ОЗМУНЕ НА КАМТАР АЗ ҶАШН!

Чанд пешниҳод дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи  доноӣ  китоб  аст» соли чорум аст, ки бо амр ва таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола то 400 ҳазор довталаб ширкат меварзад, озмун мақсаду ҳадафи зиёд дорад ва ягон муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, дар маҷмуъ, ҳар шаҳрванди кишвар аз ҷараёну ҷамъбасти он  бехабару бетараф намемонад, балки онҳое, ки берун аз марзи мамлакат кор мекунанду адои хидмат доранд, бо ҳар восита огоҳ мешаванд, ки кадом даври ин озмун чӣ гуна баргузор гардиду киҳо дастболо шуданд.
Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  сол аз сол таҳрир мешавад ва такмил меёбад, маблағе, ки барои озмун сарф хоҳад шуд, низ афзун мегардад. Танҳо назар афкандан ба ҳайати комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» кифоя  аст, то дарк намоем, ки он ба кадом андоза масъулиятноку ҷиддӣ  мебошад. Дар Низомнома қайд шудааст: «Сарпарасти озмун  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Ҳамчунин, муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вазири  маориф  ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши ёрдамчии  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид  ба  масъалаҳои рушди  иҷтимоӣ  ва  робита  бо ҷомеа,  муовини  вазири  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси  Кумитаи  кор  бо  ҷавонон ва  варзиши  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси  Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, ректори  Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим  Улуғзода,  директори  Институти  забон  ва  адабиёти  ба  номи Абуабдуллоҳ  Рӯдакии  Академияи  миллии  илмҳои  Тоҷикистон, мудири кафедраи адабиёти навини тоҷики Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон,  мудири  кафедраи  таърихи  адабиёти классикии  тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи славянии Тоҷикистон  ва  Россия  барои хуб, шаффоф ва судманд баргузору  ҷамъбаст  шудани  озмун масъул шудаанд.
Бояд қайд кард, ки на камтар аз 70 дарсади довталабон  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва омӯзгорони онҳоянд. Аз ин сабаб, дар Низомномаи озмун нахустин масъул Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст.
Агарчи ҳайати  ҳакамон тақрибан  20-25  нафаранду  аз ҷумлаи  адибону донишмандон ва китобхонҳои  асил  интихоб шудаанд,  чун  ҷараёни  озмун тариқи  Садою  Симо  ва  дигар ВАО  пешниҳоду  пахшу  баррасӣ мегардад,  метавон  гуфт,  ки  тамоми  аҳолии  кишвар  ҳаками  ин озмунанд.  Озмун  берун  аз  марзу буми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  низ маълуму машҳур шудааст. Дар олам ҳамеша китобнавис ҷоиза мегирифту қадр мешуд, имрӯз китобхон низ сарфароз мегардад!  Нависандаи бачаҳо, мудири бахши адабиёти кӯдакону наврасони  Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон  Азизи  Азиз  дар  як мусоҳибааш  дуруст  қайд  кардааст,  ки  ҳар  восита,  ки  бачаҳоро китобхон  мекунад,  қобили қабул ва боиси таҳсин аст, зеро воситаҳо баъдтар барҳам мехӯранд ва ҷойи онро одати китоб хондан мегирад, ки тоҷи сари одатҳост!
Он шабу рӯз ҳама тамошобини оинаи нилгунанд, ҳама ахбори радио мешунаванд, ба якдигар занг мезананд, аз ҳамдигар мепурсанд, ғолибонро  табрику  муборакбод  мекунанд,  дигареро  тасаллӣ медиҳанд ва табиист, ки дар атрофи  чунин  озмуни  умумимиллӣ гуфтугӯ  беохир  аст,  яъне  таҳсин ҳам  мехонанду  танқид  ҳам  мекунанд,  пешниҳод  ҳам  менамоянду эрод ҳам мегиранд ва арзу шикояти довталабону мухлисон низ кам нест. Дуруст аст, ки ҳар омӯзгору падару  модар  шогирду  фарзандашро  беҳтарину нотакрор мешуморад, дар  баъзе  маврид  эроду  баҳои  ҳаққонии  ҳакамонро ҳам  нодуруст  мегӯяд  ва  шикоят мебарад.  Аммо  бояд  қайд  кард, ки  дар  ҳар  даври  баргузоршудаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб  аст»  хато  ва  камбуди  ҷиддӣ низ  ба  мушоҳида  мерасад.  Дар ин  мақола  ба  чанд  савол  ҷавоб мегӯем,  чанд  маслиҳат  пешниҳод мекунем,  чанд  камбуди  ҷиддиро қайд мекунем, то озмун имсол аз солҳои  пешин  беҳтар  баргузор шавад ва арзу шикояти довталабу мухлису тамошобин кам гардад.
