РОҲБАРЕ, КИ БАРОИ МАРДУМАШ ҶОНАШРО ДАРЕҒ НАМЕДОРАД

 

Владимир  ПУТИН,  Президенти Федератсияи Россия:
-Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни  сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро  ишғол  мекунад. Ин беҳуда нест. Тасмими ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ  як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар.

Аҳмадшоҳи МАСЪУД, Қаҳрамони миллии Афғонистон:
-Ман имрӯз Роҳбари кишвари шуморо  дидам,  ки  ҷон  ба  кафи даст, зери тиру тӯп, барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад,  қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин  роҳбари  ғамхор надоштаем.

Си  ҶИН  ПИН,  Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой:
-Шумо пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар  суботи  сиёсӣ,  рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум таъмин  гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад.

Шавкат  МИРЗИЁЕВ,  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
-Мо шуморо ҳамчун  ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии замонамон,  фарзанди соҳибэҳтиром, ватандӯст ва пешвои  асили  мардуми бародари тоҷик мешиносем ва беандоза эҳтиром мекунем. Шумо ба сифати  Президенти Тоҷикистон бо  меҳнати  бисёрсолаи  пурсамар  ва таҷрибаи  ғании идораи корҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди босуръати кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ва таҳкими пайвастаи  обрӯву  нуфузи  онро  дар арсаи байналмилалӣ  ба  уҳда  доред.

Александр  ЛУКАШЕНКО, Президенти Ҷумҳурии Беларус:
-Ҳар кишваре равам, зодгоҳи Президенташро дидан мехоҳам. Аз чӣ  бошад,  намедонам. Ана, ман дар зодгоҳи Президенти шумо, дӯсти  азизи  ман ва халқи ман Эмомалӣ Шарифович, меҳмон шудаам. Ин рӯз дар ҳаёти ман фаромӯшнашаванда аст. Вале ман  мераваму  дар  ин  кишвари офтобию афсонавӣ шумо мемонеду дӯсти азизи ман Эмомалӣ Шарифович.  Аз  ҳамаатон  бародарвор як илтиҷо, як тавалло дорам: дӯсту бародари ман Эмомалӣ Шарифовичро эҳтиёт кунед, азизу  арҷманд  доред! Охир, барои халқҳои  тоҷику беларус ӯ бисёр лозим аст!

Расул  ҒАМЗАТОВ,  Шоири халқии Доғистон:
-Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз  сулҳ  дар Тоҷикистон  ниҳоят мамнунам. Инсони  боҷасорату хирадманд  Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад.

Илҳом  АЛИЕВ,  Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон:
-Имрӯзҳо Тоҷикистони дӯст таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳкими  давлатдорӣ, пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёдкории фарҳангӣ  дилпурона қадам гузошта, ба диёри шукуфон табдил ёфтааст ва дар арсаи байналмилалӣ  соҳиби  мақому манзалат гардидааст.