ХОТИРАИ НЕКИ УСТОД ОСИМӢ ҶОВИДОНИСТ

Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман, зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро тасдиқ намудаанд.
Мутаассифона, дар он замон аз дасти қотилони наҳзатӣ яке аз  беҳтарин фарзандони миллати тоҷик – файласуфи  забардаст,  академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми тоҷик, устод  Муҳаммад  Осимӣ  ҳам  ба қатл расонда шуд.
Террори мазкурро 27-уми июли  соли  1996  бо  супориши роҳбарияти  наҳзат саркардаи яке аз  дастаҳои  қотилони наҳзатӣ  Элмурод  Нуралиев ҳамроҳи аъзои гурӯҳ Амрулло Саидов дар долони мактаби миёнаи рақами 7-уми шаҳри Душанбе бо шеваи ниҳоят ваҳшиёна ва бераҳмона анҷом доданд.
Ҳаёту фаъолияти устод Осимӣ, ки як мактаби бузурги илму  маърифатомӯзӣ ва хизмат ба  мардум  аст,  воқеан, омӯзанда  ва  намунаи  ибрат мебошад. Ёдовар мешавем, ки давраи хурдсолию навҷавонии Муҳаммад Осимӣ ба замони мушкили таърихӣ рост омада буд. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳамеша дар  раҳи  омӯхтани илму маърифат меҳнату кӯшиш ба харҷ  дода, ҳанӯз  дар  соли 1941-ум  Донишгоҳи  давлатии Самарқандро хатм кардааст. Аз рӯзҳои нахустини оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Осимӣ  ҳамчун ватандӯсти  асил  ва  фарзанди шуҷои  тоҷик  ихтиёрӣ  ба  фронт рафта, панҷ соли ҳаёти худро ба ҳимояи Ватан бахшид. Далерию ҷонфидоии Осимӣ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зоҳир кардааст, бо ордену медалҳои «Ҷанги Ватании дараҷаи 1», «Ситораи Сурх»,  «Нишони Фахрӣ»,  «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои  Ғалаба  бар  Германия  дар Ҷанги  Бузурги  Ватании  солҳои 1941—1945»  ва  ғайра  қадрдонӣ шудаанд.
Бисёр  аламовар  аст,  ки гарчи  ин  фарзанди  фарзонаи миллат панҷ сол бар зидди фашистон  ҷангида,  саломат  ба Ватан  баргашта,  солиёни  зиёд дар  хизмати  мардум  буд,  аз дасти  ҳамватанони  разилу  палиди худ кушта шуд. Албатта, ин  амали  нангини  қотилони наҳзатӣ ҳамчун доғи сиёҳе дар таърихи  миллати  тоҷик  боқӣ монда, то кадом андоза хунхору душмани Тоҷикистон будани ин тӯдаи нобакорро нишон медиҳад.
Баъди баргаштан  аз  фронт Муҳаммад  Осимӣ  ҳаёти  худро  ба  илму  маориф  бахшида, ҳамеша дар хизмати  мардум будааст.  Солҳои 1946—1952 ба  сифати  мудири  кафедраи физика  ва  муовини  директор оид  ба  корҳои илмию таълимии Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд,  муовини директори  Донишкадаи  омӯзгории  Хуҷанд, солҳои  1952-1955  аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ,  солҳои  1956-1962 ректори  Донишгоҳи  техникии  Тоҷикистон,  соли 1962 вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1962-1965 раиси  Комитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон ва  ҷонишини  раиси  Совети  Вазирони ҶШС Тоҷикистон кор кард.  Аз соли 1965 дар вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият  мекард ва ҳамзамон вазифаи раиси Ҷамъияти тоҷикони ҷаҳон – “Пайванд”-ро бар дӯш дошт. Устод, инчунин, аз  солҳои 80-ум дар  кафедраи  фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба  номи Қ. Ҷӯраев (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) ба донишҷӯён ва аспирантон аз фанни фалсафа дарс гуфт ва зери роҳбарии  ӯ  шогирдони  зиёде рисолаҳои  номзадӣ  ва  докторӣ дифоъ намуданд.
Осимӣ  ҳамчун  ходими  сиёсӣ ва ҷамъиятӣ вакили анҷуманҳои ХХIУ, ХХV ва ХХVI-и ҲКИШ, депутати Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон  (даъвати  6),  депутати  Совети  Олии  ИҶШС (даъватҳои 7 ва 14) ва узви КМ ҲК Тоҷикистон буд.
Самтҳои  асосии  фаъолияти  илмии  Осимӣ  фалсафаи табиатшиносӣ,  таърихи фалсафа, забону адабиётро дарбар гирифта, вай муаллифи  зиёда аз 10 асар ва 250 мақолаи илмӣ мебошад. Таълифоти устодро масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлуҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла, тасвири физикии олам ва муаррифи нақши тоҷикон дар рушди  тамаддуни  ҷаҳонӣ  дарбар мегиранд.
Муҳаммад Осимӣ ҳамчун олими пуркор, омӯзгори соҳибмактаб,  ходими ҷамъиятию давлатӣ  на  танҳо дар  Тоҷикистону  собиқ Иттиҳоди  Шуравӣ, балки дар хориҷа ҳам машҳур буд ва осору таҳқиқоташ аз ҷониби доираҳои илмӣ эътироф гардида буд.
Устод  Осимӣ  дар  мавзуоти  марбут  ба  таърихи  тамаддуни  Осиёи  Марказӣ, таърихи фалсафаи тоҷик, тоҷикон дар масири таърих,  фалсафаю  методологияи  улуми табиатшиносӣ  дар  ҳамоишҳои илмии  байналмилалӣ  дар шаҳрҳои  Токио,  Деҳлӣ,  Бомбай,  Қоҳира, Париж,  Бухарест, Вена  ва  ғ. маърӯзаҳо карда, дар донишгоҳҳои Ҷавоҳирлол Неҳру, Алигарҳ (Ҳиндустон), Исломобод, Пешовар,  Панҷоб (Покистон), Вашингтон, Сиэттл, Колумбия,  Ню-Йорк  (ИМА)  ва Сорбон  (Фаронса)  баромадҳои илмӣ  намудааст.  Устод  яке  аз муаррифони илми тоҷик дар арсаи байналхалқӣ буд.
Муҳаммад  Осимӣ  солҳои зиёд  раиси  Кумитаи  омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ – комиссияи ЮНЭСКО-и Иттиҳоди Шуравӣ,  президенти Ассотсиатсияи  байналхалқии омӯзиши тамаддуни Осиёи Миёна, мушовири барномаи ЮНЭСКО оид ба омӯзиши «Роҳи абрешим» ва инчунин,  узви  хориҷии  ҳайати таҳрири  маҷаллаҳои  «Осиёи Марказӣ»  (Покистон),  «Таърихи илм» (Ҳиндустон), «Таърихи илми араб» (Донишгоҳи Ҳалаби Сурия) буд.  Устод  Осимӣ  дар ташкили  Академияи  улуми Афғонистон  фаъолона  ширкат варзид ва то поёни умр узви фахрии он буд.
Террори устод Муҳаммад Осимӣ аз  дасти  қотилони наҳзатӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки онҳо душмани миллати тоҷик, душмани илму  маърифат  ва  рушду  тараққӣ  мебошанд.
Аммо  хотираи  неки Муҳаммад  Осимӣ  ва  олимону донишмандони  дигари  тоҷик, ки  аз  дасти  ин  палидон  кушта шуданд,  абадӣ  дар  қалбҳои  мо боқӣ мемонад.

Азимҷон РАҲМОНЗОДА,
номзади илмҳои сиёсӣ