Ҳакамон. Кори  ҳакамон  душвор  аст.  Дар  20-30  дақиқа  муайян  намудани савияи дониши довталаб  ва  баҳои  ҳаққонӣ  додан ба  ҳунари  ӯ  осон  нест.  Албатта, ҳаками  доно  аз  лаҳзаи  нахустин пай мебарад, ки довталаб чӣ хондаасту чӣ фаҳмидааст, вале баъзан мушоҳида мешавад, ки ҳакам ба ҳар довталаб ҳамон чанд саволи обшустаашро  медиҳад.  Маълум, ки ӯ худ хонанда нест. Гоҳо саволҳо хандаовар низ мешаванд: «Бо муаллифи ин асар шинос ҳастӣ?», «Либоси фалон қаҳрамон чӣ ранг дошт?», «Қанде, ки Қорӣ Ишкамба аз Раҳими Қанд гирифта хӯрд, чӣ ранг буд?» Баъзан мепурсанд:  «Ин  асарро  кӣ  тарҷума кардааст?»  ва  барои  надонистани  ному  насаби  тарҷумон  сарзаниш мекунанд. Ин хуб нест, зеро муҳим  дарки  мазмун  ва  ҳикмати асар  аст.  Албатта, донистани тарҷумони асар хуб аст, вале дар мавриди  фаромӯш  кардани тарҷумон  набояд  сахт  эрод  гирифту холи паст дод.
Баъзан  ҳакам  аз  илми забоншиносӣ  савол  медиҳад: «Ин ҷумла ба кадом гурӯҳ дохил мешавад?», «Ин шеър дар кадом вазн гуфта  шудааст?», «Вазни ҳиҷойӣ аз вазни арӯз чӣ фарқ дорад?…» Маълум  мешавад, ки ҳакам озмунро аз имтиҳони муассисаи таълимӣ тафовут карда наметавонад.
Иштирок  дар  озмун  аз  довталаб,  омӯзгор,  падару  модар заҳмати  зиёд тақозо менамояд. Онҳо хуб медонанд,  ки  на  дар ҳузури панҷ ҳакам қарор доранд, тамоми  аҳолии  кишвар  ҷараёни саволу ҷавобро тамошо дорад. Ба як савол ҷавоб дода натавонистан ӯро азият  мебахшад.  Агар  довталаб  хонандаи  синфи  ибтидоӣ бошад, дучанд бояд эҳтиёт шуд, ки  як умр дилмондаю рӯҳафтода нашавад. Ҳакам набояд ба довталаб  рӯйирост ва дағалона «Нахондӣ!», «Надонистӣ!», «Омода нашудӣ!» гӯяд.
Қайд кардем, ки  ҷараёни  саволу  ҷавоб  тавассути  телевизион пахш мегардад ва аз ин довталаб ҳамеша сахт дар изтироб мешавад. Ҳамсинфу  ҳамсолу ҳамсояҳои ӯ ҳаргунаанд ва андешаи фардо бо онҳо рӯ ба рӯ шуда, барои ҷавоб дода натавонистан ҳатто ба як «саволак» ӯро хиҷолатзада мегардонад. Аз ин сабаб танқиди сахт ва мазаммати  рӯйирости довталаб нобахшиданист. Салоҳ он аст, ки ишорае ба довталаб шавад, то ӯ хатои худро фаҳмад.
Хуб  аст,  ки  довталаб  новобаста  аз  савияи  дониш  ва  асарҳои хондааш, на камтар аз 30 дақиқа ба саволҳои ҳакамон ҷавоб диҳад. Зеро  дар  банди  2-и  Низомномаи озмун қайд шудааст: «Озмун бо мақсади  баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи  зеҳнӣ, дарёфти  чеҳраҳои нави  суханвару сухандон, арҷ гузоштан  ба  арзишҳои  миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар… доир мегардад». Ин амалро танҳо ҳаками доно хуб анҷом дода метавонад.
Дуруст, ки довталаб аз рӯйи асарҳои хондааш пурсида мешавад,  лекин надонистану нахондани асарҳои беҳтарин ва машҳури адабиёти муосир ва ҷаҳон айб аст, зеро дар банди 31-и Низомнома таъкид  шудааст: «Дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудани номгӯи асарҳо, мукаммал набудани матни шеъру достонҳо ва ё изофанависӣ намудани  миқдори матнҳои азбаркардашуда, номгӯи асарҳо ва шеърҳо холи довталаб кам карда мешавад». Аз ин сабаб довталаби адабиёти  кӯдакону наврасон ва  осори  шифоҳӣ  (синфҳои  5-11) «Сайёҳи  Ҳинд»-и  Мирзо  Турсунзода, «Тобистон»-и Пӯлод Толис, қиссаҳои  фантастикии  Абдумалик Баҳорӣ «Занбӯри айнакдор», «Аҷоиботи Нодар»,  «Бозгашт», «Саргузашти  Собир»-и  Сотим  Улуғзода,  силсилақиссаҳои Аминҷон  Шукӯҳӣ «Об аз куҷо меояд?», «Робинзон Крузо»-и Даниел Дэфо,  «Саргузашти  барон  Мюнҳаузен»,  «Маугли»-и Р.  Киплингро  мутолиа  накарда бошад, холи баланд гирифта наметавонад. Довталаби  номинатсияи  адабиёти классикии  тоҷик «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чаҳор  дар-веш»,  «Ҳазору  як  шаб»,  «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Ше-рак», «Сафарнома»-и  Носири Хусрав, «Қобуснома»-и Унсур-ул-маолии  Кайковус, «Гулистон»-и Саъдии  Шерозӣ,  «Баҳористон»-и Абдураҳмони  Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Ахлоқи  Муҳсинӣ»-и Ҳусайн  Воизи  Кошифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и  Аҳмади Дониш ва ғайраро бояд донад.
Ҳамчунин, шарт  нест,  ки ҳайати  ҳакамон  фақат  аз  адибон ва  адабиётшиносон иборат бошад. Имрӯз ошкор шуд, ки баъзе  довталабони  ғолибшуда  дар дарки мазмуни китоб ва дарёфти ҳикмати он аз эҷодкорон кам нестанд. Ҳама аз донишу суханронии барандаи  Шоҳҷоизаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020  Раъно  Наҷмиддинова  хабар доранд.  Ин  духтараки  хушзеҳн ибрати  ҳамагон  буду ҳаст ва алҳол донишҷӯи  Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон  мебошад. Омӯзгори  забон  ва  адабиёти  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  рақами  61-и  ноҳияи  Ашт Фирӯза Мираҳмадова  соли  гузашта  ғолиби  номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон  ва осори шифоҳӣ буд… Раъною Фирӯза ва мисли онҳо чанд нафари дигар метавонанд ба  ҳайати  ҳакамон шомил шаванд.  Маълум,  ки  дар вилоятҳои  Суғд  ва  Хатлон  мисли Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода ва Азизи Азиз адиби маълуму  машҳури  бачаҳо  нест. Пас,  ҳангоми  баргузории  даври сеюми  озмун  ба  Хуҷанд  даъват кардани  Фирӯза  Мираҳмадова айни муддаост.
Саломномаҳо. Довталаб кӯшиш мекунад, ки ба ҳакамон  аз нахустин  лаҳзаи  ба  саҳна  баромаданаш  таъсири  хуб  гузорад. Вай  ин  амалро  бештар бо  хондани  2-6  мисраъ,  салому  дуруди дароз,  арзи  сипосу  қаноатмандӣ аз  ташкилдиҳандагону  ҳакамон ва  ниҳоят,  муаррифии  худ  анҷом медиҳад.  Ин  кори  бад  нест,  вале довталаб  ҳам  якто  нест  ва ӯ ҳамагӣ ним соат дар пешорӯйи ҳакамон қарор дорад.  Мутаассифона, «саломнома»-ҳо якрангу обшустаанд ва  гоҳо  3-5  дақиқа давом мекунад.  Беҳтар  аст,  ки довталаб  ба  саҳна омада,  баъди салом,  ному  насаб, муассисаю коргоҳашро  баён намояд,  чунки пас  аз  ҷавоб  додан ба саволҳои ҳакамон ӯро одатан кормандони Садою Симо ва нашрияҳо пешвоз гирифта, таассуроташро пурсон мешаванд. Дар ин вақт ӯ озодтар аст ва метавонад, ҳар чи гӯяд, аз ҷумла, ҳамон шеъру  арзи  сипосашро иброз намояд.
Ифтихориҳо. Нисфи довталабоне, ки дар даври 3 ва 4 иштирок менамоянд, ба гурӯҳи, ба истилоҳ, «ифтихориҳо»  шомиланд.  Дуруст,  ки  онҳо босавод ва воқеан, китобхонанд, вагарна дар озмун ширкат  намеварзиданд, аммо дар даври  дуюм  ва  сеюм  ҷой  нагирифтаанд. Пас, ба даври чорум фиристодани ифтихориҳо вайрон кардани шарти  Низомномаи  озмун аст.
Ҳакамон  ва  масъулони озмуни даври сеюм ҳамеша фаромӯш ё  дидаву дониста сарфи назар мекунанд, ки ба даври чорум танҳо  ғолибон роҳхат мегиранд. Ва ҳакамони даври чорум ар сол аз гурӯҳи  ифтихориҳо шикоят мекунанд, онҳо кори озмун ва ҷамъбасти онро мушкил мегардонанд.
Хуб,  ифтихориҳо  ба  даври чорум  чӣ  хел  роҳ  меёбанд?  Маълум, ки кори ҳакамони даври вилоятию  минтақавӣ  қаноатбахш нест.  Баъди  муайян намудани ғолибон  илтимосу таваллои хешованд, ашхоси  мансабдор, шиносу бародарон ҳакамонро водор менамояд,  ки  ба  қавле,  гузашт кунанду  чашм  пӯшанд  ва  ба  хотири наранҷонидани онҳо, «рӯйи одам  –  гарм» гуфта,  рӯйихати ифтихориҳоро  тартиб  медиҳанд. Ҳол он ки дар банди 15-и Низомнома  таъкид шудааст: «…Шумораи ғолибони даври сеюми озмун, ки  ба  даври  чорум  пешниҳод  мешаванд,  аз  ҳар як  номинатсия  ва гурӯҳ набояд аз 5 нафар зиёд бошад». Барои мисол, аз номинатсияи адабиёти муосир аз вилоят ва минтақаҳо танҳо 95 нафар бояд пешниҳод шаванд. Аммо ҳар сол мушоҳида мекунем, ки 40-50 нафар ифтихориҳо низ ба Душанбе меоянд. Имсол ба даври 3-юми озмун дар вилояти Хатлон 4984 нафар пешниҳод шудаанд! Ин чанд маротиба зиёд аст! Гумон меравад, ки тамоми иштирокчиёни даври дуюм ба даври сеюм роҳ ёфтаанд…
Баъзе волидон шикоят мекунанд, ки дар даври 2 ва 3 тақаллуб ҷой дорад…
Дафтари довталаб. Дар банди 30-и Низомнома қайд шудааст: «Дар даври чоруми озмун иштирокчӣ шарҳи ҳоли мухтасари худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (нусхаи чопӣ ё дастнависи ашъори азёдкардашуда ва мазмуни мухтасари асарҳои мутолиакардаашро бо зикри муаллиф ва номи асар) бо гузоштани имзо ба комиссияи озмун ба таври ҳатмӣ пешниҳод менамояд (рӯйхати матнҳо ва асарҳои азбаршуда дар се нусха ба даври чорум пешниҳод карда мешавад)…» Мутаассифона, ҳар довталаб ин амалро ҳар гуна анҷом медиҳад. Шакл ва тартиби ягонаи тартиб додану пешниҳод намудани дафтари довталаб риоя намешавад. Як дафтар аз 500 саҳифа иборат асту дафтари довталаби дигар аз 1000 саҳифа. Баъзеҳо рӯйихати асарҳои мутолианамуда ва шеъри азёдкардаашонро дар аввал, ё мобайн, ё охири саҳифа, гоҳо тамоман парешон пешниҳод мекунанд. Ин кори  ҳакамонро  душвор  мегардонад.  Ҳангоми  аз назар гузаронидани дафтари довталаб ҳакамон ба сабаби кам будани фурсат саросема ҳам мешаванд.
Тарз ва шакли дурусти дафтари довталаб чунин бошад, беҳтар аст: рақами тартибӣ, номи асар, муаллиф. Агарчи дар Низомнома қайд шудааст, ки нусхаи чопӣ ё дастнависи ашъори азёдкардашуда ва мазмуни мухтасари асарҳои мутолиакардаашро дар дафтари хонанда оварда  шавад,  гумон  мекунам,  ки  иҷрои  талаботи  ин банди Низомнома, яъне овардани мазмуни мухтасари асар ва зикри қаҳрамонони он дар як дафтар кифоя аст, то довталаб аз ташвиш ва харҷи зиёд озод шавад. Бе ин ҳам ҳакамон асарҳои мутолианамудаи довталабонро медонанд ва бояд донанд! Масалан, шеъри машҳури Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар «Ман калон мешавам» ё «Бибиҷонам меояд»-и Гулчеҳра Сулаймониро пурра овардан чӣ зарурат дорад?! Бори дигар таъкид мекунем, ки ин ҳама кори довталабро душвор мегардонаду вақти беҳуда талаб мекунад.  Харҷи тартиб додану чопи дафтари махсус, гумон мекунам, аз ҳазор сомонӣ зиёдтар мешавад.
Ба ҳакамон пешниҳоди фақат рӯйихати асарҳои мутолиа ва азёдшуда дар се нусха кифоя аст. Бигузор, довталаб  мазмуни  мухтасари  асар  ва  шеъру  латифаю чистонҳои  азёдкардаашро  барои  худ  дар  як  дафтар ҷамъ оварад ва агар ягон асар барои ҳакамон нав бошаду нохонда, дафтари хусусии довталабро талабнамуда, саволҳо диҳанд.
Пахши телевизионӣ. Дар  банди  16-и  озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст» таъкид  шудааст:  «Ҷараёни  баргузории  даврҳои  якум, дуюм, сеюм  ва  чоруми озмун  тавассути  шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш карда мешавад». Мутаассифона, соли гузашта чунин нашуд ва ин боиси гапу калочаю миш-миши мардум гардид. Аз ҷумла, гуфтанд, ки дар ҷараёни озмун тақаллуб ҷой дошт ва аз тариқи телевизион ба он сабаб пурра инъикос ва пахш нашуд, ки айби ҳакамон ва нозирони озмун ошкор нагардад.
Албатта, чунин нест ва нахоҳад шуд, вале барои он ки гап зиёд нашавад ва озмун шаффоф баргузор гардад, пахши телевизионии он шарт аст.
Мо медонем, ки даври чоруми озмунро қариб тамоми аҳолии кишвар тамошо мекунанд, балки баҳо ҳам медиҳанд. Тарафи бегоҳ аҳли хонадон пеши оинаи нилгун қарор мегиранд ва ҳангоме ки як хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё донишҷӯйи мактаби олӣ ба саволҳои ҳакамон дурусту бурро ҷавоб мегӯяд, чанд ҳазор байт аз ёд медонад, 500-1000 асар мутолиа кардааст, падару модару бобою бибиҳо ӯро барои фарзанду наберагонашон намуна пешниҳод менамоянд ва муқаррар мегӯянд:
– Дидӣ, писарам?! Дар олам ин хел фарзандон ҳам ҳастанд. Раҳмат ба падару модарашон!
Дар ҳузури падару  модар  сарбаланду  мағрур  ба саволҳои  ҳакамон  ҷавоб  додани  довталаб  тамоми ҳамсолонашро ба номус хоҳад овард…
Ва ниҳоят, довталаби ғолиб ифтихори танҳо падару модару омӯзгораш нест, ифтихори Тоҷикистон ҳам ҳаст.
Мувофиқи нақша, даври  сеюми  озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» рӯзҳои 17-27 октябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад ва раёсату шуъбаҳои маориф, бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, ҳамчунин комиссияи озмун, ки бо амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, масъули ташкил ва баргузории озмунанд, тамоми чораҳоро бояд бубинанд, то ин маъракаи муҳим дар сатҳи баланд баргузору ҷамъбаст гардад.