ОМОДАГИИ ИБТИДОИИ ҲАРБӢ МУҲИМ АСТ

Коршиносон бар он назаранд, ки донишу фаҳмиш ва маълумотнокии наврасон оид ба фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ кифоя нест. Яъне, ҷавонписарон зимни таҳсил дар муассисаи таълимӣ ба қадри кофӣ ба омӯзиши фанни ибтидоии ҳарбӣ фаро гирифта намешаванд.

Ин боис мегардад, ки пас аз хатми муассисаи таълимӣ, дар вақти  идомаи таҳсил дар макотиби олии ҳарбӣ ба мушкилӣ бархӯрд  менамоянд. Қисми дигар бошад, пас аз сафарбар шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзишро аз сифр оғоз  мекунанд. Мушкилоти асосӣ дар кам будани соатҳои дарсӣ, набудани  аёнияти таълимӣ ва дар сатҳи зарурӣ нагузаштани лагерҳои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Мушовир оид ба фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии  ҳарбии раёсати маорифи вилояти Хатлон Асомуддин Сафаров бо  тасдиқи гуфтаҳои боло изҳор дошт, ки омӯзиши омодагии ибтидоии  ҳарбӣ яке аз фанҳои муҳим маҳсуб меёбад. Аммо, боиси таассуф аст, ки омӯзиши ин фан баробари дарси таълими технологияи меҳнат ё тарбияи ҷисмонӣ ба роҳ монда шудааст. Агар мо хоҳем, ки дар самти омода намудани сарбозон ва низомиёни оянда ба мушкилӣ бархӯрд накунем, пас, моро лозим меояд, ки омӯзиши ин фанро дар муассисаҳои таълимӣ бештар намоем. Масалан, ҳадди ақал дар як ҳафта се соат омӯзиши  фанни мазкурро ташкил кардан зарур мебошад.

Тибқи барномаи таълимӣ барои хонандагони синфҳои 10 – 11  омӯзиши фанни “Омодагии ибтидоии ҳарбӣ” муайян гардидааст. Дар соли таҳсил 102 соати умумӣ ба роҳ монда шудааст, ки 34 соат ба синфи 10-ум ва 34 соат ба синфи 11-ум, инчунин, 34 соат сарҷамъии ҳарбӣ бояд доир карда шавад. Вале, нигаронии мутахассисони соҳа дар он аст, ки сарҷамъии ҳарбӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронида намешавад.

— Дар муассисаҳои таълимӣ муҳимтарин ва одитарин маълумотҳои  ҳарбӣ ба хонандагон омӯзонида мешавад, ки онро донистани ҳар як  ҷавонмард зарур мебошад. Масалан, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дигар неруҳо, омодагии тактикӣ, омодагӣ ба  оташфишонӣ (тирандозӣ), асосҳои хизмати ҳарбӣ, оинномаҳо, саф ва хусусиятҳои он, топографияи ҳарбӣ омӯзонида мешаванд, — гуфт омӯзгори фанни ибтидоии ҳарбии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №16-и ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Ҳайдар Зуҳуров. Ӯ  илова намуд, ки дар барномаи таълимии омӯзишӣ ин фан муҳимтарин мавзуъҳо ворид карда шудаанд, вале вақти омӯзиши мавзуъ кам мебошад. Яъне, ҳар як мавзуи дарсӣ бояд ба таври амаливу назариявӣ ба тафсил омӯзонида шавад. Аммо, баъзан танҳо бо гузаштани дарси назариявӣ вақт ба охир мерасад.

Хатмкардаи муассисаи таълимии №43-и ноҳияи Кӯшониён Исроил  Азизов гуфт, ки омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ барои ҳар як ҷавонписар зарур мебошад. Мутаассифона, бо сабаби набудани аёнияти  таълимӣ дарсҳоро танҳо назариявӣ мегузаштем. Дарсҳои амалиро, ки танҳо аз сафороӣ ё ягон намуд тамрине, ки бе аёният гузаштан мумкин аст, аз худ мекардему бас. Ҷолибияти дарс ҳамон вақт эҳсос мешавад, ки лавозимоти таълимӣ мавҷуд бошад ва тарзи истифодаи намуди  силоҳҳоро аз худ кунем. Дар бораи лагерҳои ҳарбӣ бошад, ҳеҷ  гуна  маълумот надорем. Яъне,  чунин  лагереро  нагузаштаем, ки давоми як  ҳафта чун сарбоз дар бошишгоҳи саҳроӣ зиндагиву тамрин карда бошем.

Ба иттилои масъулини раёсати маорифи вилояти  Хатлон,  дар  1137  адад муассисаи таълимӣ омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ ба  роҳ монда шудааст. Дар муассисаҳои таълимӣ 1082 нафар омӯзгори  фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ ба таълими хонандагон машғул  мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 677 нафарашонро маълумоти  олии омодагии ибтидоии ҳарбидошта ташкил медиҳад. Инчунин, 184  нафари омӯзгор кафедраи ҳарбии донишгоҳҳои олии мамлакатро хатм  намуда, ба толибилмони муассисаҳои таълимӣ дарси омодагии  ибтидоии ҳарбӣ меомӯзонанд. Агар ҷиддӣ таҳлил намоем, пас, дар ноҳияи Ёвон 67 нафар омӯзгори фанни мазкур дар 77 муассисаи таълимӣ  ба  таълиму  тарбияи шогирдон  машғуланд.  Аз  онҳо 40  нафарашон  бо  маълумоти олии омодагии ибтидоии ҳарбӣ фаъолият мекунанд.  Ҳамзамон, дар ноҳияи Фархор, дар 58 муассисаи таълимӣ 58 нафар омӯзгори фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ки 45 нафарашон бо  маълумоти  олии  омодагии ибтидоии ҳарбӣ мебошанд, дарс мегӯянд.

Тибқи моддаи 24 — и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар хусуси тайёрии ҳарбӣ дар  муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касб гузаронидани лагерҳои ҳарбӣ ҳатмӣ  шуморида мешавад. Дар он омадааст, ки тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар давоми ду соли охири таҳсил ҳатман бо гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ на камтар аз як маротиба дар анҷоми соли охири таҳсил сурат мегирад. Ба ин хотир, омӯзгорони ибтидоии ҳарбӣ, роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маҳаллиро зарур аст, ки дар самти риояи талаботи қонуни мазкур ва омодашавии хонандагон ба омодагии ибтидоии ҳарбӣ  мусоидат намоянд.

С. АЗИЗӢ,
«Омӯзгор»