ИЛМ ОБРӮАФЗОИ МИЛЛАТ АСТ

Воқеияти зиндагӣ дар дарозои садсолаҳо батакрор таъкид кардааст, ки илм неруи тавоност ва метавонад банди кулли мушкилиҳоро кушояд ва саодатмандии одамону ҳаёти осоиштаву пешравии онҳоро таъмин намояд.
Илм дастгиру ёвари ҳамешагии инсоният  аст,  машъали фурӯзонест,  ки  тамоми арсаҳои ҳаётро мунаввар месозад. Аз ин ҷост,  ки  аҳли  хирад  ҳама  ҷо  ситоиши  илм кардаву онро ҳамчун «тоҷи сари ҷумла  ҳунарҳо»-ву «қуфлкушои ҳама дарҳо» тавсиф бахшидаанд. Ин даъвати шоири тавоно  Носири  Хисрав,  воқеан ҳам, хеле ҳикматбору судманд аст:

Зебо ба илм шав, ки на зебояст
Он кас, ки ӯ ба дебо зебо шуд.

Ҳамин шоир аст, ки «камоли одамӣ дар илм бошад» гуфтаву баландтарин мақому мартабаи инсонро ҳамбаста ба илмомӯзии ӯ  донистааст. Ҳар кишвари тамаддунпарвар маҳз дар заминаи бузургдошти  илм  ва  фароҳам овардани шароити созгор ба рушди  илм  ба  комёбиҳои  барҷаста ноил  гардидаву  ҳаёти  фараҳбору осоиштаи  халқашро  таъмин  бинмудааст.  Дар  ҳар  мамлакате,  ки илм пешрав аст, зиндагии мардум дар сатҳи баланд қарор дорад. Аз ин  хусус  далелҳои  фаровоне  вобаста  ба  тараққиёти  босуръати давлатҳои алоҳидаи дунё метавон овард. Арҷгузории илм  ва  такя ба  дастовардҳои  он  метавонад хурдтарин кишварро ба бузургтарин мамлакат (аз нигоҳи сатҳи зиндагии сокинон, таъмини амнияти давлатӣ, рушди  истеҳсолот, шукуфоии  соҳаи  маориф…) табдил  бидиҳад.  Маҳз  илм  имкон фароҳам  меовард,  ки  бо  сарфи андаки вақту неру пирӯзиҳои зиёде ба даст оварда шавад.  Кашфиёти  илмӣ  бузургтарин  сарвати ҳар миллату давлатанд ва онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Илм сипари боэътимод ва неруи шикастнопазири  ҳар кишвар аст. Вақте  ки  дар  мамлакат  ба  илму аҳли илм арҷгузорӣ мешавад, ояндаи боз ҳам шукуфои ин мамлакат таъмин хоҳад буд.
Халқи тоҷик  табиатан  илмпарвар  аст  ва  ба  олимону  донишварон  эҳтирому эътиқоди самимӣ дорад. Дар марҳилаҳои зиёди таърих  фарзандони  фарзонаи  халқи  тоҷик  дар  паҳнои илми  ҷаҳон  пешсафу  парчамдор будаанду  шуҳратёр  дар  саросари олам.  Комёбиҳои илмии  Ибни Сино, Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ,.. мавриди омӯзишу истифодаи ҷаҳониён  гардидаанд. Китобҳои  илмии  Абуалӣ  ибни Сино  дар як қатор мактабҳои олии мамолики Аврупо ба сифати дастури таълимӣ истифода мешуданд. Яъне халқи тоҷик дар боби илмофаринӣ ва бузургдошти илм собиқаи дерин ва пурифтихор дорад.
Истиқлоли давлатӣ дар шумори омилҳои файзбори дигараш ба  рушди илми тоҷик шароити созгор ва имконоти густурда фароҳам овард. Муҳим он буд, ки илми тоҷик бо арзишҳову анъанаву махсусиятҳои миллияш робитаи устувор пайдо кард. Истиқлол марҳилаи наву  бесобиқаи илми тоҷикро ифтитоҳ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  аз  оғози  фаъолияти  роҳбарии  худ  ба  илм  ва рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд  ва  борҳо  бо аҳли  илм, кормандони  Академияи миллии илмҳо вохӯрда, зарурати ривоҷ додани тамоми  соҳаҳои илмро таъкид намуданд. Сарвари  кишвар  аз  олимони  ҷумҳурӣ даъват ба амал оварданд, ки пеш аз ҳама, барои  мустаҳкамсозии пояҳои истиқлоли давлатӣ ҷидду ҷаҳд намоянд ва илми тоҷикро ба хотири манфиатоварӣ ба аҳли ҷомеа ҳар чи васеътар истифодакунанд. Президенти мамлакат пайваста ба  он  талош  варзиданд,  ки  дар кишвар  барои рушди илм  тамоми  замина  ва  таҷҳизоти  зарурӣ фароҳам оварда шавад. Ва воқеан ҳам, дар як давраи начандон тӯлонӣ илм дар  Тоҷикистон ба пешрафтҳои чашмгир ноил гашт, ҳамбастагияш бо  амалия ривоҷ ёфт, кашфиёти нав ба нав ба миён омаданд, теъдоди олимон хеле афзуд.  Аммо  воқеияти  рӯз,  ҷомеаи пешрав  ва  омилҳои  дигар  дар назди  илми  тоҷик  вазифаҳои  нав ба нав мегузоранд. Ҳоло дар пешрафту амният ва обрӯву эътибори мамлакат, дастрасӣ ба  нақшаҳои миллӣ  ва  татбиқи  нақшаҳои  бунёдкорона  илм  бояд  неруи  асосӣ ва  гарави  комёбӣ  бошад.  Чунончи,  бо  ибтикори  ватандӯстонаи Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ ҳадафҳои  бузург — раҳоӣ аз бунбасти иқтисодӣ, ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ ва таъмини амнияти  озуқаворӣ эълон карда шуданд ва ба ин ҳадафҳои наҷиб то имрӯз  асосан  дастрасӣ  пайдо карда шуд. Дар ин самт аҳли илм ҳиссаи  сазовор  ва  барҷаста  гузоштанд. Ҳамакнун, аҳли кишвар барои пиёдасозии ҳадафи чоруми стратегӣ дар ҷумҳурӣ, ки бо азму иродаи  Сарвари  мамлакат  пеш гирифта  шудааст,  ҷидду  ҷаҳд  доранд ва ин ҳадаф саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Албатта, дар ин самт низ олимон неруи пешбару омили ҳалкунандаанд. Пешвои миллат дастур  доданд,  ки  вобаста ба  талаботи  иқтисоди  миллӣ  ва расидан  ба  ҳадафи  чоруми  стратегии  кишвар – саноатикунонии босуръат дар самтҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи  канданиҳои  фоиданок ва рушди саноати маъдан олимони мо бояд корҳои  таҳқиқотиро вусъат диҳанд. Бояд таъкид кард, ки  татбиқи  дастовардҳои  нав  ба нави  илм  ва  истифодаи  технологияи  пешрафта  омили  асосии рушди иқтисодӣ, рақобатпазирии истеҳсолот ва роҳ ёфтан ба бозори  ҷаҳонӣ, афзудани даромади миллӣ ва албатта, беҳтаршавии вазъи иҷтимоии мардум мебошад.
Дар  кишварамон  солҳои  охир бо  ҳадафи  мусоидат  ба  тақвияти мунтазами  илм як силсила озмунҳо  роҳандозӣ  шудааст,  ки яке  аз  онҳо  озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба шумор меравад.  Барои  рушди  минбаъдаи  илми  тоҷик  бояд,  пеш  аз ҳама,  таваҷҷуҳи  насли  наврасро ба  донишандӯзӣ,  азхуд  кардани асосҳои илм ҷалб кард. Аз ин лиҳоз,  озмуни «Илм-фурӯғи  маърифат» такони ҷиддие хоҳад шуд. Хушбахтона, сол то сол сафи иштирокдорони ин озмун меафзояд. Тадбири муҳими дигаре, ки дар Ватанамон  ҷараён дорад, эълони солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,  риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф маҳсуб мешавад, ки барои  заминагузорӣ ба такомули илми миллӣ дар оянда  нақши  муассир  хоҳад  гузошт. Маълум, ки илмҳои дақиқ дар пешрафти  тамоми  соҳаҳои  ҳаёти мамлакат ва тақвияти мавқею эътибори  илм  аҳамияти  махсус  доранд. Ҷалб кардани насли наврас ба  ин  илмҳо  омили  муҳим  буда, минбаъд барои рӯй ба арсаи илм овардани онҳо мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз иқтибос овардани суханони зерини Сарвари кишвар аз Паём ба  Маҷлиси  Олӣ  (21.12.21) бамаврид  аст:  «Таъкид  менамояд,  ки  мо  дар  ҳазорсолаи  сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму  технологияҳо,  яъне  дар асре,  ки  тамоми  ҷабҳаҳои  ҳаёт тавассути  саводу  дониш  ва  илму технологияҳо идора карда  мешаванд,  зиндагӣ  дорем.  Барои ҳамқадами замон будан ва рушди давлату  ҷомеаро  таъмин  кардан омӯзиши  илму  дониш,  хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад».
Илм  шахсро  нуронию  бохирад, дурандешу  ботаҳаммул,  накукору  ватандӯст ва башарпавар месозад ва ҳар касе, ки ба илм гаравидаасту  илмро  эҳтиром  мекунад, ҳаргиз ба ягон амали зишт роҳ намедиҳад  ва  дигаронро низ ба хушрафторӣ ҳидоят менамояд. Илм қотеъона бар  зидди ҷангу ихтилофот, вайронкориву кинаву хушунат аст. Аҳли илм  пайваста бар  зидди  омоли  тахрибкорона, экстремизму  терроризм  садо  баланд ва ин ҳамаро  сахт  маҳкум мекунанд.  Хирадманд  силоҳ  не, қалам дар даст дорад ва аз «гуфтори неку рафтори неку пиндори нек» ҳарф мезанад. Дар муносибат бо муноқишаҳое, ки дар сарҳади Тоҷикистону  Қирғизистон  чанде  пеш  батакрор  ба  вуқуъ  пайвастанд,  аҳли илми тоҷик низ бетараф набуданд ва бебунёдии даъвоҳои  ҳамсоягонамонро  собит  сохта,  даъват  карданд,  ки дар  пайравӣ  ба  сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои  тоҷикон  бояд ба  сулҳу  осоиштагӣ  ва  ба  хиради  воло  арҷ  гузошт.  Минбаъд низ аҳли илм дар дифои ҷумҳурӣ аз ҳама гуна ғаразу даъвоҳои манфиатҷӯёну кинаварони берунӣ ҳиссагузор хоҳанд буд.
Рисолати илм  хеле фарогиру бавусъат аст, ифтихорист. Илм ба таҳкими ҳувияту ифтихори миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, мусоидат ба фардои дурахшони Ватан мусоидат мекунад. Олимон бузургтарин ва боэътимодтарин неруи мамлакатанд. Дар қатори олимони кишвар аҳли  илму таълими Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов низ дар рушду  такомули илми  тоҷик  ва  таъмини ҳаёти осоиштаву рангини сокинони ҷумҳурӣ ҳиссагузорӣ мекунанд. Нақши онҳо дар тарбияи варзишгарони мумтози шуҳратафзои Ватан, таҳқиқу баррасии таърихи варзиши миллӣ, коркарди усулҳои фаъоли таълим, таҳия ва нашри дастурҳои таълимию методӣ, татбиқи  ҳадафҳои стратегии  мамлакат,  таъмини амнияти сиёсию иҷтимоии диёр, боз ҳам афзудани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон, тарғиби варзиш ва ҳаёти солим хеле чашмгир аст. Илмро пайваста бо амал омехтан  шиори  ҳамешагии  аҳли илми ин боргоҳи олии варзиш мебошад, зеро:

Илм бо кор судманд бувад,И
лми бекор пойбанд бувад.

Ҳусейн ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
декани факултети тарбияи ҷисмонии
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
ба номи С.Раҳимов, номзади илмҳои педагогӣ