БА ДОНИШ БУВАД МАРДРО ОБРӮЙ

Башарият аз оғози ҳастии хеш ба сӯи тараққиёт майл дошт ва фатҳи ҳама гуна қуллаҳо барояш ба туфайли донишҳои андӯхтааш даст медоданд. Инсонҳо аз сарчашмаҳои гуногун дониш мегирифтанд.

Дар қарни ХХI — қарни тараққиёти технологияи информатсионӣ,   талабот ба дониш боз ҳам бештар меафзояд. Истифода аз  технологияҳои  инноватсионӣ ва донишҳои компютерӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба тараққиёти  тасаввурнопазир оварда расонд.

Инсоният аз давраҳои қадим илму  дониши андӯхтаашро рӯи сафҳа оварда, онро аз насл ба насл мерос мегузошт. Илму адаб тасаввуроти инсонро рангин сохта, нутқро равон ва ҷаҳонбинии ӯро вусъат мебахшад. Мутолиаи китоб, ташаккули фардият ва рушди маънавии ӯ мебошад.

Чунин мепиндорем, ки дар васфи китобу китобхонӣ, донишу  донишандӯзӣ  адибони  ягон миллату халқият чун шоирони тоҷик доди суханро надодаанд.

Шоирони  машҳури адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абушакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон аз дарёи маърифат дурдонаҳои маънӣ ҷуста, хуршеди безаволи донишу хирадро сурудаанд ва мақоми ҳаётбахши онро дар ҷомеаи башар нишон  додаанд.  Онҳо донишу хираду заковатро суруда, ҳама гуна хурофоту ҷаҳолатро маҳкум намуда, мардумро ба донишандӯзӣ ва равшанфикрӣ даъват менамуданд. Фирдавсии Тӯсӣ мегӯяд:

Ба дониш бувад мардро обрӯй,
Ба бедонишӣ, то тавонӣ, мапӯй.

Марди адибу хирадманд ва донишдӯсти бемисл Ибни Сино исрор меварзад, ки бартарӣ ва тавонойии инсон дар олам аз дониш аст, аз ин рӯ, чунин ақида пеш меорад: «Ҳикмату дониш мояи бартарии инсон аст».

Ҳакимон аз қадимулайём саъю кӯшиши инсонро баҳри омӯзиш аз хислату сифатҳои табии ӯ арзёбӣ намуда, онро маҳаки рушдёбии қобилияту малакаҳои ӯ эътироф сохтаанд, ки баҳри пешравӣ ва ноил шудан ба ҳама гуна дастовардҳои илмиву  амалӣ  мусоидат  хоҳад  кард.  ҷаҳонбинию тафаккури инсон мувофиқи дониши ӯст. Ҳар қадар дониши инсоне дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт бештар гардад, ҳамон қадар идроки  олам барояш амиқтар ва ҷаҳонбинии ӯ васеътар мегарданд. Дониш бе  истифодаи амалии он камарзиш аст. Ҳамбастагии донишу амал ва ҳадафи созандаи он муҳаррики пешрафту рушди ҷомеа маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди ин, маҳз илму дониш асоси ҳама гуна ихтирооту кашфиётҳост.

Дар кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистони азиз низ илму дониш қадру манзалати бузургро соҳиб аст.  Пешвои миллат ба ҷавонони тоҷик хитоб намудаанд: «Ҷавонон, қувваву дониши худро баҳри бунёдкориву ободсозии Ватани азизамон сарф намоед!».

Ин хитоби Сарвари давлатро ҷавонони донишманду заковатманди  тоҷик бояд шиори ҳаёти худ сохта, баҳри татбиқи он дар ҳаёт саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро, тавре ки мегӯянд:

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.

Муҳиба КОМИЛОВА,
номзади илмҳои биологӣ, сармуаллими
кафедраи тиббӣ-биологии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров