БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД Чанд сухан оид ба террористӣ эътироф шудани ТТЭ ҲНИ дар Россия

14 сентябри соли ҷорӣ Додгоҳи олии Федератсияи Россия дархости Додситони кулли он кишварро қонеъ карда, ТТЭ ҲНИ-ро созмони мамнуъ ва террористӣ эътироф намуд. Чун ҳамешагӣ раҳбарияти ТТЭ ҲНИ, ки чанд соли охир дар хориҷ аз кишвар таҳти пуштибонии мафкуравию молиявии доираҳои манфиатдори хориҷӣ ба парокандани иғвою даъво ва ҳангомаю воҳимаҳо машғул аст, пас аз судури Қарори додгоҳи олии Россия дасту по хӯрда, таъҷилан изҳоротеро пахшу нашр кард, ки худсафедкуние беш нест.
Дар изҳороти мазкур саркардагони  наҳзатӣ бо густохии  ба  худ хос  қарори додгоҳи олии Россия дар бораи террористӣ шинохтани ТТЭ  ҲНИ ва мамнуъ донистани фаъолияти онро беасос, сирф сиёсӣ ва  бемасъулиятона  арзёбӣ  кардаанд,  ки  амалест  манфур.  Албатта, аламу  ғуссаи  ташкилоти  террористии  наҳзатиро  фаҳмидан  мумкин аст,  чаро  ки ба ном нухбагони наҳзатӣ дар нишасту маҳфилҳо ва диду  боздидҳояшон  аз  он  изҳори ифтихор мекарданд, ки фаъолияти нарму  муътадили созмони ифротгаро ва террористии онҳо мадди назари  созмонҳо ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ қарор дорад.
Аммо бар  хилофи  пешбинию хушбиниҳои  раҳбарияти  фирории  наҳзатӣ  Додгоҳи  олии Россия дар заминаи дархости додситонии кулли кишвар ҳалномаи дуруст ва мантиқиро қабул кард. Он чи ки саркардагони наҳзатӣ дар  қолиби изҳорот  пахш  карданд,  чизе  ҷуз ҳангомаи навбатӣ ва  сафсатаи лаҳзавӣ нест.
 Дар айни замон, саркардагони фирории  наҳзатӣ  хуб  медонанд,  ки қабл аз  судури  қарори додгоҳи олии Федератсияи Россия дар  робита  бо террористӣ эътироф шудани ТТЭ ҲНИ сохтори минтақавии  зиддитеррористии Созмони  Ҳамкориҳои  Шанхай  29 январи  соли  2016,  дар  мувофиқа бо  Феҳристи  ягонаи  созмонҳои террористӣ,  экстремистӣ  ва ҷудоихоҳ,  ки фаъолияташон  дар қаламрави  давлатҳои  узви  СҲШ манъ аст, таҳти рақами 79 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ шомил намуда буд. СҲШ усулан ҳамчун ниҳоди тавонои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ 8 кишвари бузурги ҷаҳониро бо шумули 3,3 млрд аҳолӣ дар бар мегирад ва аз  ҷониби  ин созмони бонуфузи  ҷаҳонӣ  ба  сифати  ташкилоти террористӣ  эътироф  шудани  ТТЭ ҲНИ  маънои  ба  воқеият  гироиш пайдо кардани ниме аз давлатмардон  ва  ҷомеаи  ҷаҳониро  далолат мекунад.
Ба дунболи ин, СПАД (Созмони Паймони  Амнияти  Дастаҷамъӣ) ТТЭ ҲНИ-ро ба сифати ташкилоти террористӣ эътироф намуд, ҳамчунин, вазири давлатии  умури хориҷии Ҳиндустон, ҷаноби М.Ҷ.Шри Акбар 4  майи  соли 2018 дар доираи  Конфронси  байналмилалии  сатҳи  баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушуноматомез  бар асоси мадорики зарурӣ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  рафъи хатар – сари вақт аз саҳнаи сиёсӣ берун кашидани гурӯҳҳои ифротгаро, хусусан, ТТЭ ҲНИ пирӯз шудааст. Хатарро, қабл аз ҳама, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон дар ТТЭ ҲНИ эҳсос  карда,  тазаккур  дода буд, ки ин созмони террористӣ на танҳо ба Тоҷикистон,  балки  ба кулли минтақа, минҷумла,  Осиёи Марказӣ  таҳдиди  ҷиддӣ  мебошад. Ин  аст, ки тасмимоти мақомоти олии  додгоҳии  Россия  саривақтӣ, асоснок,  мудаллал  ва  амри  замонию  маконӣ буда, маънии барқарории адолатро дорад.
Бо он ки саркардагони наҳзатӣ як лоиҳаи хориҷӣ будани  ташкилоти худ ва “саҳм”-и бевосита доштан дар аланга гирифтани ҷанги ҳамватанӣ  дар  Тоҷикистонро ҳаргиз  эътироф  накарда  ва  намекунанд, аммо воқеият ва далелҳои мувассақ баёноти  дигареро  манзур  месозанд.  Аз ҷумла, масъалаи мавриди истифода ва сӯйистифода қарор  гирифтани  насли  ҷавони рӯҳониёни  исломии  вақт  ва  дар қолаби  созмони  сиёсие  ба  номи ТТЭ  ҲНИ  ғунҷонидани  онҳо аз  ҷониби  муҷриёни  тарҳҳои геополитикӣ  ва  хадамоти  махсуси хориҷӣ,  дақиқан  аз  охири  солҳои ҳафтодуми  садаи  бистум  ошкор мегардад.
Тавре ки маълум аст, ҳадафи ба майдон  овардани  неруҳои  тундгарои  исломӣ  ва  дар  як  созмон гирдоварӣ намудани  онҳо  танҳо роҳандозӣ  кардани  ноамнию бесуботӣ  дар минтақаҳо  будааст. Ноамнию  бесуботӣ  фоҷиаҳои  бузургро  тавлид  мекунанд ва мардумро ба вартаи қашшоқӣ, маргумир ва шикасти равонию фикрӣ мекашонад, ки оқибатҳои онро мо бо чашми сар дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дидем.
Агар  саҳифаҳои  таърихи  муосири  ватаниро  дар  охири  солҳои ҳаштод ва ибтидои  навадум варақгардон намоем, бидуни мушкил  маълум мегардад, ки наҳзат (манзур ТТЭ ҲНИ аст), бо такя ба пуштувонаҳои хориҷӣ дар минтақа даргириҳоро доман зад ва сабабгори бурузи ҷанги  шаҳрвандӣ  ва фоҷиаи хашини иллӣ дар ҷумҳурӣ шуд. Муноқишоти  бемаънӣ  минбаъд ба даргириҳо ва билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ бадал гашт.
Дар  натиҷаи даргириҳо, аз панҷуним  миллион  аҳолии  кишвар,  тибқи  маълумотҳои  гуногун, бештар аз саду панҷоҳ ҳазор нафар ҳалок  гардид.  Тақрибан  ҳафтяки қисми  сокинони  ҷумҳурӣ  иҷборан тарки  хонаю  ватан  намуда,  ба кишварҳои  Афғонистон,  Покистон, Россия ва дигар мамлакатҳои ИДМ  паноҳанда  шуданд.  ТТЭ ҲНИ ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллату халқ кӯшиш накарда ва намекунад ва дар маҷмуъ, ягон созмони динӣ ва мазҳабӣ, ки даъвии сиёсӣ менамояд,  ба  халқ  ва  мардум  вафодор нест.  Баръакс,  созмонҳои  динӣ  ба хотири комфорти сиёсию иҷтимоӣ халқ  ва  дини  онро  ҳамчун  васила ва абзори расидан ба қудрат истифода мекунанд. Ин ҳақиқатест, ки дар адёни хусусияти муташаккилидошта, минҷумла, исломи сиёсӣ ба мушоҳида мерасад.
Бинобар  ин,  нозидани наҳзатиҳо  аз  як  чунин  созмони  динӣ,  ки  ботинан бар мабнои қавонини шахшудаи исломӣ сохта шудааст,  хандадор  аст.  Набояд аз  ёд  баровард,  ки  дар  ҳаводиси даҳшатбори  ибтидои  солҳои  навадум  нақши  созмони  наҳзатӣ  ва сардамдорони  он  «калидӣ»  аст. Маҳз  он  гурӯҳи  ҷаҳолатписанд ҷомеаи тоҷикро ба бозии маргбор кашид  ва бо сӯйистифода аз дин ва  эҳсосоти  мазҳабии  мардум  балои ҷонгудозеро сари ҷомеа овард, ки  онро  ба  ҷуз  фоҷиаи  миллию мардумӣ чизи дигаре наметавон гуфт.
Дар раванди кашмакашу низоъҳои ибтидои солҳои навадуми садаи  бист зиёиёну донишмандоне, ки  ботину  зоҳири наҳзатро мешинохтанд, мавриди таҳқиру такфир карор  мегирифтанд ва такфиру таҳқир ба сифати  мероси вақти  наҳзатӣ  имрӯз  ҳам дар симои наҳзатмаслакони дохилӣ  ва берунӣ  ҳувайдост. Мубориза бар зидди  донишмандону  зиёиён (шоирону нависандагон, муаллимон, табибон, муҳандисон, олимон  ва амсоли  инҳо),  ки  ҷаҳлу  таассуби наҳзатиро интиқод мекарданд ва ҳамчун шахсиятҳои калидӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ нуфуз доштанд, ҳадафи стратегии наҳзатӣ буд (агарчи имрӯз наҳзат нуфуз надорад, аммо мубориза бо равшанфикронро сарҳадафи муқовиматҳои сиёсиаш дар хориҷ мешиносад). Қатлу  куштору  қишри  зиёиёни асил ва зулму тааддии онҳо тарсро дар ҷомеа ба вуҷуд овард ва тарси наҳзатӣ  як  навъ террори фикрию равонӣ  буд.  Ин тарс ва террор ҷангу даргириҳоро дар  ҷануб  ва маркази Тоҷикистон доман зад.
Аз ин ҷост, ки ТТЭ ҲНИ ба унвони ташаббускор ва  муҳаррики асосии  ҷанги  шаҳрвандӣ  дар Тоҷикистон шинохта мешавад. Дар ҳар варақи китоби таърихи миллӣ дар  садаи  бистум  «қаҳрамонӣ»-и наҳзатӣ  дарҷ  ёфтааст  ва  онро  наметавон  бо  музахрафоте  чанд,  ки дар  қолиби  мақолоту мутолиботу мусоҳиботу гузоришоту баёноту изҳорот  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ интишор меёбанд, таҳриф  кард.  Мақоли  мардумӣ  ин ҳолатро, «Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест» тасвир мекунад.
Солҳост, ки  аз  тариқи шабакаҳои  расмии  телевизионӣ барномаҳои  зиёде  пахш  шуда, ба  масъалаи  терроризми  динӣ-мазҳабӣ  (дар  симои  як  идда  дастандаркорони ТТЭ ҲНИ) ва пуштибонони  пасипардагии  он ихтисос ёфта, ҳангомаю иғвогариҳои расонаии раҳбарияти  наҳзатиро, ки тайи солиёни охир ҳамарӯза дар сомонаҳои  марбут  ба  ин  созмони тахрибкор  мунташир  мегарданд, бо  далелҳои  шайъӣ  фош  менамоянд.
Аз  ҷумла,  дар доираи  барномаи 45-дақиқагии  телевизионӣ, ки  8  августи  соли  2017  аз тариқи  шабакаҳои  расмии телевизионӣ  пахш  гардида  буд, муҷримони наҳзатӣ ва ба истилоҳ, «қаҳрамонон»-и  намоишномаи телевизионӣ ошкоро аз ҳузури бевоситаи раёсати  ташкилоти наҳзатӣ  ва  ҳомиёни  пасипардагии он  дар  ибтидои  солҳои  навад  сухан дар миён оварда, бар он ишора намуданд, ки дар таъсис додан, тамринҳои саривақтӣ гузаронидан ва  билохира ба марҳилаи  ниҳойӣ расонидани  гурӯҳҳои  вежаи тахрибкорӣ-диверсионӣ  гурӯҳҳои алоҳида аз ҳисоби раҳбарияти вақти ТТЭ ҲНИ даст доштанд. Абдуқодир  Абдуллоев,  мулаққаб ба «Рустами Норакӣ”, Тағоймурод Ашрапов,  мулаққаб  ба  «Алӣ”  ва Саймуҳриддин Қудратов, мулаққаб ба «Авлиё” ва «Эшон” дар барномаи  телевизионии  мазкур  сареҳан иқрор карданд, ки қатли ҳарбиёни дивизияи  201-и  Федератсияи  Россия  ва  кушторҳои  шахсиятҳои варзидаи  сиёсӣ,  фикрӣ,  илмӣ, адабӣ, динӣ ва фарҳангии тоҷик, аз қабили Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ,  Муҳаммад  Осимӣ,  Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, муфтии  собиқ  Фатҳуллохон  Шарифзодаро бо супориши саркардаи ТТЭ ҲНИ ва узви он Ҳоҷӣ Ҳалим анҷом додаанд.
Ба ин минвол, куштори журналистони маъруф Муродалӣ  Шерализода, Муҳиддин  Олимпур,  Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин ва Сергей Ситковский бар  дӯши  сардамдорони ТТЭ ҲНИ ва фармоишгари асосии он Абдуҳалим Назарзода мебошад.
Террорҳои  наҳзатӣ,  ғолибан ба  хотири  парокандани  тарс  ва саранҷом  дар  ҷомеа  тасаллут  бахшидани  ноамнию бесуботӣ анҷом дода шуданд. Терроризми динӣ-мазҳабӣ хашинтарин навъи терроризми байналмилалӣ аст ва ТТЭ ҲНИ дар ҳошияи ин навъи террор ба арбобони сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва  журналистони миллӣ бархӯрд кардааст. Дар ин росто, инсони боварманд ва ғайрибоварманде, ки ба ғояҳои пӯсида ва зиддиинсонии ТТЭ ҲНИ розӣ набуда, вокунишу аксуламал нишон додааст, аз назари фикрӣ ва физикӣ террор шудааст. Тавассути афкандани ҳарос ва парокандани  он  дар  миёни  ҷомеа авомуннос  таҳти  тасаллут  карор мегирад  ва  аз  тариқи  фишорҳои равонӣ,  ахлоқӣ,  фикрӣ,  идеологӣ назорат мешавад.
 Бояд тазаккур  дод,  ки  баъзе доираҳои  сиёсию  истихборотӣ ва  созмонҳои  байналмилалӣ имрӯз  ҳам  даст  аз  фаъол  сохтани гурӯҳҳои  тахрибкори  наҳзатӣ  дар дохили  мамлакат  барнадоштаанд. Мақомоти  марбутаи давлатӣ  нафарони зиёдеро боздошт кардаанд, ки  аз  сӯйи  созмонҳои  иттилоотии кишварҳои  хориҷӣ  сармоягузорӣ шуда,  барои  худкифо шудан  ва баъдан ба амалиёти диверсионӣ даст задани  гурӯҳҳои махсуси наҳзатӣ маблағҳои зарурӣ интиқол додаанд.
Аз шаҳодати  қаблан боздоштшудаҳо Баҳриддин Қурбонов, Муҳаммадӣ Соҳибназаров  ва Асрориддин Розиқов (писари яке аз саркардагони ташкилоти  террористию экстремистии  наҳзати  исломӣ Зубайдуллоҳи  Розиқ,  ки  барои ҳамдастӣ  дар  тарҳи  балвои  сентябрии  А.  Назарзода  боздошт  ва зиндонӣ шудааст) бармеояд, ки сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ тавассути гумоштаҳои худ (аз ҷумла, тавассути Биҳиштӣ Соҳибназаров, Исломиддин Розиқов) барои роҳандозӣ кардани барномаҳои ҷадиди тахрибкорӣ-диверсионӣ дар минтақа маблағҳои зарурӣ ирсол кардаанд.
Сармоягузории  наҳзатӣ ва доираҳои ба он  наздик  дар ҳаводиси ахири Бадахшон  низ ба хубӣ ба мушоҳида  мерасад  ва ба гурӯҳҳои ҷиноятии минтақавӣ борҳо маблағҳои калони пулӣ ҷиҳати роҳандозӣ кардани барномаҳои  махсус  ҷудо  шудааст. Ин аст, ки наҳзат имрӯз ҳам даст аз терроризму тахрибкорӣ  барнадоштааст ва аз тамоми имконот ва бахусус, сармоягузориҳои  хориҷӣ истифода мебарад, то ин ки авзоъро ноором сохта, амнияту суботро ба ҳам бизанад.
Ҳамин тариқа, наҳзат ва сармоягузорони  минтақавию хориҷии  он  барои  ноором  сохтани авзоъ ва аз ин тариқ дар ҳолати карахтии  фикрию  равонӣ  қарор додани  мардум  ҳар  гуна  тарҳҳоро роҳандозӣ карда, аҳдофи  нопокро дунбол  карда  ва  мекунанд.  Махсусан, имрӯз, ки созмони наҳзати исломӣ аз тариқи олитарин ниҳоди ҳуқуқӣ —  Додгоҳи  олии Россия террористӣ ва мамнуъ эълом шуд, дуди оҳи саркардагонаш ба осмон печид.
Акнун барои наҳзатиёни ифротӣ, ки дар қаламрави Россия фаъолият мекунанд, душвор хоҳад шуд, зеро ки онҳо дигар ҳаққи иғвогарию ҳангомасозӣ дар заминаи ақоиди пӯсидаи ифротгароёна карданро надошта, ба даъвиҳои бебаркаши саркардагони худ лаббайк гуфта наметавонанд. Аз ин ҷост, ки ҳар кӣ, махсусан баъзе муҳоҷирони ноогоҳ агар дар баробари музахрафоти наҳзатӣ ва  доираҳои  ба он  наздик  дар қаламрави  Россия пуштибонӣ мекунанд,  ба лиҳози қонунӣ муҷозот мешаванд.
Бинобар ин, муҳоҷирони меҳнатӣ набояд қонунгузории Россияро  сарфи назар кунанд ва ихтиёран ва ғайриихтиёр ба гирдоби гумроҳӣ  афтида, саранҷом ҷазо бигиранд. Ба ин маъно, муҳоҷирони меҳнатӣ, иттиҳодияву ташкилот ва диаспораҳои миллие, ки дар қаламрави  Федератсияи Россия  кору  фаъолият  мекунанд, муваззафанд, қавонини он кишвар ва аз ҷумла,  қарори  додгоҳи  олии Россияро  риоят  намоянд.  Зеро нодидагирӣ ва сарфиназарсозии қавонини мавҷудаи он кишвар паёмадҳои номатлуб хоҳад дошт.

А. РАҲМОНЗОДА,
номзади илмҳои сиёсӣ