ИФТИХОРИ ТОҶИКОН

Бо иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бахшида ба 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад.
Бо мутолиаи асари Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон», ки дар илми таърихшиносии ватанию хориҷӣ мақоми олиро сазовор аст, мо аз гузаштаи пурифтихори миллати ориёии худ, мавқеи илму тамаддуни гузаштагонамон бохабар гардида, ифтихор менамоем. Ҳар сокини мамлакатро мебояд, ки аз ин ганҷи бебаҳо баҳрабардорӣ карда, асари мазкурро сидқан мутолиа намояд. Ба ин васила аз таърихи гузаштагони худ огоҳгардаду меҳру муҳаббати худро ба ин диёри соҳибистиқлоли ҷавон афзун гардонад.
Банда довталаби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошам. Соли сеюм аст, ки дар ин чорабинӣ ширкат меварзам. Дар ҳамаи давраҳои озмун, бо вуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта таваҷҷуҳ, завқ, маҳорат, қобилияти шоёни наврасону ҷавононро дида, ба ин миллати фарҳангофару китобхону донишдӯст таҳсину таҳният мегӯям. «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки ҳанӯз солҳои 1983 ва 1985 аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда буд, китоби рӯимизии ман гардидааст.
Бе ҳеҷ муболиға ин шоҳасар шиносномаи миллати тоҷик мебошад. Онро азизу гиромӣ бояд дошт, аз хондани ҳар сатри он хулосаи амиқе ба худ бардоштан яке аз амалҳои бошарафонаи халқамон мебошад. Тасмим гирифтам, ки ин ганҷи бебаҳои таърихиро хубтар аз худ намуда, онро ба шогирдонам низ тарғиб намоям ва бо ин восита дар бедорию афзун гардидани ҳисси ватанпарастии насли ҷавон ҳисагузорӣ намоям.
«Тоҷикон» дар қатори бештар аз шашсад адабиёти илмӣ, сиёсӣ, адабӣ ва динии китобхонаам яке аз асарҳои пурарзиш мебошад.
Дар сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи арзишҳои миллӣ ва дар асоси он тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа мақсади асосӣ мебошад. Бо роҳи тарғибу пешниҳодҳо ҷашнҳои миллии мо дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудаанд. Ин аз таърихи шашҳазорсолаи халқи донишманди тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Бузургдошти «Шашмақом», «Фалак», «Наврӯз», «Меҳргон», «Сада» ва ё бино намудани Китобхонаи миллӣ барои нигоҳдории 10 миллион китоб дар Душанбешаҳр, таҷлили Рӯзи китоб, нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» дар панҷоҳ ҷилд, туҳфаи «Тоҷикон» ба ҳар хонадон боз ҳам возеҳтар маърифатпарварии халқи моро ифода менамояд.
Мақсади баргузории озмуни мазкур аз ҳаёти таърихию сиёсию фарҳангии миллат огоҳ гардидани тамоми қишри ҷомеа мебошад.
Ҷавонон, ки дар ҷомеаи мо 75 фисади аҳолиро ташкил менамоянд, меросдору ҳомии тамаддуну фарҳанги таърихи куҳан мебошанд. Аз ин рӯ, умеди онро дорем, ки бошарафона, масъулиятшиносона ба гузаштаи худ арҷгузорӣ намуда, барои шукуфоии ояндаи халқу ватанамон ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Ҳасан ТУРСУНБОЕВ,
омӯзгори коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара