ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ

Мавлоно  Ҷалолиддини  Балхӣ  яке  аз  чеҳраҳои дурахшони  адаби  форсу  тоҷик  маҳсуб  ёфта, бо  эҷоди  асарҳои  мондагору  омӯзанда  дар  дили  мардуми  олам  маскан  гирифтааст.  Имрӯз  дар  кишварҳои олам асарҳои ӯро гаштаю  баргашта  мехо-нанд  ва  ба  андешаҳои ҳакимонаю  ахлоқияш арҷ  мегузоранд.  Ба таъкиди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии  ӯро  дар  тамоми олам  бо  завқу  шавқи беандоза  чи пиру ҷавон,  чи  марду  чи  зан,  новобаста  аз  дину  мазҳаб  ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд”.

Бояд гуфт, ки сабаби асосии ба эҷодиёти Мавлоно рӯ овардани  мардуми  зиёде  дар  кишварҳои  гуногуни  олам ба он иртибот дорад, ки дар асарҳои ӯ масоили гуногуни ҳаёти ҷомеа воқеъбинона тафсиру  тавзеҳ  ёфта,  ба ҷаҳонбинӣ  ва тафаккуру  ташаккули  шуури  ҷомеа  таъ-сири мусбат расондааст. Ҳамчунин, таълимоти  Мавлоно ҳамбаста ба зиндагии инсонҳо ҷараён ёфта, эҷодиёти ӯ зиндагӣ, андеша,  тафаккур  ва  талаботи рӯзамарраи ҷомеаро фаро мегирад. Ин омил ба вусъату  ташаккул ёфтани ирфону ақлоният ва ахлоқу иҷтимоъ дар осори Мавлоно равияи махсусро ба вуҷуд оварда, ба таълимоти фалсафии ӯ асос гузоштааст.

Бояд  гуфт, ки  Мавлоно дар  бораи  дарёфти  ҳақиқат сухан  мегӯяд,  ӯ  инсонро  ба таҳқиқи  олами ботинии  худ водор месозад. Дар эҷодиёти Мавлоно худшиносӣ, дарки ҳастии олам ва умуман, рисолати инсон дар зиндагӣ аз масъалаҳоеанд, ки то ҳол ҳам аҳамияти фалсафии худро аз  даст надодаанд. Дар баробари ин, дар  эҷодиёти Мавлоно масоили ахлоқ ва тарбияи инсони шоиста дар меҳвар қарор дорад. Инъикоси ин  андеша дар асарҳои манзуму мансури  Ҷалолиддини  Балхӣ  бо  овардани масалу ҳикоятҳои воқеӣ ба тарбия ва худшиносии инсонҳо нигаронида шудааст. Маълум мегардад, ки дар эҷодиёти шоир ба масъалаи одамият ва шинохти маърифати олам ҳамеша таъкид шуда, ӯ ҳамчун  инсонпарвар  ҳамдилиро аз ҳамзабонӣ бартар меҳисобад:

Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,

Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Ай басо ҳиндиву турки ҳамзабон ,

Ай басо ду турк чун бегонагон.

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Мусаллам аст, ки фарҳангу дин ва мазоҳиби мухталиф дар рӯйи олам арзи вуҷуд доранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк  намудааст,  ки  дар  он  сурат  ҷаҳон  ба пешрафтҳои чашмгир  ноил  мегардад  ва  мардумон  дар  сулҳу амонӣ зиндагӣ  мекунанд, ки ҳамдиливу ҳамбастагӣ байни фарҳангу  тамаддунҳо  ва  динҳо  ҷомеаро  боз  ҳам  бо  ҳам қарин созад.

Дар баробари ин, дар эҷодиёти Мавлоно  мавзуи сулҳу ваҳдат мавқеи асосӣ дошта, ҷавҳари таълимоти ӯро дар бар мегирад. Дар ин бора Мавлоно менигорад:

То ғилоф андар бувад, боқимат аст,

Чун бурун шуд, сӯхтанро олат аст.

Ҳамчунин, ӯ хостори сулҳу  салоҳ  ва  ҳамдиливу ҳамбастагии мардум мебошад ва хуб дарёфтааст, дар он ҷое, ки ҷангу хунрезӣ ва нооромист, наметавон зиндагии хушбахтонаро аз сар гирифт.

По тиҳӣ гаштан беҳ аст аз кафши танг,

Дарди ғурбат беҳ, ки андар хона ҷанг.

Эҷодиёти ӯ дар ҳама давру айём  дархӯри  замон  ва ормонҳои одамон мебошад ва метавон ҳар як байти ӯро сармашқи фаъолияти худ қарор дод. Ба гунаи мисол, метавон ба ин байти машҳури ӯ ишора кард:

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

Яке аз паҳлуҳои назарраси таълимоти Мавлоноро тарбияи ахлоқӣ ташкил медиҳад ва имрӯз ин афкорро ҳар як нафар, новобаста аз самти фаъолият бояд самаранок истифода кунад. Дар осори шоир  адлу  адолат бо ҳақиқат ҳаммаъниву ҳампоя аст ва дар асарҳояш роҳҳои расидан ба адлу адолат ва ҳақиқат ҷойгоҳи асосӣ ишғол мекунад.

Аз ҷумла:

Эй, ки ту аз зулм чоҳе меканӣ,

Аз барои хеш доме метанӣ.

Бар заифон гар ту зулме мекунӣ,

Дон, ки андар қаъри чоҳи бебунӣ.

***

Адл чӣ б-вад? Об деҳ ашҷорро.

Зулм чӣ б-вад? Об додан хорро.

Инчунин, дар эҷодиёти Мавлоно масъалаи шинохти худӣ дар  авлавият  қарор  дошта,  инсонро  баҳри хештаншиносӣ  водор  мекунад,  хуб  ҳам  дарёфтааст,  он касе,  ки  худро  намешиносад,  наметавонад,  ки  ҷаҳонро маърифат бикунад ва мустақилу озодандеш бошад:

Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар,

Мангар аз чашми сафеҳе бехабар.

Дар воқеъ,  асарҳои  мутафаккири  барҷастаи  тоҷику форс  Мавлоно  Ҷалолиддини  Балхӣ  барои  тамоми  аҳли башарият эҷод шудааст ва ҳар ҳар яки моро ба роҳи дурусту шинохти худӣ, дарки вазъияти замон ва расидан ба дараҷаи олии башардӯстӣ роҳнамоӣ мекунанд.

Шоистаи  таъкид аст,  ки китобҳои  Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар тамоми ақсои олам яке аз писандидатарин ва серхаридортарин маҳсуб меёбад.

Дар  кишвари  мо  ба  эҷодиёти  Мавлоно  аз  солҳои шастуми  асри  гузашта  таваҷҷуҳи  бештар  зоҳир карда  шуд  ва  асарҳои  ӯ  бо  теъдоди  зиёде  чоп  ва  дастраси  хонандагон  гардидаанд.  Ҳамчунин,  дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба эҷодиёти Мавлоно бештар гардид ва омӯзиши фарогири осори ӯ дар муассисаҳои таълимӣ  ба  роҳ  монда  шуд. Имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои “Мавлавихонӣ” ташкил шудааст ва дар онҳо эҷодиёти Мавлоно ҳамаҷониба омӯзонида ва 30 сентябр  Рӯзи  Мавлоно  Ҷалололиддин  Балхӣ  бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Дар баробари ин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ЮНЕСКО соли 2007 “Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалололиддини Балхӣ” (1207-1273) эълон гардида, бахшида ба таҷлили 800-умин  солгард  аз  ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  муносибати  ин  фарзанди  барӯманди тоҷик  чорабинию  симпозиум  ва ҳамоишҳои сатҳи баланд гузаронида шуд. Воқеан ҳам, асарҳои мондагори Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ «Девони Шамс», «Маҷолиси  саъба»,  «Мактубот»,  «Фиҳи  мо  фиҳи» ва «Маснавии  маънавӣ»  ҳамчун ганҷинаи нодири фарҳангии ҷаҳон дар рушду такомул ва ҷаҳонбинии инсонҳо таъсири файзбахш мерасонанд.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»