мусоидат менамояд.
– Озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бевосита ба мутолиаю омӯзиши осори бадеӣ  иртибот дорад, ба масъалаи бештару беҳтар азхуд кардани забон ва инкишофи нутқи хаттию  шифоҳӣ  мусоидат  мекунад. Мегуфтед, ки ин озмун дар рушду такомули  забони  тоҷикӣ  чӣ  нақши  муҳим мебозад?
–  Баргузории  озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб  аст»,  ки бо  ташаббуси  созандаи  Пешвои  миллат  дар кишвари  мо  баргузор  мегардад,  падидаи  нодирест,  ки  саҳифаи тозаеро дар самти хондану аз худ кардани  осори бадеӣ  боз  намуд.  Албатта, хондани  китоби  бадеӣ дар  баробари он  ки  завқи  зебоишиносии  шахсро  баланд  мебардорад, ҳамчунин, барои такмили луғатдонӣ,  маъношиносӣ  ва нутқи мураттаби хонандагон мусоидат менамояд. Аз баргузории  озмунҳо мо мушоҳида  кардаем, ки  хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ бештар ба китобхонӣ рӯ оварда, дониш ва маҳорату малакаҳои худро дар самти хондани китобҳои бадеӣ рушд дода, дар озмуни  мазкур бо завқу талошҳои зиёде иштирок менамоянд. Ин  раванд масъулияти омӯзгорони фанҳои забону адабиётро боз ҳам бештар кардааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар омода кардани шогирдон ба озмуни мазкур омӯзгорон  заҳмат  ва  талошҳои  зиёде анҷом медиҳанд.
– Нақши адибону олимон ва дар умум, зиёиёнро дар ҳифзу  покизагӣ ва назокату назофати забон чӣ тавр метавон баҳогузорӣ намуд?
– Дар  ҳама  давру  замон  адибон,  аҳли  илму  маориф  ҳомиёну тарғибгарони  забони  тоҷикӣ  будаанд ва  имрӯз  низ  ҳамин  рисолат  ба  дӯши онҳост. Мо дар боло дар мавриди саҳми хонадони Сомониён ва адибону олимони ин хонадон дар рушди забони тоҷикӣ баъзе нуктаҳоро иброз намудем. Ҳамин анъанаи бунёднамудаи аҳли илму адаб аз асри Х то инҷониб идома дорад. Аз устод  Рӯдакӣ  то  ҷавонтарин  шоир  ва аз  Абуалӣ ибни Сино то ҷавонтарин олими замони мо талош бар он доранд, ки  бо ин забони  шево,  форам,  гуворою  гӯшнавоз,  ки  собиқаи  ҳазорсолаи таърихӣ  дорад,  асрҳои бадеию  илмӣ таълиф намоянд ва дар рушду такомули забони тоҷикӣ саҳму нақши худро гузоранд.
Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ ба ҳайси яке аз унсурҳои муҳимми давлатдории миллию Истиқлоли давлатӣ  метавонад дар оянда низ  барои  миллати ин сарзамини куҳанбунёд хизмат намуда,  дар  масъалаи  таъриху тамаддун ва фарҳанги  волои  кишвари  азизамон  – Тоҷикистон,  фарзандони барӯмандеро тарбия  карда,  мондагории  хеш  ва тоҷиконро  чун  миллати  тамаддунофар таъмин созад, ки ин, пеш аз ҳама, тавассути ҳифзу нигаҳдории волоияти забон аз ҷониби соҳибонаш сурат мегирад.
Рӯзи бузургдошти забонро ба ҳамаи ҳамватанони  азиз  муборакбод  гуфта, орзу  дорам,  ки  дар  рушд  ва  поку  беолоиш  нигаҳ  доштани  он  ҳар  кадоми мо масъулияти бештаре  зоҳир  мекунем, зеро забон бо модар тавъам аст ва эҳтирому арҷ гузоштан ба онҳо низ аз вазифаҳои муқаддасу боифтихори мост.

Ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ:

Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.

Мусоҳиб
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”